Мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон эътироф карданд, ки меъёри андозбандӣ ва пардохтҳои гумрукӣ дар кишвар дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бештар аст ва ин амр сабаби афзоиши қочоқи колову маҳсулот ба Тоҷикистон шудааст.
Хуршед Каримзода, муовини мудири Хадамот рӯзи 17 январ дар ҳузури журналистон дар Душанбе гуфт, боло будани мизони пардохтҳо, тоҷиронро водор мекунад, ки барои ворид кардани мол аз роҳҳои ғайриқонунӣ истифода кунанд. Ӯ гуфт, вазъ ҳатто дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон - Қирғизистон комилан ранги дигар дорад.
Вай афзуд: "Агар дар Қирғизистон мизони андозбандӣ 12 дарсад бошад, дар Тоҷикистон ин рақам ба 18 баробар аст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон навъҳои мухталифи аксиз роҳандозӣ кардааст, ки дар кишвари ҳамсоя нестанд. Ба ин сабаб, тоҷирон талош мекунанд маҳсулотро ба Тоҷикистон аз тариқи қочоқ ворид созанд. Мо бо Қирғизистон 500 километр марзе дорем, ки аслан аломатгузорӣ нашуда, ҳифозат ҳам намешавад. Чунин мушкил дар марз бо Узбакистон низ вуҷуд дорад. Метавонам бигӯям, ки қочоқчиён аз Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳсулоти як мошини боркашро тавассути борхалтаҳо дар як соат аз ин тарафи марз ба самти дигар интиқол медиҳанд."
Мақомот мегӯянд, ки нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2016 иҷро нашуд ва 9,6 % камтар аз нақшаи пешбинишуда ва дар ҳаҷми 3,8 миллиард сомонӣ будааст. Мақомот гуфтанд, ки соли гузашта ҳаҷми моли содиротӣ ба Тоҷикистон камтар шуда, баъзе омилҳо ба иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ таъсири бад расонидааст.
Аз ҷумла, коҳиши содироти моли ҳамсони дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда назири семент, қолӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, кишоварзӣ ва дигарҳо як сабаби ин коҳиш шудааст. Қочоқи маҳсулот аз қаламрави Қирғизистон, ки яке аз муҳимтарин маҳсулоташ маводи сӯхт мебошад, як сабаби дигари коҳиши нишондодҳо шудааст.
Ҷаноби Каримзода афзуд, ки бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мақомоти кишвар ба баррасии ин мушкил оғоз карда, дар назди вазорати молия ва вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон комиссияи махсусе ташкил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, масъулин роҳҳои ягона кардани мизони андозбандӣ бо кишварҳои ҳамсояро баррасӣ мекунанд.
Аммо бархе аз иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ки ислоҳи меъёрҳои андозбандӣ наметавонад роҳи ҳалли ин мушкил бошад. Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик рӯз 17 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Поин бурдани сатҳи тарифҳои воридотии гумрукӣ метавонад дар ҳалли ҷилавгирӣ аз қочоқи маҳсулот мусоидат кунад. Аммо ба назари ман, ин танҳо роҳи ҳалл буда наметавонад. Бояд ба бархе аз намудҳои маҳсулот назири маводи нафтӣ таруфаҳои воридотиро аслан аз байн бурд."
Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ низ гуфт, ки танҳо бо поин бурдани меъёри таруфаҳои воридотии гумрукӣ, мушкили воридоти қочоқиро наметавон аз байн бурд. Ба гуфтаи вай, "тӯли солҳои охир дар Тоҷикистон гурӯҳе аз тоҷироне ташаккул ёфтааст, ки аслан намехоҳанд боҷи гумрукӣ ва андозро пардохт кунанд. Ҳатто агар меъёри боҷи гумрукӣ пойин бурда шавад ҳам, онҳо ҳамчунон онро пардохт нахоҳанд кард. Ба фикри ман, бояд қонунгузорӣ барои қочоқи маҳсулот сахттар шуда, мубориза бо ин навъи ҷинояткорӣ тақвият дода шавад."
Дар ҳамин ҳол Хуршед Каримзода, муовини раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли гузашта маъмурони ин ниҳод 4644 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои интиқоли мавод аз марзи кишварро ошкор кардаанд. Ба бовари ҷаноби Каримзода, дар соли 2016 давлати Тоҷикистон сатҳи пардохтҳо барои воридоти ҷавоҳиротро поин бурд ва ба ин далел дар соли гузашта ҳолатҳои воридоти қочоқии зару зевар ошкор нашудааст.