Амирбек Бекназаров, намояндаи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе дар ҳамоиши “Ифротгароии салафӣ, масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ”, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе идома дорад, зимни изҳори нигаронӣ аз фаъолияти равияи Салафия дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон гуфт, густариши ҳузури ин гурӯҳ ба амнияти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хатар дорад.
Ба таъкиди ҷаноби Бекназаров, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар раъси созмони “Давлати исломӣ” салафиҳо қарор доранд ва ҷавонон, аз ҷумла иддае аз ҷавонони тоҷикро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд, бояд иқдомоти бештаре алайҳи ин гуна гурӯҳҳо андешида шавад.
Ба иттилои ин масъули КДАМ, “ҳоло бо он, ки фаъолияти Салафия дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, аммо пайравони ин ҷараён дар ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаҳои Қазоқон, Сари Осиё, Корвони шаҳри Душанбе ва ҳамчунин дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Исфара, Роғун ва Ҳисор ба сар мебаранд.
Амирбек Бекназаров ҳамчунин аз сарнавишти ҷавонони тоҷике, ки ба таври ғайриқонунӣ дар кишварҳои исломӣ таҳсил доранд, изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки тибқи оморҳо, ҳоло 1379 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои исломии хориҷи кишвар таҳсил мекунад.
Ба гуфтаи ҷаноби Бекназаров, аз инҳо 770 нафар дар Миср, 366 дар Туркия, 46 дар Покистон ва чанде ҳам дар Эрон ва дигар кишварҳо таҳсил доранд. Ба таъкиди ҷаноби Бекназаров, таҳсили ғайрирасмии ин ҷавонон дар донишгоҳҳои исломии хориҷӣ эҳтимоли гаравидани онҳоро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро, аз ҷумла салафӣ бештар хоҳад кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз ширкатдорони ин ҳамоиш, равияи Салафия ҳанӯз дар соли 1998 дар Тоҷикистон бар пояи таъсири нафароне, ки дар хориҷи кишвар таҳсили динӣ гирифта буданд, ба вуҷуд омад.
Равияи Салафия дар соли 2009 дар Тоҷикистон манъ шуд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2014 ин гурӯҳро ифротӣ эълон кард.