Идораи «Почтаи тоҷик» мегӯяд, бар асоси як қарордод молу маҳсулоти яке аз мағозаҳои бузурги интернетии Чин «Alibaba»-ро бо нархи имтиёздор ба муштариёнаш дар Тоҷикистон дастрас мекунад.
Баъди чор моҳ пеш ба ихтиёри ширкати воҳиди давлатии “Почтаи тоҷик” гузаштани ҳақи яккатозӣ дар бозори хадамоти номаву боррасонӣ, ин як қарордоди аз назари даромад муҳим барои почтаи миллии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
14 сомонӣ қимати дастрас шудани моли Ali express ба Тоҷикистон
Раъно Домуллоҷонова, як масъули ширкати воҳиди давлатии “Почтаи тоҷик” рӯзи 27 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ба баъд молу маҳсулоте, ки сокинони Тоҷикистон аз фурӯшгоҳи интернетии “Ali express” харидорӣ мекунанд, бо нархи начандон зиёд ба соҳибонаш дар қаламрави Тоҷикистон дастрас мешавад.
Домуллоҷонова гуфт: “Вақте муштариён аз Тоҷикистон аз мағозаи интернтии Ali express ягон чиз харидорӣ мекунанд, мо онро ба нишонии дархостшуда бурда мерасонем. Мо бо ширкати почтаи Чин ҳамкорӣ дорем ва Ali express бо онҳо. Вале мо танҳо як дафъа ва он ҳам барои ба адреси муштарӣ бурда расонидани бор 14 сомонӣ пул мегирем”.
Домуллоҷонова гуфт, 14 сомонӣ ҳаққи коркард ва ба нишониҳои зарурӣ фиристодани муросилот дар дохили қаламрави ҷумҳурӣ аст. “Почтаи тоҷик” мегӯяд, новобаста ба андоза ва вазни муросилот ҳаққи хизматрасонӣ ҳамин 14 сомонӣ мешаваду халос.
Ин масъули ширкати “Почтаи тоҷик” мегӯяд, муросилот аз мағозаҳои интернетии Чин аз 7 то 14 рӯз то ба нишонии дархостшуда супурда мешавад. Раъно Домуллоҷонова мегӯяд, ҳаҷми муросилот аз самти Чин дар ҳоли афзоиш аст, чунки шумораи онҳое, ки аз фурӯшгоҳҳои интернети мол мехаранд, меафзояд. Ӯ гуфт:
“Молҳо аз самти Чин тариқи Қазоқистон ва Русия ба мо мерасанд. Мо ҳар ҳафта аз 1 то 1,5 тонна муросилот мегирем. Аз ҳамин миқдор муросилот аксарияташ аз Чин аст. Аксари онҳо бандеролҳоест, ки шаҳрвандон аз интернет мағозаҳои Ali express харидорӣ кардаанд”.
Мӯъҷизаи Ҷек Ма
Мағозаи онлайнии «Ali express” ҷузве аз ширкати бузурги Alibaba Group-и Чин аст. Alibaba Group як майдони тиҷорати электронӣ аст, ки соли 1999-ум аз сӯи як шаҳрванди Чин Ҷек Ма, ки он замон муаллими забони англисӣ буд, таъсис ёфтааст. Дар ин муддат ин ширкат ба яке аз бузургтарин бозори онлайнӣ ва ё электронии молу маҳсулот табдил шуд. Арзиши бозории ин ширкат 231 миллард доллар арзёбӣ мешвад. Худи Ҷек Ма соли 2014 доротарин шахси Чин эътироф шуд, ки бинобар арзёбии маҷаллаи Forbes беш аз 32 миллиард долларро дар ихтиёр дорад.
Мақомоти масъул мегӯянд, моли чаканае, ки тавассути фармоишҳои инфиродии муштариёни тоҷик аз Чин бо роҳи почта ворид мешавад, зиёд аст ва ба хотири дастрас будани қиматҳояш мизони воридшавии чунин мол ҳам ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш гуфта мешавад. Феълан омор ё ҳаҷми дақиқи молу маблағе, ки аз ин роҳ ба Тоҷикистон ворид мешавад, дастрас нест, вале мақомоти соҳа ин бахшро аз тиҷоратҳои хубу умедбахш барои бозори дохилии Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.
Alibaba Group чанд онлайн мағозаро дар ихтиёр дорад. Аз ҷумла мағозаи онлайнии Alibaba.com, ки барои тиҷорати яклухт аст ва мағозаи Ali express, ки барои савдои чакана ихтисос ёфтааст.
DHL, TNT, UPS-ро аз бозор берун карданд, майдон холӣ шуд
Ин қарордодро коршиносон як бурди ширкати «Почтаи тоҷик» меноманд, ки ҳанӯз ним сол пеш яке аз хадамоти фаромӯшшудаи давлатӣ маҳсуб меёфт. Онҳое, ки одат доштанд аз хориҷа номаву бор ва мол дарёфт кунанд, ба системаҳои байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express муроҷиат мекарданд. Молҳои фармоишии фурӯшгоҳҳои интернетӣ ҳм тавассути ҳамин ширкатҳо ба Тоҷикистон дастрас мешуданд. Вале Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз рӯзи 8-уми июн соли ҷорӣ фаъолияти ин почтаҳоро бинобар надоштани муҷаввизи фаъолият қатъ кард.
Дар охири соли гузашта қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дар таҳрири нав ба иҷро даромада буд, ки тибқи он фаъолияти почта ё хаткашонӣ дар кишвар танҳо пас аз гирифтани “литсензия” иҷозат дода мешавад.
То он замон фаъолияти почта дар кишвар бе муҷаввиз ва ё “литсензия” амалӣ карда мешуд. Ҳоло масъулияти додани муҷаввиз ба фаъолияти почтаҳо бар ӯҳдаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вогузор шудааст. Ширкати давлатии “Почтаи тоҷик” низ тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.
Айни замон ширкати «Почтаи тоҷик» ягона ширкатест, ки иҷозаи хаткашониву муросилотро дар Тоҷикистон дорад. Ин ширкат пас аз қатъи кори почтаҳои байналмилалӣ дар бозор яккатоз шуд ва гуфт, ки тавони иҷрои ин хадамотро дорад. Манъ шудани фаъолияти хадамоти байналмилалии номарасонро дар Тоҷикистон ҳамчун талоши монополияи як тиҷорати дигари даромаднок интиқод карданд.
Баъди ин тасмим давоми ҳафтаҳои дароз бархе натавонистанд номаҳои кориву санадҳои худро аз хориҷа ба Тоҷикистон ва баръакс дастрас кунанд. Масъулини почтаҳои байналмилалӣ, зоҳиран бо умеди ҳал шудани мушкил, аз шарҳи ин ҳолат худдорӣ мекунанд. Почтаҳои байналмилалӣ дар муддати корашон дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ба ҳайси хадамоти боэътимод, босуръат ва амн муаррифӣ шуданд. Як муваффақияти ин ширкатҳо дар он аст, ки соҳиби ҳавопаймоҳои худ буда, бору номаҳои муҳим ва санадҳоро аз даст ба дасти муштарӣ мерасонанд.
Онҳое, ки ба «Почтаи тоҷик» ҳанӯз эътимод надоранд, талош мекунанд баставу номаҳои худро даст ба даст ба хориҷа расонанд, вале онҳое, ки ночор монданд, ба кори ин хадамот рӯ оварданд.