Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам, Садриддин ва Фарзона ба Амрикову Аврупо мераванд


Садриддин Наҷмиддин, Шабнами Сураё ва Фарзонаи Хушред ҳамроҳ бо чанд овозхони афғон барои як сафари нав дар Амрикову Аврупо омодагӣ мегиранд.

Ин сисилаконсертҳо, ки бо ташаббуси ширкати мусиқии "Даф-Интертейтмент" баргузор мешавад, қарор аст аз моҳи феврал шурӯъ шавад. Масъулони ин ширкат мегӯянд, ин барномаи бузурги ҳунарӣ барои мардуми форсизабони дунё мисли як тӯҳфаи Наврӯзӣ хоҳад буд. Ромин, як намояндаи ширкати "Даф-Интертейтмент" ахиран дар ин робита бо барномаи «Ояндасоз» як мусоҳибае анҷом дод.

Ромин: Қарор аст ин тур дар Аврупову Амрико ва Австралия баргузор шавад. Турне аз моҳи феврал шурӯъ мешавад, аммо ҳоло мушаххас накардаем, ки аз кадом кишвар шурӯъ мекунем. Тақозо хеле зиёд аст. Чун барнома ба ҳисоби ҳамбастагӣ ва дӯстии ду мулк ва Наврӯз аст, барномаи бузург аст ва интизори хабарҳои нави ин турне бошед.

Озодӣ: То ҷое медонем, аз ҷониби ширкати шумо ҳар сол чунин консертҳо бо ширкати овозхонони тоҷик дар хориҷ аз кишвар баргузор мешавад, аммо аслан мухлисони ҳунармандони тоҷик дар ин кишварҳо киҳоянд?

Ромин: Ҳамроҳ бо овозхонони тоҷик дар саросари дунё мо консертҳои зиёде, бештар аз 20 барномаи ҳунарӣ доштем. Ширкати "Даф" як ширкати қавӣ аст дар бозори афғонӣ ва шунавандаву бинандаи зиёд дорад. Аз ин рӯ, вақте як
Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед
овозхони тоҷик ё хориҷӣ бо мо кор мекунад, мардуми зиёде аз форсизабаонони дунё бо ӯ ва ҳунари ӯ ошно мешаванду таваҷҷӯҳ мекунанд. Яке аз корҳое, ки мо кардем, ҳунармандони тоҷикро бо мардуми Афғонистон ошно кардем, ҳоло бисёре аз мардуми Афғонистон бо санъати овозхонони тоҷик, тамоюл ва тавваҷҷӯҳ пайдо кардаанд.

Озодӣ: Аслан шартҳои ҳамкории шумо бо овозхонони тоҷик чӣ гуна аст? Киҳоро бештар барои ширкат дар консертҳои хориҷ аз кившар даъват мекунед?

Ромин: Як ҳунарманде, ки истеъдоди хуб дорад ва метавонад ба хубӣ бихонад, мо ҳам бовар кардем, ки воқеан метавонад. Ин аст шарт, ки овозхон истеъдоду овози хуб дошта бошад. Онҳоро албатта тамоми мардуми дунё ҳам хуш қабул мекунанд. Ва мо ҳам ҳамин ҳунармандони соҳибистеъдодро ба тамоми мардуми дунё муаррифӣ кунем, то бубинанд чӣ истеъдоде ҳаст дар ин кишварҳо.

Озодӣ: Ғолибан бо Шабнаму Садриддин ҳамкорӣ доред, намехоҳед бо дигар овозхонҳои тоҷик ҳам ҳамкорӣ кунед?

Ромин: Албатта ба ҷуз инҳо мо дигар ҳунармандони хуби тоҷикро ҳам мешиносем ва дар оянда ҳам талош дорем, мисли ҳунармандони афғону эронӣ, ҳунармандони дигари тоҷикро ҳам дар барномаҳои бузурги худ ҳамроҳ бигирем ва дар ин консертҳои калон муаррифӣ кунему дар таҳияи клипу консерт ва таронаҳои хуб барояшон мусоидат кунем.


XS
SM
MD
LG