Андози аксизи оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон дар натиҷаи як иштибоҳ боло рафтааст. Қарори се маротиба боло бурдани андози аксиз барои оби ошомидании газдор ва бегаз дар Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми июн содир шуд, аслан ба маҳсулоти воридотӣ дахл доштааст.
"Қарор аз нав мавриди баррасӣ қарор дорад"
Мақомот мегӯянд, ки ҳангоми таҳияи матни қарори ҳукумат "як сӯитафоҳум" боис шудааст, ки андози обҳои истеҳсоли ватанӣ ҳам боло бурда шавад.
Ширкатҳои тавлидкунандаи оби ошомиданӣ маъмулан обро аз қубурҳои обрасонии шаҳрӣ гирифта, онро тоза ва ба зарфҳо тақсим мекунанд.
Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар ду сохтори иқтисодии кишвар рӯзи 31-уми июл ин нуктаро тасдиқ карданд. Дар раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ташаббуси боло бурдани андози оби газдор ва бегази ошомиданӣ аз Вазорати молия буд ва лоиҳаи қарори ҳукуматро низ ин вазорат таҳия кардааст.
Як мақоми ин ниҳод гуфт, "ҳарчанд ин қарори ҳукумат содир шуд, аммо чун дар нашрияҳои расмӣ чоп нашуда буд, мавриди амал қарор нагирифтааст. Ба иттилои мо, ҳоло бо супориши ҳукумат Вазорати молия ин қарорро аз нав мавриди баррасӣ қарор дода истодааст".
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ба эҳтимоли зиёд ба ин қарор тасҳеҳ ворид мешавад андозаи аксизи оби газдор ва бегази ошомиданӣ мисли пешин боқӣ мемонанд.
Тибқи як қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 9-уми июни соли ҷорӣ, дар баробари маҳсулоти дигари аксизӣ, арзиши аксиз аз оби ошомидании газдору бегаз барои ҳар як литр аз нишондоди 0,02 евро то 0,06 евро ва андози аксизи обҳои нӯшокии ширин ва ё, хуштаъм аз 0,03 евро ба 0,09 евро боло бурда шуд. Тоҷикистон андози аксизро ба нӯшокиҳои ширин аз соли 2005 ва ба обҳо оддии ошомиданӣ аз соли 2013 ҷорӣ карда буд.
Нигаронии тавлидкунандагон
Аммо қарори се маротиба боло бурдани андози аксизи обҳои ошомиданӣ, бахусус дар гармои сахти тобистон дар Тоҷикистон боиси нигаронии тавлидкунандагон ва ҳам мизоҷон шуд.
Дар саҳифаҳои матбуотӣ маҳҳаллӣ низ чандин матлаб дар ин робита ба нашр расид, ки дар он истеҳсолкунадагони оби ошмиданӣ арз карданд, ки андозаи аксиз аз нархи кунунии об гаронтар шуд ва бо ин қиммат муштариён қудрати харидани обро надоранд. Тибқи маълумотҳои оморӣ танҳо дар шаҳри Душанбе 8 корхонаи тавлиди оби ошомиданӣ фаъолият мекунанд.
Пас аз боло бурдани мизони андози аксиз аз оби ошмидани ин ширкатҳо бо навиштани як номаи муштарак аз ҳукуммат бозбинии қарор боло бурдани андози аксизро дархост карданд. Чанде аз ин ширкатҳо дар сӯҳбатҳои қаблӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар сурати дар ҳамин сатҳ боқӣ мондани андозаи аксиз, онҳо аксарияти муштариёни худро аз даст медиҳанд.
"Афзоиши андоз барои обҳои воридотӣ аст"
Дар Раёсати сиёсати андози Вазорати молия Тоҷикистон гуфтанд, ҳадаф аз боло бурдани андозаи андози аксиз, обҳое буд, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд. Яъне ҳадаф, баракс ҳимояи истеъмолкунандаи дохилӣ будааст. "Ҳоло мо бо супориши ҳукумат сари ислоҳи ҳамин масъала кор карда истодаем"-, гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ширкатҳои тавлидкунандаи оби ошомиданӣ маъмулан обро аз қубурҳои обрасонии шаҳрӣ гирифта, онро тоза ва ба зарфҳо тақсим мекунанд. Барои аҳолӣ ҳар як метри кубии об дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳудуди 1 сомонӣ муқаррар шудааст ва мақомот пофишорӣ мекунанд, ки чунин арзиш дар ҷаҳон яке аз пасттарин мебошад.
Феълан дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон дар ҳар хонаи истиқоматӣ ҳисобкунакҳои обӣ насб шуда, сокинон танҳо барои миқдори оби масрафшуда маблағ пардохт мекунанд. Бо ин вуҷуд, шикоят аз паст будани сифати оби нӯшиданӣ кам нест.