Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи Ваҳдат дар Бадахшон таҷлил мешавад


Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ бо сафари кории 4-рӯза ба Бадахшон биравад. Таҷлили расмии Рӯзи ваҳдат имсол дар Бадахшон бо ширкати мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла раиси ҷумҳур баргузор мешавад.

Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон имсол дар вазъе баргузор мешавад, ки бори аввал раҳбарону фаъолони як ҷониби сулҳ ё дар маҳбасанд ё дар ғурбат.

Тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 27 июн дар шаҳри Хоруғ баргузор хоҳанд шуд. Ба иттилои расмӣ, имсол дар чаҳорчӯби таҷлил аз ин ид, аз ҷумла, баргузории ҷашнвораи байналмилалии фарҳангӣ-сайёҳии "Боми Ҷаҳон", мизи гирд дар бораи нақши расонаҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ", конфаронси "Нақши раисиҷумҳури Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ", Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон ва намоиши бузурге дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ бо ширкати ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст.

Намояндагони ниҳодҳои давлатии вилояти Бадахшон мегӯянд, ба сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ мегиранд, ки интизор меравад аз 25 то 28-уми июн ба вуқӯъ пайвандад. Охирин сафари оқои Раҳмон ба ин вилоят дар моҳи июли соли гузашта анҷом шуда буд.

Нилуфар Асламшоева, масъули дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи якшанбеи 12-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи сафари навбатии худ ба ин вилоят, раисиҷумҳур чандин иншооти навро ба истифода хоҳад дод. Ба гуфтаи Нилуфар Асламшоева,”иншооти аввалине, ки ифтитоҳ мешавад, манзили истиқоматӣ дар дурдасттарин мавзеи водии Бартанг деҳаи Ғудара аст, ки дар заминларзаи моҳи декабри соли гузашта манзилҳои сокинони ин минтақа осеб дида буданд. Ҳамчунин дар ин деҳа канали 7 километрӣ ва нуқтаи хатти интиқоли барқ низ ба истифода дода мешавад. ”

Дар ин баробар ба гуфтаи хонум Асламшоева, дар маркази ноҳияи Рӯшон, раисиҷумҳури кишвар ба кори бинои нави ҳукумат, нозироти андоз ва шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оғоз хоҳад бахшид. Сухангӯи дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшон афзуд, тибқи нақшаи сафари Эмомалии Раҳмон ба деҳаи “Раҳмонобод”- и ноҳияи Шуғнон низ дар назар гирифта шудааст. Ин деҳа аз ҳисоби заминҳои фонди заминҳои ноҳияи Шуғнон барои сокинони деҳаи Барсем бунёд шудааст, ки аз обхезии 16-уми июли соли гузашта зарар дидаанд. Ҳоло дар ин деҳа 84 оила ба сар мебаранд.

Боздид аз водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва ноҳияи Ишкошим аз дигар барномаҳои сафари кории президенти Тоҷикистон ба Бадахшон хоҳад буд. Интизор меравад, ки дар маркази вилояти Бадахшон шаҳри Хоруғ хатти обгузари Боғевдара-Хоруғ низ ба истифода дода шавад ва бо ин васила сокинони шаҳр ба пуррагӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гарданд.

Набот Додхудоева, сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки сарчашмаи аксарияти обҳои Тоҷикистон аз Бадахшон аст, аммо сокинони шаҳри Хоруғ бештар аз 20 сол азияти беобӣ мекашанд. Хонум Набот гуфт, “мардум бесаброна боз шудани хатти обгузарро интизорӣ мекашанд. Зеро то имрӯз сокинони шаҳр бинобар фарсуда будани инфросохтре, ки аз солҳои 60-ум ба мерос мондааст, ба об дастрасӣ надоштанд. Ба сокинон аксаран дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат об дода мешуд. Чун қубурҳои обгузар кӯҳнаву хурд буданд, ва об бо фишори хеле паст ба хонаҳо интиқол меёфт.”

Дар рӯзи хотимавии сафар ба Бадахшон, оқои Раҳмон дар боғи Ботаникии шаҳри Хоруғ бо фаъолони вилоят мулоқот анҷом хоҳад дод.

19 соли пеш - 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин имзо шуд ва ба ҷанги панҷсолаи тоҷикон хотима бахшид. Ин ҷанг ҷони тақрибан 150 ҳазор танро рабуда, ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар зиён овард. 27 июн дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG