Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо амал обрӯ мегирад


Дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар матбуоти Русия ва Ғарб ҳамчун як кишвари худкомаву фасодзада ва манбаъи қочоқи маводи мухаддир муаррифӣ мешавад.

Ширкатдорони ин маҳфили мубоҳисавӣ гуфтанд, ки матбуоти Русия ва Ғарб Тоҷикистонро ба унвони кишвари фасодзада, манбаи интиқоли маводи мухаддир, интиқолдиҳандаи исломи радикалӣ аз Афғонистон ва кишвари авторитарӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамзамон нақши расонаҳои минтақаӣ низ дар ин росто таъкид ва ба унвони мисол матолиби нашршуда дар сомонаҳои «Фергана» ва «centrasia» зикр гардид.

Мушкили имиҷсозии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00
Линки мустақим


Ислоҳи мушкилоти дохилӣ, аз ҷумла барпо кардани интихоботи озоду демократӣ дар моҳи ноябр, ба бовари бисёриҳо, метавонад обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро баланд бардорад. Дар ғайри ин, гуфтанд иштирокдорон, танҳо бо шиор наметавон ба чизи зиёде ноил шуд.

Ба иддаъои иддае аз ширкатдорони маҳфили "Мушкилоти имиҷсозии Тоҷикистон дар расонаҳои байналмилалӣ", Тоҷикистонро зарур аст, барои дифоъ аз имиҷи худ ва ҳамлаҳои иттилоотӣ , торнакмои вижаеро роҳандозӣ кунад ва ба матолиби расонаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, ки алайҳи Тоҷикистон равона карда шудаанд, посух гуяд.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Маҳмадшариф Бобошоев, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон пас аз касби истиқлол, муаррифии кишвар барои рӯзноманигорони хориҷӣ ба мавзуи мубрам мубадал гашт. Аммо бо вуҷуд ин, дар Тоҷикистон барои имиҷсозӣ комиссияи махсус ташкил нашудааст.

Ҷаноби Бобошоев бар ин назар аст, ки матолибе, ки аз аз ҷониби рӯзноманигорони хориҷи наздик дар бораи Тоҷикистон ба табъ мерасад, метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард: онҳое, ки руйдодро воқеъбинона ба қалам медиҳад ва гурӯҳе, ки дидаву дониста ҳодисаро таҳриф мекунанд. Бобошоев афзуд: «Далели ин гуфтаҳо матолиби манфии расонаҳои минтақа дар мавриди нирӯгоҳи Роғун ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошад. Рӯзноманигорон барои ин кор аз «хоҷагонашон» мукофот ҳам мегиранд. Ин гуна расонаҳо акси садоро нодида мегиранд ва аз нашри он худдорӣ мекунанд. Борҳо шоҳид будам, ки мутахассисони тоҷик ба маводҳои «centrasia.ru» посух навистаанд, аммо онҳо нашр накарданд.»

Аммо Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва раиси Маркази иҷтимоии "Бозтоб" бар ин аст, ки Тоҷикистон метавонад барои боло бурдани имиҷи худ дар сатҳи байналмилалӣ аз афроди сарватмандони кишвар ба хубӣ истифода кунад. Раҳбари Маркази «Бозтоб» ба унвони мисол гуфт, миллионери узбак Алишер Усмонов тавонист бо таъсиси чанд расона дар Русия ва харидорӣ кардани филмҳои тасвирии Русия, ки ба Амрико фурӯхта шуда буданд, тавонист дар намунаи худаш назари мардуми русро ба сурати умум нисбат ба мардуми узбак то андозае дигаргун кунад.

Аммо ба ақидаи Раҷаби Мирзо, барои боло бурдани обрӯи кишвар бояд ибтидо мушкилотеро, ки даро дохилаш ҳаст, ислоҳ кард, то дар воқеъ чизе барои таърифу тавсифи воқеъӣ бошад.

Мушкилоти имиҷсозии Тоҷикистон дар расонаҳои байналмилалӣ аз сӯи ширкатҳои расонаӣ ва нашрияҳои ин кишвар дар ҳоле, матраҳ шуд, ки мақомот қаблан аз тариқи шабакаи телевизионии Евронюс навор ё ролики муаррфии Тоҷикистонро ба роҳ монда буд ва гуфта мешуд, ширкати Талко барои ин 120 ҳазор евро пардохта буд.

Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон гуфт, барои сохтани имиҷи Тоҷикистон дар хориҷ нақши асосиро забон бозӣ мекунад. Он нашрияҳое, ки дар кишвар бо забонҳои гуногун нашр мешаванд, барои мусбат муаррифӣ кардани Тоҷикистон басанда нестанд.

Иддае аз ширкатдорони ин маҳфил истифодаи шахсиятҳои шинохтаи кишвар дар хориҷ аз кишварро яке дигар аз авомили муаррифии Тоҷикистон ва боло бурдани имиҷи он унвонг карданд. Ба унвони мисол гуфта шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон метавонад барои Барзу Абдуразоқов барин нафарони ҳунарманд ҳаққи қалам ҷудо кунад ва онҳо дар сохтани имиҷи кишвар ҷалб шаванд.

Ҳамчунин додани имтиёз бо тоҷирон барои таъсиси расонаҳо дар хориҷ низ аз дигар пешниҳодоти ширкатдорон буд, ки метавонад, дар боло бурдани обрӯ ва имиҷи Тоҷикистон кумак кунад.

Мубоҳисаи сохтани имиҷи Тоҷикистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар ростои интихоботи президентӣ қарор дорад. Ба бовари нозирони умур, як коре ки метавонад, обрӯи байналмилалии кишварро боло барад, ба таври озоду демократӣ доир кардани ин маъракаи сиёсист. То кунун ягон интихоботи Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ эътироф нашудааст ва ин, албатта, ба нафъи имиҷи Душанбе нест.
XS
SM
MD
LG