Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қаллобӣ"-и пулис ва фирор бо 3,5 миллион доллар


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ аз вазифа барканор шуда, айни замон дар ҳоли фирор ба сар мебарад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия, нозири шӯъбаи Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Сафар Сафаровро ба қаллобӣ дар ҳаҷми севуним миллион доллар муттаҳам карда ва мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст.

Бар пояи баёнияи содиркардаи Кумитаи амнияти миллӣ, Сафар Сафаров аз роҳи фиреб маблағҳои зиёдеро аз чандин нафар ба даст оварда, нопадид гаштааст. Гуфта мешавад Сафаров бо ин маблағҳо мебоист шароити ширкати ин нафаронро дар тиҷорати бензин фароҳам мекард.

Маҳмадзоир Наруков, сардори раёсати Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, ки Сафар Сафаров зери дасти ӯ кор мекард дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» таъйид кард, ки ҳоло Сафаров аз кор озод карда шудааст. Аммо ӯ гуфт, гумон намекунад, ки Сафаров гурехта бошад ва аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ низ изҳори беиттиллоӣ кард:

«Сафаров Сафар корманди мо аст. Мо феъли бад ва рафтори бади ӯро надидаем. Лекин аз рӯзи 10-ум ба кор набаромадааст. Баъди ин корҳо ҳайати шахсиро якто ба якто пурсидам ягонтои онҳо аз ин корҳо огоҳӣ надоранд. Чи кор мекунад, чи қадар маблағ қарздор аст, ягон кас ҳам бо ин масъала назди мо арзу шикоят наовардааст. Баъде ки ба кор наомад, мо гузориш додем ва ӯро аз кор озод карданд. Баъдҳо оҳиста-оҳиста маълум шуд, ки аз баъзе шахсҳо маблағҳои калон гирифтааст, вале баъди ин бо онҳо мулоқот накардааст. Лекин онҳо то чи ҳад дуруст мегӯянд, ҳоло чизе гуфта наметавонам. Баъзеашон маблағҳоеро ном мегиранд, ки ман бовар намекунам.»

Ҷаноби Наруков афзуд, ки ҳоло маълум нест, шикояту даъвои бархе аз шахсон дар баробари Сафаров то куҷо дурустанд.

Дар изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ишора мешавад, ки эҳтимол дорад Сафар Сафаров ба Русия фирор кардааст, зеро падари вай дар Пойгоҳи низомии Русия кор мекунад ва барои ӯ дарёфти шаҳрвандии Русия саҳл буд ва ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои Сафар Сафаров, ки дар ВКД кор мекард, иваз намудани шиноснома низ мушкил надорад.

Аз онки роҷеъ ба ин қазия КДАМ Тоҷикистон баёния додааст, бархе бар инанд, ки шояд ҳодиса ба ихтилофу рақобат байни ин ду ниҳод вобаста бошад. Аммо Маҳмадзоир Наруков, сардори раёсати Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, ки аз зердасташ ба унвони як корманди хуб ва шоиста ситоиш мекард, чунин бардоштро бепоя хонд. Вай гуфт, ки миёни ин ду ниҳод кадом ихтилофе вуҷуд дошта наметавонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири умури дохилӣ Сафар Сафаровро аз вазифа сабукдӯш кардааст.

Аммо нуктаи дигар ин аст, ки худи масъулони баландпояи Тоҷикистон бештар аз дигарон даст доштани кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар дар ҷароими фасодро рад намекунанд. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ дар оғози ин ҳафта бо радиои Озодӣ таъйид карда буд, ки бештар аз ҳама кормандони идораҳои қудратӣ бо фасод даст доранд: «Бештар намояндаи ниҳодҳои давлатӣ аз он ҷумла кормандони ниҳодҳои қудратӣ бо иттиҳоми даст доштан дар фасод боздошт мешаванд.»

Бо ин ҳол ҳоло маълум нест, ки сарнавишти Сафар Сафаров, лейтенанти калони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми нақзи талаботи ойинномавӣ ва қаллобӣ аз вазифа барканор шудааст, бо чӣ анҷом меёбад. Аммо масъулони ин вазорат гуфтанд, ки вай аз рӯзи даҳуми моҳи ҷорӣ ба маҳалли кор ҳозир нашудааст ва ҳамкоронаш низ дари манзили ӯро баста ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG