Дар ҷомеаи Тоҷикистон аксаран ниҳоди қонунгузори кишварро танқид карда, “бори гарони бефоида” барои будҷа мешуморанд. Вакилон бо ин суханҳо пурра мувофиқ нестанд, онро дур аз воқеият медонанд.
Дидорҳо аз рӯйи қойида
Аз 10 то 18-уми сентябри имсол вакилони палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон нақша доранд, бо интихобкунандагони худ дар минтақаҳо мулоқот кунанд. Дар ҷараёни суҳбатҳо вакилон бо вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳалҳо ошно шуда, аз фаъолият ва сатҳи иҷро шудани барномаҳои пеш аз интихоботии худ гузориш медиҳанд.
Мулоқоти мазкур дар доираи тартиби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки ду дидор бо муваккилинро дар як сол пешбинӣ кардааст. Яке дар оғози тирамоҳ, баъди баргаштан аз рухсатӣ ва дигаре зимистонӣ, ки бо ҳадафи шарҳу тафсири паёми президент мебошад.
20-уми феврали соли 2020, замони фаъолияти ин давраи вакилони порлумон ба поён мерасад ва аз ин рӯ ба кори вакилон бояд таваҷҷуҳи хос бошад. Вале дар миёни интихобкунандагон ин мушоҳида намешавад. Ба ҷуз ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои расонаӣ аз ҳама бештар интиқод доир ба кори ин ниҳоди қонунгузор карда мешаванд, ки амалкардҳо ва моҳияти амалии онро зери шубҳа мегузоранд.
“Порлумони канорзадашуда”
“Тоҷикистон таҷрибаи нодири порлумон дар солҳои навадуми асри гузаштаро дорад, ки ҷаласаҳояш тавассути телевизиони давлатӣ намоиш дода мешуданд. Он вақт доир ба ҳар масъала мубоҳисаҳо мешуд. Дар порлумон сиёсатмадорони бозарфияте буданд, ки озодона ва ошкоро ҳар мавзуъро ба баҳс мекашиданд. Чизе, ки ҳоло ба назар намерасад,” – мегӯяд коршиноси масоили ҳуқуқӣ Шодавлат Шонусайриев.
Ӯ таъкид кард, дар солҳои ахир порлумони тоҷик то ҳадде худро нозарур кард, ки амалан аз сӯйи интихобкунандаҳо ҷиддӣ гирифта намешавад ва ҳатто интиқод ҳам намешавад. “Ҳукумат тарҳҳои қонунҳоро пешниҳод мекунад ва порлумон бе он ки кадом илова ё тарҳи ҷойгузине пешниҳод кунад, онҳоро мепазирад. Баъзан ба назар мерасад, ки чӣ гуна қонунҳои кишварҳои ҳамсоя бидуни механизмҳои иҷроии онҳо нусхабардорӣ мешаванд,” – афзуд Шонусайриев.
Вакилон интиқодҳоро беасос медонанд
Вакили Маҷлиси намояндагон Мирзоанвар Аҳмадов мегӯяд, аксаран онҳое, ки фаъолияти порлумонро ба боди интиқод мекашанд, тасаввури дурусте аз фаъолияташон надоранд. “Мо тибқи муқаррарот дар як сол ду бор бо интихобкунандагон мулоқот мекунем. Ба ҷуз ин, дидорҳои ғайринақшавӣ бо интихобкунандагон дорем. Дар ин мулоқот мушкилоти онҳоро мефаҳмем ва агар имкони ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ бошад, аз салоҳиятҳои худ истифода мебарем,” -- шарҳ дод Аҳмадов.
Ба гуфтаи вакили тоҷик, пеш аз он ки ин ё он тарҳи қонун барои райъдиҳӣ пешниҳод шавад, роҳи дурударози мубоҳисаҳоро дар кумитаҳои порлумон тай мекунад.
Палатаи болоӣ ба унвони болишти амниятӣ?
Порлумони Тоҷикистон аз ду палата иборат аст, поёнӣ – Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олӣ бо 63 вакил ва болоӣ – Маҷлиси миллӣ бо 33 узв. Аз 7 ҳизби дар кишвар номнависшуда 6-тои он намояндаҳои худро дар маҷлиси поёнӣ доранд. Миёни 63 вакил 51 нафари онҳо марбути ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистонанд.
Палатаи болоии порлумон дар соли 1999, замоне ки ба Конститутсия тағйирот ворид карда шуд, ташкил ёфт. Ду сол қабл аз он ба ҳузури сиёсии Ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон машруият бахшида шуд. Коршиносон мегӯянд, палатаи болоии порлумон бояд ба унвони механизми ҳифозатии ҳукумат хидмат мекард. Шодавлат Шонусайрив мегӯяд, “он ба унвони як василаи ҳимоятӣ таъсис шуд, дар сурате агар вакилони мустақил вориди порлумон мешуданду ҳукумат тавони асаргузорӣ болои онҳоро намедошт. Дар ин сурат бояд палатаи болоӣ пешниҳодҳои нохушояндро рад мекард.”
Дар ҳоли ҳозир аз 33 узви палатаи болоии порлумон 75%-и онҳо тавассути райъдиҳии махфии маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд. Раисони мақомоти маҳаллӣ, ки интихоботро ташкил мекунанд, дар навбати худ аз тарафи президент ба вазифаашон таъйин мешавнд. 25%-и дигари вакилонро худи президент мустақим таъйин мекунад.
Амал ё тақлиди амал
Ҳангоми назарпурсӣ, ки пештар Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе гузаронида буд, аксар сокинони пойтахт зимни ба ёд овардани вакилон мушкилӣ мекашиданд. Дар маҷмуъ фарҳанги сиёсии Тоҷикистон маҳорати назорат ба фаъолияти порлумонро аз даст додааст. Муроҷиатҳои мардум асосан ба унвони ҳукумати иҷроия ва раиси ҷумҳуранд.
“Ба далели ин ки интихоботҳои порлумонӣ тақрибан ноозод буда, ба меъёрҳои ҳадди ақали байналмилалӣ мувофиқат намекарданд ва пойгоҳи иҷтимоии вакилон низ хеле заиф аст ва мардум инро медонанд,” -- тавзеҳ дод доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов. Ӯ бар ин аст, ки “тамоми ҳайати вакилон бар асоси иродаи раҳбарияти сиёсии кишвар ташкил шудаанд ва яккаҳизбӣ аст”. Фаъолияти пуршӯри он дар баъзе мавридҳо бештар шабеҳи тақлид мебошад.
Мунтақидони порлумон аксаран ба набуди мубоҳисаҳо дар он ишора мекунанд. Ба ин зимни яке аз ҷаласаҳои чанде пеш раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам ишора кард. Он замон вай таъкид кард, ки “порлумон ҷойи баҳс аст” ва “сукути вакилон нигарониро ба бор меоварад”. Бо вуҷуди ин, тавре чанде пештар вакил Абдуҳалим Ғаффоров дар як мусоҳиба гуфт, баҳсҳо замоне сар мезананд, ки агар дар қонунҳо кадом нофаҳмие бошад. “Аз он ҷо, ки ин камбудҳо дар қонунҳо дар марҳилаҳои пешакӣ ислоҳ мешаванд, зарурати баҳсҳо аз миён меравад,” – бовар дорад ӯ.
Харҷи беҳуда барои порлумон?
Масрафи умумӣ аз будҷа барои ниҳоди қонунгузори Тоҷикистон нашр намешавад, вале маоши вакилони палатаи поёнӣ 6 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 600 доллар)-ро дар бар мегирад. Ин баландтарин маош миёни кормандони бахши будҷавӣ аст. Маоши миёна дар кишвар 1200 сомониро дар бар мегирад. Ба ҷуз ин, вакилон ҳангоми фаъолият бо хона ва мошини хидматӣ таъмин мешаванд.
“Тавоноии иқтисоди мо ба ҳадде нест, ки бори ду палатаи порлумонро бикашад. Дар сурате ки палатаи поёнии порлумон аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар воқеъ мақоми поёнтар аз шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи иҷроияи президентро дорад”, -- мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов, ки солиёни зиёд ба пажуҳиши конститутсионализм (мушрутият) сару кор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, барои Тоҷикистон хубтар аст, ки порлумони якбахша бо доштани вакилони бештар бошад, то ҳар шаҳр ва ноҳия намояндаҳои худро дар порлумон дошта бошанд.
Зимнан, раҳбарияти кишвар зоҳиран чунин мавқеъро надорад. Дар ояндаи наздик дар Душанбе муҷтамаи чорқабатаи порлумон бо маблағи 230 миллион доллар бунёд мешавад, ки Чин ба Тоҷикистон ба сифати бурсия додааст. Ба ҳамин тартиб, бори дигар мазмун қурбони шакл мешавад...