Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ёвари президент ба изҳороти гузоришгари вижаи СММ


Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар вокуниш ба изҳороти гузоришгари вижаи СММ роҷеъ ба раъйпурсӣ дар кишвар гуфт, Девид Кайе бояд меандешид, ки дар чӣ шароит чунин ҳарфҳоро ба забон меорад.

Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари президенти Тоҷикистон дар умури ҳуқуқ ва қонунгузорӣ, намояндаи раиси ҷумҳур дар парлумони кишвар мегӯяд, Девид Кайе, гузоришгари вижа Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии баён ва андеша қабл аз он, ки дар бораи баргузор кардан ва ё накардани референдум дар Тоҷикистон ҳарф занад, бояд меандешид, ки дар чӣ шароит чунин ҳарфро баён мекунад.

Девид Кайе, гузоришгари вижаи СММ оид ба озодии андеша ва баён як рӯз қабл дар нишастии хабарии худ дар Душанбе гуфт, ки беҳтар аст раъйпурсии моҳи май дар Тоҷикистон баргузор нашавад, зеро он бидуни муколамаи зарурӣ сурат мегирад

Маҳмадалӣ Ватанзода рӯзи 10 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон бар асоси қонун ва раъйи мардуми ҳамин кишвар сурат мегирад. Вай афзуд, намояндаи СММ агар зарурати баргузорииин референдумро намедонад, ин фикри ӯст, ки чӣ гуна андеша дорад.

Вай афзуд, “намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид албатта қабл аз задани чунин ҳарфҳо бояд андеша мекард, ки дар чӣ шароиту маврид ва барои чӣ чунин андеша дорад. Ин албатта суол аст”. Ҷаноби Ватанзода афзуд, моҳияти баргузории референдум аллакай ба мардум фаҳмонида шудааст ва рӯзи баргузории он низ мушаххас ва худи мардум ин референдумро интихоб кардааст.

Вокуниши Ватанзода ба изҳороти намояндаи СММ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00
Линки мустақим

Гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, дар нишасти хабарии худ гуфта буд, назарпурсӣ ва ё референдуми ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, ки қарор аст рӯзи 22 майи соли ҷорӣ баргузор шавад, бидуни муколамаи зарурӣ гузаронида мешавад ва назарҳои мухолиф ба ҳукумат, аслан шунида намешавад. Вай афзуд: “Чун ҳоло ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Васоити ахбори омма, инчунин ҳизбҳои мухолиф, ки қариб боқӣ намондаанд, зери фишор қарор доранд, шаффофияти баргузории референдум зери суол аст. Барои ҳамин, дар изҳороте, ки нашр шуд, ман баён кардам, ки бигзор ин раъйпурсӣ баргузор нашавад”.

Маҷлиси Намояндагон Тоҷикистон - 22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон кардааст. Дар рӯзи раъйпурсӣ ва ё реферундуми умумимиллӣ ба интихобкунандагон ба суоли "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" муроҷиат хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG