Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз лифт ба масҷид. Хонаи нави Шукрия ҳам даъвоӣ шуд. ВИДЕО


Дар пайи як гузориши Радиои Озодӣ, шаҳрдории Кӯлоб ба хонаводаи бесарпаноҳе, ки дар холигоҳи лифт зиндагӣ мекард, дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр макони зист ҷудо кард. Вале тасмими ба Шукрия Шарифова ва се фарзандаш тақдим шудани гӯшае дар сохтмони масҷиде, ки мақомот "ғайриқонунӣ" эълон кардаанд, сокинони атрофи онро норозӣ гузоштааст.

Шукрия Шарифова, як зани 49-солаи гирифтори сил бо сабаби нодориву қашшоқӣ дар холигоҳи як баландошёнаи нотамоми Кӯлоб барои худу фарзандон паноҳ ёфтааст.

Соли 2016 мақомоти Кӯлоб 7 хонаводаи бесарпаноҳро дар масҷидҳои ба истилоҳ "ғайриқонунӣ" ҷой кардаанд.

Кенҷамоҳ Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб панҷшанбеи 28-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо қарори мақомоти шаҳр ба хонаводаи Шукрия Шарифова дар кӯчаи Лоҳутӣ ҷои зист ихтисос доданд ва қарор аст, ин хонавода рӯзҳои наздик баъд аз бозсозии ин макон, ба маҳали нави зист, кӯчонида шавад.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи чоршанбе Шукрия Шарифоваро ба маҳали нави зисташ бурда, бо макони зисти ояндааш шинос ва ҳудуди ҷои зисти навашро ҳам барояш муайян намуданд. Гуфта мешавад, ки ин хонавода дар қисмати яке аз масҷидҳо, ки аз ҷониби мақомот "ғайриқонунӣ" шинохта шудааст, ҷой дода шудааст.

Аз лифт ба масҷид. Хонаи нави Шукрия ҳам даъвоӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Аммо бархе сокинони маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо ба ин иқдоми шаҳрдорӣ розӣ нестанд, ки Шукрия бо се фарзандаш дар ин масҷид зиндагӣ кунад. Сокинон мегӯянд, ки шаҳрдорӣ мебоист ба ин хонавода замин медод ва сокинон ба ин хонавода дасти кӯмак дароз мекарданд.

Ислом Ҳасанов, сокини шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин масҷидро сокинони ду-се маҳаллаи атроф пул ҷамъ карда ааз тариқи ҳашар дар давоми 12 сол сохтаанд. Ӯ мегуяд, ки дар маҳаллаи онҳо бунгоҳи тиббӣ ва китобхона намерасад ва онҳо мехостанд, ки масҷиди собиқ ба муассисаҳои барои сокинони маҳаллӣ зарурӣ, табдил дода шавад. Мушкили онҳо ин буд, ки сари вақт масҷиди худсохтро аз қайди расмӣ нагузаронданд ва фаъолияти онро расмӣ накарданд. Мақомот, ки дар тамоми кишвар дари муассисаҳои ғайрирасмии диниро бастаанд, ин масҷидро низ ғайриқонунӣ эълон карда бастанд.

Аммо масъулони шаҳрдорӣ гуфтанд, ки сокинони ин маҳалла метавонанд қисмати бузурги онро гирифта, ба бунгоҳи тиббӣ ва китобхона табдил диҳанд. Ба гуфтаи масъулон, як қисмати ин макон ба хонаводаи Шукрия дода шудааст.

Дар гузашта ҳам мақомот дар сохтмони масҷидҳое, ки ғайриқонунӣ эълон шудаанд, барои оилаҳои камбизоат хона доданд. Мақомот мегӯянд, бо сабаби пуршиддат будани масъалаи дастрасӣ ба замин ва манзил, наметавонанд ҳамаи ниёзмандону хонаводаҳои камбизоатро бо сарпаноҳ таъмин кунанд.

Бо нигоҳ ба ин ҳама даъвоҳо худи хонум Шукрия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки агар ин манзил даъвоӣ бошад, вай наметавонад ба худаш иҷоза диҳад, ки дар он зиндагии навро шурӯъ кунад. Вай мегӯяд, агар барояш макони қонунии зисти осуда бидиҳанд ё порчаи замин ҷудо кунанд, розӣ буд.

Зиндагии Шукрия бо се фарзандаш дар лифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:23 0:00

Шукрия Шарипова 24 сол пеш дар деҳаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳамсари муаллиму фарзандонаш зиндагӣ мекард. Шавҳараш дар мактаби деҳ муаллим буд ва «хушҳолона» мезистанд.

Ба гуфтаи Шукрия Шарифова соли 1993 шавҳараш сактаи мағзӣ гирифт ва як тарафи танаш аз кор монд. Дар пайи бемории ҳамсар ва мушкилоти равобит бо хешовандони ӯ, зиндагии хонавода дар як муддати кӯтоҳ бесарусомон шуд. Шукрия Шарипова мегӯяд, ки хоҳари шавҳараш маслиҳат дод хонаро фурӯшанд ва ба ҳар қимат бояд шавҳарро наҷот диҳанд.

Сарнавишти ин хонавода хеле мушкилу печида аст. Ҳар як узви ин оила саргузаштҳои худро дорад. Ҳамсари Шукрия Шарипова баъди ба Кӯлоб рафтани хонаводааш, соли 1997 ба назди онҳо омад. Вазъаш як андоза беҳтар шуд, вале соли 2012 вафот кард.

Даромадгоҳи яке аз масоҷиди шаҳри Кӯлоб.
Даромадгоҳи яке аз масоҷиди шаҳри Кӯлоб.

Шукрия мегӯяд, худ ятим буд ва баъди аз даст рафтани хона, равобит бо хешовандони ҳамсар ҳам комилан қатъ шуд. Баъди дарбадариҳо дар хонаҳои иҷора дар Кӯлоб, дар як утоқи нимавайронаи бинои нотамом ҷой гирифтанд, вале бо гузашти се сол соҳиби ин хона ҳам онҳоро аз ин хона берун кард. Баъди ин ҳама ба қисмати поёнии бино кӯчиданд.

Писари калонии хонавода Вафоҷон Назирмадзодаи 27-сола соли 2016 дар пайи хатми 5 соли зиндон барои дуздӣ, ба озодӣ баромад. Ҳоло ҳамроҳ бо додараш Меҳроҷи Назирмад дар мардикорбозори Кӯлоб ҳар рӯз дунболи кор мегарданд.

Се соли охир хонавода дар холигоҳи лифти нотамоми биное ҷойгир шуд, ки аз рӯи тарҳи шӯравӣ қарор буд, як бинои истиқоматии нӯҳошёна шавад. Дар холигоҳи лифти сохтанашуда, ки ҳаҷмаш тахминан се ба чор метр аст, барои худ «хона» карданд -- ин ҷо ҳам ҷои хоб аст, ҳам макони ғизопазӣ. Ҳатто қисмате аз онро ба ҳоҷатхонаву ҳаммом табдил дода, дар як шароити ғайрисанитарӣ ба сар мебаранд.

Соли 2016 мақомоти Кӯлоб 7 хонаводаи бесарпаноҳро дар масҷидҳои ба истилоҳ "ғайриқонунӣ"ҷой кардаанд. Мақомот мегӯянд, шумораи воқеии ниёзмандон хеле бештар аз ин аст ва ҳукумати маҳаллӣ тавони саривақт бо сарпаноҳ таъмин кардани ҳамаи ин қишри аҳолиро надорад.

Хонаводаи Шукрия Шарипова аз қишри камбизоати Тоҷикистон аст, ки шуморашон дар тамоми кишвар 30 дар садро ташкил медиҳанд. Аз рӯи ҳисобҳои Бонки ҷаҳонӣ, агар шахс рӯзе камтар аз 3 доллар даромад дошта бошад, ба ин қишр шомил мешавад. Зоҳиран, даромади аъзои ин хонавода аз ин ҳам камтар аст.

XS
SM
MD
LG