Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Индонезия миёни ду кишвар чанд санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи бекор кардани раводид барои соҳибони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, ба имзо расидааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 1 август гуфт, инчунин, ёддошти тафоҳум дар бораи таълиму бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, бар зидди терроризм ва мубодилаи маълумоти молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯи пул ва маблағгузории терроризм имзо шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти хабарӣ дар Индонезия аз натиҷаҳои музокирот “изҳори қаноатмандӣ кардааст”. Ӯ афзудааст, “мувофиқаҳои дар рафти ин сафари мо ҳосилгашта боз як қадами устувор дар самти таҳкиму тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳоямон мебошанд.”
Сафари Раҳмон ба Индонезия рӯзи 31 июл шурӯъ шуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадаф аз ин сафари оқои Раҳмон ба Индонезия ба иловаи боздиди расмӣ аз ин кишвар, ҳамчунин ширкат дар 12-уми Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ гуфта шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ба ҷуз мулоқоту гуфтугӯҳо бо мақомоти Индонезия, қарор аст дар ҳошияи Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯ намояд.
Қарор аст дар ҷараёни сафари оқои Раҳмон ба Индонезия, миёни ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расад. Ин савумин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Индонезия мебошад.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 12-уми Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ дар ҳолест, ки аз чанд сол ба ин тараф мақомоти тоҷик талош доранд, ки сармояҳои кишварҳо ва муассисаҳои молии исломиро ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб намоянд.
Ба назари коршиноси тоҷик Саъдӣ Юсуфӣ, "шояд дар ин вазъияти буҳронӣ тавассути иштирок дар ин форум бо як ҳайати баландпоя, Тоҷикистон мехоҳад сармояи бештари кишварҳои исломиро ба иқтисодаш ҷалб намуда, талошҳои бештаре ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо ниҳодҳои иқтисодии исломӣ ба вижа дар бахши бонкдории исломиро ба харҷ диҳад."
Дар чорчӯби ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои исломӣ, даҳҳо лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, ҳоло чандин лоиҳаи он мавриди иҷро қарор дорад. Тоҷикистон аз соли 1996 узви Бонки исломии рушд аст ва то имрӯз бо кӯмакҳои молии ин ниҳод чандин тарҳ бо маблағи садҳо миллион доллар амалӣ шудаанд.
Тоҷикистон барои ҷалби сармояҳои кишварҳо исломӣ мизбони чандин нишасту конфронсҳо буд ва аз ҷумла дар моҳи октябри соли 2014 нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкориҳои исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар он нишаст хостори сармоягузории бештари Бонки исломии рушд дар тарҳҳои минтақавӣ шуда буд.
Аксари соҳибназарон бар ин ҳастанд, ки дар шароити феълии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ барои Тоҷикистон густариши равобиту ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои берунӣ, ба хусус кишварҳои узви СҲИ зарур аст.
Зеро ба гуфтаи онҳо 75 дарсади захоири нафти олам дар дасти кишварҳои исломӣ аст ва кишварҳои исломӣ бидуни шак метавонанд дар иқтисоди Тоҷикистон саҳми муносибе гузоранд. Аммо ба гуфтаи ин коршиносон, эҷоди шароити мусоиди сармоягузорӣ омили ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон хоҳад шуд.
Тоҷикистон соли 1992 ба узвияти Созмони ҳамкориҳои исломӣ пазируфта шудааст. Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар ҳоли ҳозир 57 узв дорад ва баъд аз Созмони Милали Муттаҳид бузургтарин созмони байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.