Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯхтакҳои атласпӯш ба ҷойи “Барбии ҳиҷобӣ”


Тоҷирони тоҷик ба воридоти лӯхтакҳое аз Чин шурӯъ кардаанд, ки либосҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла атлас доранд. Саодат Дониёрова, ки аз Чин ба Тоҷикистон бозича ворид мекунад, рӯзи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, идеяи дархости таҳияи лӯхтакҳо бо либоси миллӣ ва кокулоҳо​и бофта дар Чин аввали имсол ба зеҳнашон расид.

Аввали сол, мақомоти назоратӣ дӯкон ба дӯкон гаштанд ва бозичаҳоеро мусодира карданд, ки ба гуфтаи онҳо ғайристандартӣ ва барои кӯдакон зарароварр аст. Дар ҳамон вақт мақомот ба тоҷирон тавсия додаанд, ки аз Чин лӯхтакҳои дорои унсурҳои миллӣ ва мутобиқ бо арзишҳои худӣ ворид кунанд.

Дар рейди моҳи ноябр гуфтанд, ки хубтар аст, лӯхтакҳои дорои либоси миллӣ бештар ворид кунед ва барбии ҳиҷобпӯшро ворид накунед.

“Пеш аз Наврӯзии имсол буд, ки бозичаҳоро барои тарснок будану овози баланд доштан мусодира карданд. Гуфтанд, хубтар аст, аз Чин лӯхтакҳое дархост кунед, ки либоси миллӣ дошта бошанд. Ҳамон вақт чанд намуна овардем, ки харидор пайдо кард. Баъдан, вақте, ки Барбии ҳиҷопӯш муаррифӣ шуд, дар рейди моҳи ноябр гуфтанд, ки хубтар аст, лӯхтакҳои дорои либоси миллӣ бештар ворид кунед ва барбии ҳиҷобпӯшро ворид накунед”, гуфт - Саодат Дониёрова.

Ширкати амрикоии “Mattel” чанде пеш лӯхтаки “Барбии ҳиҷобпӯш”-ро муаррифӣ кард, ки қарор аст, аз соли 2018 ба фурӯш гузошта шавад. Ҳиҷоби сиёҳе, ки ҳоло ба лӯхтаки Барбӣ пӯшонидаанд, дар Тоҷикистон “либоси бегона” дониста мешавад ва пӯшидану таблиғи он мамнӯъ аст.

Тарғиби арзишҳои миллӣ дар байни тифлон

Зоҳиран, қабл аз оне, ки ба Тоҷикистон “Барбии ҳиҷобпӯш” ворид шавад, соҳибкорон бо машварати мақомот ба лӯхтакҳо атлас пӯшонидаанд. Ҳоло лӯхтаки атласпӯшро дар бозорҳои Душанбе ва дигар минтақаҳо метавонед дастрас кунед ва як лӯхтак бо либоси миллӣ аз 15 то 25 сомонӣ арзиш дорад.

Як манбаъ дар Оҷонсии “Тоҷикстандарт” рӯзи 17-уми декабр гуфт, ворид накардани “Барбии ҳиҷопӯш” ва ворид кардани лӯхтакҳо бо либоси миллӣ танҳо тавсия ба хотири пуштибонӣ аз сиёсати давлат аст.

“Тарғиби либоси миллӣ ин сиёсати давлати мо ҳаст. Бозича барои тарбияи кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар бораи ворид кардан ё накардани Барбии ҳиҷобпӯш тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст, чун касе барои ворид кардани он ба мо муроҷиат накардааст, вале ба хотири дастгирии сиёсати давлат ва тарғиби либоси миллӣ тарҷеҳ медиҳем, ки лӯхтакҳо бо либоси миллӣ ворид шаванд”-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Мансабдорон мехаранд..

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон регламенти техникии “Бехатарии бозичаҳо” тасдиқ карда шуд, ки воридот ва фурӯши бозичаҳоро ба танзим меорад. Бар асоси он зуд-зуд бо воридкунандагони бозичаҳо сӯҳбат анҷом мешавад.

Хусрав Ренаев, тоҷири дигаре, ки ба фурӯши лӯхтакҳо машғул аст, рӯзи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло лухтакҳо ду се навъи либоси миллӣ “мепӯшанд” ва онҳо аз нафароне, ки аз Чин лӯхтак ворид мекунанд, хостаанд, ки лӯхтакҳои чаканпӯш биёранд.

“Чиниҳо бозорро хуб медонанд. Онҳо ҳам ҳоло барои истеҳсоли чунин навъи лӯхтак алоқамандӣ нишон додаанд. Рафиқам, ки аз он ҷо ворид мекунад, аллакай лӯхтак бо либоси чаканро низ дархост кардааст.”

Исмоил Қурбонов, тоҷири бозичафурӯш дар бозори “Саховат”-и Кӯлоб гуфт, чунин навъи лӯхтакҳоро бештар мансабдорон харидорӣ мекунанд.

“Нархаш аз лӯхтакҳои дигар фарқ намекунад. Ҳоло бештар нафароне барои духтаронашон тӯҳфа мехаранд, ки дар гарданашон галстук доранд ва маълум аст, дар кадом идораи давлатӣ кор мекунанд. Харидаш бисёр хуб аст.”

Воридоти лӯхтакҳо бо либоси миллӣ дар ҳолест, ки чанд соли ахир дар Тоҷикистон тарғиби либосҳои миллӣ ҷараён дорад. Мақомот аз ҳар роҳ талош доранд, то аз пӯшиши либосҳои бегона ё “ҳиҷобу рӯсарӣ” ҷилавгирӣ кунанд. Бар асоси Қонун дар бораи танзими расму анъанҳои миллӣ ҳоло ширкат дар ҷашну маросимҳо бо либосҳои миллӣ ҳатмӣ дониста аст. Акнун либоси миллиро на танҳо занон, балки лӯхтакҳо низ бояд ба бар кунанд, лӯхтакҳое, ки дар Чин ба онҳо атлас пӯшонидаанд.

XS
SM
MD
LG