Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Контбонк", таҳрими Амрико ва тавзеҳи БМТ


Бобак Занҷонӣ.
Бобак Занҷонӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бино бар таҳримҳои Амрико, ҳанӯз дар моҳи марти соли равон фаъолияти "Контбонк"-ро дар кишвар маҳдуд кардааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз зери таҳрими вазорати молияи ИМА қарор гирифтани «Контбонк» фаъолияти он дар Тоҷикистон маҳдуд карда шуд. Вай гуфт, дар асоси тафтиши мутахассисони бонк, бо қарори №48-и раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2013 ҶСП БС “Конт” аз ҳуқуқи кушодани филиал ва иштирок дар аҳдҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ маҳрум карда шуд.

Ҷаноби Қурбонов ҳамчунин афзуд, Бонки миллӣ тамоми ташкилотҳои қарзии кишварро ӯҳдадор кардааст, ки то рӯзи аз рӯйхати таҳримҳои вазорати молияи Амрико хориҷ шудани “Контбонк” ҳамкорӣ ва ҳисоббаробаркуниро бо бонки мазкур қатъ намоянд.

Маҳдуд шудани фаъолияти "Контбонк"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00
Линки мустақим


Сухангӯи Бонки миллӣ ҳамчунин расонаҳои дихиливу хориҷии Тоҷикистонро ба ҳангомасозӣ дар атрофи ин мавзӯъ айбдор кард ва гуфт, ки онҳо бо хабарҳои ғалат мардумро ба иштибоҳ бурданӣ мешаванд. Ба гуфтаи Қурбонов, ин нукта ҳақиқат надорад, ки раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов гӯё гуфта бошад, ки аз таҳримҳо хабар надорад: “Бо чунин нишаст, ки гӯё раиси Бонки миллӣ дар бораи Бобак Занҷонӣ, “Контбонк” ва таҳримҳои Амрико чизе намедонад ба ҳозирини нишасти матбуотӣ дар ин шакл маълумот пешниҳод накарда буд.”

Манзури Абдуғаффор Қурбонов зоҳиран нишасти матбуотии раиси Бонки миллӣ дар санаи 23-уми июли соли равон аст. Абдуҷаббор Ширинов дар посух ба суоли хабарнигорон гуфта буд, намедонад, ки молики “Контбонк” Бобак Занҷонӣ аст, ё каси дигар ва ҳамчунин огоҳ нест, чаро ин бонк мавриди таҳрими вазорати молияи Амрико қарор гирифтааст.

То ҳол масъулони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди аз сӯи Амрико таҳрим шудани “Контбонк” хеле бо эҳтиёт сӯҳбат карда, аз додани шарҳи бештар дар ин маврид худдорӣ меварзиданд. Аммо зоҳиран нашри матлабҳои зиёд дар матбуот дар мавриди ин ки ниҳоди мазкур бо истифода аз шахсони дуввуму севвум ва ширкатҳои дигар ба Бобак Занҷонӣ, сармоядори эронитабор тааллуқ дораду ӯ аз ин роҳ дар Тоҷикистон ба “шустушӯ”-и пул машғул аст, масъулони Бонки миллиро водор намуд, дар ин маврид иттилоъи бештар дода, ҳадсу гумонҳоро бартараф намоянд.

Далери Абдулло, сухангӯи “Ҳолдинг Контгрупп Тоҷикистон” гуфт, воқеан онҳо дар санаи 28-уми март аз Бонки миллӣ мактуберо дарёфт карда буданд, ки фаъолияти бонки мазкурро маҳдуд менамуд: “Лекин ин маънои пурра қатъ шудани фаъолияти “Контбонк”-ро дар Тоҷикистон надорад. Ин бонк мутобиқ ба қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои байналмиллаллӣ ва ба ҳадде ки Бонки миллӣ иҷоза додааст, фаъолияташро идома додааст.”

Дар ҳоле ки мақомоти Амрико рӯзи 1-уми майи соли равон фаъолиятҳои ин бонкро таҳти таҳрим қарор доданд, Далери Абдулло гуфт, Бобак Занҷонӣ воқеан дар таъсиси ин бонк саҳм дошт, вале баъдан саҳмияҳояшро ба ихтиёри як шаҳрванди Туркия додааст ва ҳоло дар ин бонк саҳм надорад.

Вале рӯзи 10-уми май раиси умумии ҷамъияти саҳҳомии “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” Рустам Саидов дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ таъсири таҳримҳоро ба бонк ва ҳолдинги мазкур эътироф кард, аммо боз ҳам афзуд, фаъолияти бонк ва ҳамаи ширкатҳои ҳолдинг идома хоҳад ёфт.

Ҳоло Далери Абдулло, сухангуи “Ҳолдинг Контгрупп Тоҷикистон”, мегӯяд, мақсади асосии фаъолияти бонки мазкур эҷоди ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон ва ба ин васила боло бурдани сатҳи зиндагии мардум аст. Аз ин рӯ, онҳо бо зикри ин дар як нома аз вазорати молияи Амрико дархост кардаанд, ки ин бонкро аз рӯйхати ниҳодҳои молии таҳримшуда хориҷ кунад.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, Амрико чун як кишвари абарқудрат талоши боло бурдани сатҳи зиндагии мардум дар кишварҳои ҷаҳонро дорад ва бо назардошти муҳим будани фаъолияти “Контбонк” барои рушди иқтисоди Тоҷикистон, онҳо умед доранд, ки дар ояндаи наздик таҳрим нисбат ба ин бонк лағв шавад.

Kont Investment бонки сармоягузорӣ буда, дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфтааст. Дафтари марказии бонк дар Душанбест ва сармояи оинномавиаш 500 миллион сомонӣ эълон шудааст.

Яке аз бузургтарин тарҳҳои то имрӯз анҷомдодаи ширкатҳои марбут ба Занҷонӣ дар Тоҷикистон бозсозии терминали автобусҳои Душанбе ва ворид кардани садҳо мошину автобуси муосир барои роҳандозии хадамоти мусофиркашонӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистон аз ҷониби ширкати "Asian-Express" буд. Дар расми ифтитоҳи ин терминал дар таърихи 12 марти соли 2013, яъне ҳамагӣ 2 ҳафта қабл аз номаи расмии Бонки миллӣ, Бобаки Занҷонӣ дар канори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истода буд.
XS
SM
MD
LG