Рӯзи 15 декабр дар Маҷлиси намояндагон мавзӯи «Таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо ширкати вакилони маҷлис, мақомоти ҳукуматӣ ва бархе намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор шуд.
Ширкатдорони ин ҷаласа мегӯянд, ки ин музокироти камсобиқаи аъзои парлумон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд, ки
Аксар созмонҳои мадании Тоҷикистон, ки бештар аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ маблағгузорӣ мешуданд, аз пеши худ натавонистанд мисли як ниҳол рушд бикунанд
бештар ба хотири арзёбии роҳҳои ҳамкориро ба хотири рушди кишвар ба баррасӣ гирифт.
Дар ин муҳокима аз ҷумла вазири адлияи Рустами Шоҳмурод, раиси Асотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатӣ Шамсиддин Каримов, директори иҷроияи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов ва раҳбарони созмонҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, Хатлон Бадахшон ва дигарҳо иштирок карданд.
Ҳадафи аслии ин сӯҳбатҳо ба барномаҳои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҷалб кардани созмонҳои ҷамъиятӣ ва ба роҳ мондани муколама ё диалоги миёни ҳукумат ва ҷомеа мебошад.
Созмонҳои вобаста аз грант
Ёдгор Файзов, мудири иҷроияи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон дар баробари аъзои парлумон роҷеъ ба зарурати кори созмонҳои ҷамъиятӣ сухан гуфт. Вай мегӯяд, “аксар созмонҳои мадании Тоҷикистон, ки бештар аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ маблағгузорӣ мешуданд, аз пеши худ натавонистанд мисли як ниҳол рушд бикунанд”. Ба гуфтаи ӯ, дар таърихчаи беш аз бистсолаи кори ин созмонҳо маблағгузорони калоне, мисли Бунёди Оғохон, СММ, барномаҳои рушди ҳукуматҳои ғарбӣ буданд, ки барои пешбурди барномаву проектҳои созмонҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекарданд, вале дар сурати бе маблағгузорӣ мондани созмонҳо, бештари онҳо комилан аз кор мемонанд.
Ёдгор Файзов мегӯяд, муколамае, ки дар парлумон ҷараён гирифт, хеле ҷолиб буд ва бори аввал аст, ки намояндагони мақомоти давлатӣ дар баробари ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳҳои рушди онро баррасӣ доштанд. “Аммо оҳанги суҳбатҳо дипломатӣ буд ва мисле, ки англисҳо мегӯянд, мулоқоте буд ба хотири “ice breaking” ё “яхшиканӣ”, ки миёни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи маданӣ зарур аст".
Ёдгор Файзов мегӯяд, мавзӯи баҳс ин буд, ки “Оё ҳукумат онро ҳамчун ҳамшарики худ қабул хоҳад кард ва ё ҳамчун оппозитсияи худаш қабул мекунад ва ё як қишри беҳуда мешиносад ҳоло марҳилаҳои зиёдро бояд гузашт. Ва ба ҳадде кор бурда шавад, ки ҳам ҳукумат ҷомеаи шаҳрвандиро қабул дошта бошад ва ҳам мардум онро дарк кунанд”.
Шубҳа дар даромади созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон
Даъвати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба парлумон дар ҳолест, ки соли 2015 дар Тоҷикистон бар асоси қонуни нави созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамаи онҳо мавриди санҷиши ҳуқуқӣ ва маъмурӣ қарор гирифта аз сабтиноми дубора гузаштанд. Ин ҳамон соле буд, ки моҳи сентябраш ҲНИТ баста ва террористӣ эълон шуд ва ба гуфтаи коршиносон, озодиҳои сиёсии кишвар маҳдуд гардид.
Дар паи ин санҷиш аз 2800 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон аз нисф зиёди онҳо сабтином нашуд ва аз кор монд. Қабл аз қабули қонуни нав дар соли 2015 вазорати адлия гуфт, ки бар асоси гузориши 600 созмони ғайридавлатӣ аз соли 2013 то моҳи апрели 2014, ташкилоти ҷамъиятӣ дар кишвар 4,5 миллиард сомонӣ гранти хориҷӣ дастрас кардаанд. Мақомот гуфтанд, тафтиши кори созмонҳои ҷамъиятӣ он замон бар асоси Қонуни нави созмонҳои ҷамъиятӣ ҷараён гирифт, вале бархе созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ин қонунро ҳамчун маҳдудкунандаи фаъолияти худ интиқод карданд.
Баъди қабули қонуни нави созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон аксар соҳибназарон шеваи кори мақомотро бо ҳамкоронашон дар Русия шабоҳат доданд, ки дар амри ташдиди назорат аз кори ҷомеаи маданӣ, қонун “Дар боари агенти хориҷӣ”-ро қабул карданд ва мувофиқи он, созмонҳои дарёфткунандаи кӯмак аз хориҷаро “омили хориҷӣ” ном гузоштанд.
Олим Салимзода: Давалату ҷомеаи маданӣ бояд ҳамкор бошад
Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии муколамаи имрӯза - даъват ба ҳамкории фаъоли ҷомеа ва давлат мебошад: ”Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамаи самтҳои ҷомеа фаъол бошад ва дар баробари ниҳодҳои давлатӣ ҳарфу ҳиҷои худро дошта бошад. Ва пуштибони ҷомеаи кишвар бошад”.
Дар ин ҷаласа Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон аз масъулони Кумитаи андоз даъват намуд, ки дар вақти андозбандӣ тафовути миёни кори созмонҳои тиҷоративу ғайритиҷоратиро мушаххас намояд. Зеро дар вақти андозбандӣ ва додани ҳисобот созмонҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ, ки даромад надоранд, набояд андозбандӣ шавад.
Муҳаббатшо Рӯзадоров, як вакили порлумон мегӯяд, мушкили ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон дар парокандагии он аст, ки “ба таври амудӣ ё вертикалӣ кор мекунанд ва бо ҳам ҳамкориву ҳамоиши зиёд надоранд”:
"Ҳамраъӣ нисбати ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ ва аз тарафи ҷомеаи мардум ҳам пуштибонӣ сурат намегирад. Савияи пасти фарҳанги сиёсии ҷомеаи кишвар боварӣ ва ҳамраъӣ ба институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҳам аз тарафи мардум камранг кардааст ва ба эътибор гирифта намешавад”.
Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки аксарашон дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ арзи ҳастӣ карданд, дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, ҳақи аққалиятҳову гурӯҳҳои заъфпазир ба кор пардохтанд, дар бештарин ҳолатҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалии мисли СММ, САҲА ва ҳукуматҳои аврупоиву ғарбӣ маблағгузорӣ мешуданд. Фаъолияти ин созмонҳо барои таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистони ҷангзада мусоидат кард.
Вале бо вуҷуди кори фаъоли созмонҳои ҷамъиятӣ, ки аксари кулли онҳо аз ҳисоби гранҳои хориҷӣ фаъолият мекарданд, эҳсоси нобоварӣ ба кори онҳо ба унвони “созмонҳои ғайридавлатӣ”, ки дар зеҳни бархе мақомдорон ҳамчун "зиддидавлатӣ" арзёбӣ мешуд, ҳамеша вуҷуд дошт. Ҳоло ҳам бисёр созмонҳо мегӯянд, бо маҳдудтар шудани фазои сиёсии Тоҷикистон, самимияту эътимоди давлатмардон ба кори онҳо камтар мешавад.