Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли фаъолияти порлумон чӣ гуна буд? ВИДЕО


Порлумони Тоҷикистон охирин ҷаласаи даъвати чаҳорумро анҷом дод ва бо ҳамин ба танаффуси семоҳа баромад.

Баъзе вакилони мо қонунҳои кишварҳои дигарро, ки моделӣ унвон шудаанд, нусхабардорӣ карда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мекунанд.

Раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров, ки ягона садои интиқодгар дар палатаи поёнии порлумон ба шумор меояд, рӯзи 29-уми июн баъзе фаъолиятҳои намояндагони мардумро танқид кард. Ӯ гуфт, баъзе тарҳҳо аз қонуни кишварҳои дигар ноҷо рӯйбардор шуда, ба як қонун чанд дафъа тағйирот ворид карда мешавад.

“Дар ҳар ду-се моҳ ба як қонун тағйирот ворид мекунанд. Магар имкон надорад, ки қонуни мукаммалеро тасвиб кунем ва мардумро гумроҳ насозем? Мушкили дигар дар он аст, ки бо истифода аз ҳамкориҳои байнипорлумонӣ вакилони мо қонунҳои кишварҳои дигарро, ки моделӣ унвон шудаанд, нусхабардорӣ карда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мекунанд. Танҳо дар як соли охир Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ба ин сабаб тарҳи 16 қонуни пешниҳодшударо пас гардонд”, - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Депутатҳои тоҷик ба таътили тобистона рафтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Шукурҷон Зуҳуров аз қонунҳое, ки бозпас фиристода шудааст, ном набурд. Дар Кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагон низ дар ин замина изҳори беиттилоӣ карданд.

Як вакили Маҷлиси Намояндагон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки “агар раиси Маҷлис номи қонунҳоро ба забон нагирифта бошад, ҳеҷ кас онро ифшо намекунад. Зеро ин амр камбуди кори худи вакилони Маҷлиси намояндагон мебошад”.

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Садои "порлумони хомӯш"

Порлумони феълӣ, ки матбуот бинобар бидуни баҳс қабул шудани қонунҳо онро гоҳе “порлумони хомӯш” ном мебарад, дар муқоиса ба порлумонҳои қаблӣ оромтарин ба шумор меояд. Агар гоҳ-гоҳе танқидҳои худи раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти баъзе ниҳодҳои давлатӣ ва масъалаи нафақаи мардум набошад, аз порлумон ба берун садое намеояд.

Аз тирамоҳи соли гузашта то кунун Маҷлиси Намояндагон баъзе қонунҳоеро тасвиб кард, ки дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон боис ба вокунишҳои мухталиф шуд. Аз ҷумла тағйирот ба қонун қонун дар бораи танзими расму оинҳо ва маҳдудсозии истифодаи тамоку.

Як коршиноси тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, порлумони Тоҷикистон тавони баҳсу мунозираҳои зиёд ва ба чолиш кашидани мақомотро дорад, вале ба он ҳадде ки бояд мустақилона кор ва мавзуъҳоро баррасӣ кунад, озод нест.

“Аввал инки аксари курсиҳои порлумон дар ихтиёри аъзо ва тарафдорони ҳизби ҳоким аст. Бештари мақомдрон низ аз ҳамин ҳизбанд. Чӣ гуна онҳо ба якдигар дармеафтанд ва камбудҳояшонро мегӯянд? Дувум инки ҳама ба ҳукумат нигоҳ мекунад. Агар ҳукумат ба тарҳи қонунҳо ва созишномаҳо “ок” гуфт, касе зид намебарояд ва баҳс ҳам намекунад”, - афзуд ӯ.

Интихобот чӣ гуна, кори порлумон намуна?

Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд

Таҳлилгари тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд ҳам мегӯяд, дар муқоиса ба порлумони кишварҳои минтақа, бахусус Қирғизистон, садои Маҷлиси Намояндагон хеле паст берун меояд. Ӯ гуфт, ин масъала ба низоми сиёсии Тоҷикистон бармегардад, ки президентист ва дар он нақши порлумон дувумдараҷа аст.

"Дигар инки шеваи кори порлумон аз шеваи интихобу интихобот вобаста аст. Шеваи интихобот дар кишвари мо он гунае нест, ки ба давлатҳои дигар муқоиса карда шавад", - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Шокирҷони Ҳаким – доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – иддао кард, ки “ба ҷойи номзадҳои сазовор афроди тасодуфӣ вакили маҷлис интихоб мешаванд”.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ӯ гуфт, “онҳо на таҷрибаи кофии кор дар порлумонро доранд ва на аз техникаи эҷоди қонунҳо бархӯрдоранд. Онҳо танҳо бар пояи садоқат ба раҳбарият интихоб мешаванд.”

Аз талаби истеъфо то саги немисӣ

Аммо дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки ба як соли гузаштаи порлумон баҳои хуб медиҳанд. Ин афрод мегӯянд, дар ин муддат ду изҳороти Сайидҷаъфар Усмонзода, узви маҷлис ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар порлумон садо дод, ки баҳсҳои доғеро дар пай дошт.

Ӯ дар яке аз ҷаласаҳои порлумон гуфта буд, агар раиси Бонки Миллӣ аз уҳдаи ҳалли буҳрони бонкҳо дар кишвар намебарояд, бояд истеъфо диҳад. Моҳи гузашта ӯ масъалаи муносибати намояндагони мақомоти интизомӣ бо ва раҳбарият ва муштариёни “Агроинвестбонк”-ро матраҳ кард ва гуфт, “ба онҳо як саги немисӣ ва як либоси немисии CC намерасад”.

"Аз ин бештар наметавонанд фаъолият кунанд"

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж”, мегӯяд, “дар шароити феълии Тоҷикистон фаъолияти вакилони порлумон наметавонад аз ин бетар бошад. Мо пайваста кори вакилонро таҳти назорат дорем. Мебинем, онҳо қонунҳоеро тасвиб мекунанд, ки посухгӯи ниёзҳои ҷомеа аст. Гузашта аз ин, Шукурҷон Зуҳуров дар ҳама ҷаласаҳои порлумонӣ тақрибан ба ҳар як мушкили ҷомеа вокуниш нишон медиҳад ва мақомотро гоҳе ба чолиш мекашад.”

Вакилони ҳозираи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон якуним соли дигар фаъолият мекунанд. Сипас бояд интихоботи аъзои нави порлумони кишвар баргузор шавад. Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – аз 63 курсӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG