Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноёфтов: Ба синамои тоҷик филмноманавис намерасад


Маъруф Ноёфтов, ҳунарманди тоҷик, ки аз соли 2008 ба ин тараф дар Амрико ба сар мебарад, имсол барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, аз кору зиндагии худ дар Амрико, мусиқӣ ва синамои тоҷик гуфт.

Радиои Озодӣ: Шумо аз соли 2008 дар Амрико бо сар мебаред. Чӣ шуд, ки шуморо он ҷо бурд?

Маъруфт Ноётов: Дар Амрико дар риштаи коргардонӣ таҳсил кардам. Ҳамин тавр кор пайдо шуд ва зиндагиамро ҳоло онҷо пеш мебарам. Вале, имрӯз танҳо дар Амрико нестам. Бештари вақтам дар Конода ва кишварҳои аврупоӣ мегузарад. Бо коргардонҳо ва ҳунармандони ин кишварҳо ҳамкорӣ дорам.

Радиои Озодӣ: Дар ин сафарҳо ба чӣ кор машғулед?

Маъруф Ноётов: Ҳарчанд дар Амрико дар риштаи коргардонӣ таҳсил кардам, вале ҳоло ба ҳайси наворбардор кор мекунам. Дар ин сафарҳо бо наворбардорон ё гурӯҳи наворбардорӣ даъват мешавам.

Радиои Озодӣ: Шумо дар Тоҷикистон ба ҳайси як ҳунарпеша дар филми “Вақте болои шаҳр борон мерехт” муаррифӣ шудед. Баъди сафар ба Амрико онгуна, ки худатон гуфтед, ба наворбардорӣ рӯ овардед. Чӣ сабаб шуд, ки тағйири кор кардед?

Маъруф Ноёфтов: Ман аз ҳунарпешагӣ даст накашидаам. Дар Амрико дар чанд филми кӯтоҳ нақш бозӣ кардам. Дар театри “Golden Thread” корҳои коргардонӣ ҳам мекунам. Ин театр бо контекстҳо ва мазмунҳое, ки дар Шарқ роиҷ ҳастанд, сару кор дорад. Соли 2010 дар ин театр нақши Мавлоно Румиро иҷро кардам. Баъд дар чандин намоишномаҳои ин театр нақшофарӣ кардам. Яъне, куллан аз ҳунарпешагӣ даст накашидаам. Ҷойе, ки даъват кунанду фурсат дошта бошам ва агар боварӣ дошта бошам, ки аз ӯҳдаи он нақш мебарояму ба ман писанд бошад, бо ҳар коргардон ва дар ҳар кишвар меравам. Чунки ҳунар марз ва забон надорад.

Радиои Озодӣ: То имрӯз дар Амрико барои иҷрои нақш дар филм даъват шудаед?

Маъруф Ноёфтов: Бале, ба яке аз намоишномаҳои коргардон Эткинс даъват шудам, ки ба хотири фурсат надоштан, аз он даст кашидам. Порсол аз тарафи Морган Питерсон, яке аз коргардонҳои ҷавон дар Лос- Анҷелес даъват шуда будам ва дар филми кӯтоҳ нақшофарӣ кардам, вале то ҳол намедонам қисмати ин филм чӣ шуд. Ростӣ аз филмҳое, ки дар онҳо нақшофарӣ кардам, танҳо филми “Вақте ки болои шаҳр борон мерехт”-ро дидаам. Он ҳам ҳангоми баргузории нахустнамоиши он.

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки барои нақшофарӣ дар филмҳо фурсат кам доред. Вақти шумо бештар барои чӣ сарф мешавад?

Маъруф Ноётов: Бештари вақти худро аз паси дурбин мегузаронам. Ҳам ба ҳайси наворбардор ва ҳам тадвини филм. Аз ин рӯ вақти бештари ман дар студиё мегузарад. Чун тадвини филм вақти зиёдеро талаб мекунад. Ҳунар таваҷҷуҳи зиёдро мехоҳад ва ман ҳунарманди худодод нестам ва ҳунари боло ҳам надорам. Ба ин хотир барои нақшофарӣ ба ман вақти зиёд лозим аст, ки худро омода кунам.

Радиои Озодӣ: Зоҳиран ба корҳо дар арсаи мусиқӣ ҳам дар Амрико машғулед. Оё ба корҳои ҳирфаӣ дар ин замина даст мезанед?

Ҳолномаи Маъруф Ноёфтов

Маъруф Ноёфтов соли 1982 дар вилояти Бадахшон ба дунё омада, наврасиаш дар шаҳри Норак сипарӣ шудааст. Соли 2005 Донишгоҳи санъати Тоҷикистонро дар риштаи навозандагӣ хатм карда, дар театри “Падида” кор кардааст. Солҳои 2006-2007 дар ҳайати донишҷӯёни амрикоӣ дар таҳқиқи рақс ва мусиқии мардумии Бадахшон ширкат кардааст. Соли 2008 барои 1 моҳ дар иёлати Роҷистони кишвари Ҳинд ба омӯзиши мусиқии суннатии ин минтақа пардохтааст. Тобистони он сол ба Амрико рафта, то ҳол онҷо кору зиндагӣ мекунад. Маъруф Ноёфтов баъди нақшофарӣ дар филми “Вақте ки болои шаҳр борон мерехт” ба ҳайси ҳунарманд шинохта шуд.

Маъруф Ноёфтов: Бале. Мусиқӣ дар зиндагии ман нақши калоне дорад. Ҳар рӯз баъди бедор шуданам мусиқии суннатӣ гӯш мекунам. Берун аз Тоҷикистон мусиқиро моро ба Ватанамон наздиктар мекунад. Вақте ки дӯстонам аз истеъдоди навохтани созҳои суннатӣ ба монанди сетор ва раббоб хабардор шуданд, маро даъват ба ҳамкорӣ карданд. Чанд консерт буд, ки онҷо ҳунарнамоӣ кардам. Маълумоти олиам дар Донишгоҳи санъати Тоҷикистон навозандагӣ буд ва сеторнавозиро аз устод Ёдгор Акобиршоев омӯхтам. Сетор барои мардуми Амрико як асбоби нав аст. Рубои афғонӣ дар онҷо солҳост, ки ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Чунки Ҳумоён Сахӣ, яке аз рубобнавозӣ забардаст дар Амрико зиндагӣ мекунад. Вале, сетор ва рубоби бадахшонӣ, ки дар он мадҳия мехонанд, он қадар маъруф нест. Мардуми Ғарб хеле кунҷкованд. Хеле мехоҳанд дар бораи чизе, ки нав пайдо мешавад, дар бораи он ҳама чизро бидонанд.

Радиои Озодӣ: Мардум Амрико ба мусиқии Шарқ чӣ нигоҳе доранд?

Маъруф Ноёфтов: Барои онҳо бисёр шавқовар ва ҷолиб аст. Масалан, доиразанон ё онҳое, ки бо зарбу ритм машғуланд, наметавонистанд зарбҳои мусиқии суннатии моро бинавозанд. Аз ҷумла дуторнавози барҷастаи тоҷик Сироҷиддин, ки насабашро фаромӯш кардам, тамоми толорҳои консерташро ба ҳайрат меовард. Инро ман бо боварии комил мегӯям, чунки шахсан дар он консертҳо иштирок доштам.

Радиои Озодӣ: Дар як мусоҳибаи худ мегӯед, ки пешниҳоди ҳамкорӣ аз сӯи менеҷери Андиро рад кардед. Ва онҷо мегӯед, ки “вазифаи ман дар мусиқӣ аз Андӣ фарқ мекунад”. Мешавад, бигӯед, ки ин вазифа чӣ аст?

Маъруф Ноёфтов: Агар гӯям, ки ман дар мусиқӣ вазифае дорам, ин хато аст. Бештар вақте, ки менавозам, барои тамкин ва қувват бахшидани руҳи худам аст. Барои он наменавозам, ки ягон кас онро писандад ва пазирад. Он қадар мутриби забардаст ҳам нестам. Навозандаҳои бисёр хуб ҳам дорем, ки бояд ҳунари мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд. Сабаби рад кардани ин пешниҳод ҳам дар ҳамин буд, ки мусиқии Андӣ мусиқии поп аст. Ҳарчанд ба мусиқии поп ҳам муҳаббат дорам, вале худро лоиқи ҳамкорӣ бо шахсе чун Андӣ бошам.

Радиои Озодӣ: Синамои тоҷикро мушоҳида мекунед, ки дар он чӣ мегузарад?

Маъруф Ноёфтов: Мутаассифона на танҳо кинои тоҷик, балки барои аз дидани кинои ҷаҳон ҳам гоҳо фурсат пайдо намекунам. Вале, агар кинои имрӯзаи тоҷикро бо киное, ки ман нақш офаридам муқоиса кунем, пешравиҳо зиёд шудаанд. Масалан, аз нигоҳи техникӣ. Наворбардорҳое ҳастанд, ки бисёр наворҳои хуб мебардоранд. Умеди бисёр дорам, ки кинои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ба як ҷойи хеле баланд мерасад. Чунки сафи ҷавонҳое, ки ба ин навъи санъат вақти худро сарф мекунанд, зиёд шудааст. Ҳамеша дар расонаҳо мехонам, ки масалан Рустам Шоазимов дар синамобазми амрикоӣ ҷои баланд ишғол кард. Дуввум, филми тозаэҷоди коргардон Умед Мирзоширинов дар Маскав дар бо кафкӯбиҳои баланд истиқбол шуд. Ғайр аз ин Носир Саидов ҳам филмҳои хеле ҷолиб ва хос ба мардуми тоҷик ба навор мегирад. Филми “Оворагард”-и Далер Раҳматов. Ин гуна филмҳо хеле зиёданд. Некбинии ман бар пояи ҳамин филмҳо аст.

Радиои Озодӣ: Феълан ба синамои тоҷик чӣ намерасад?

Маъруф Ноёфтов: Ба синамои тоҷик драматругия намерасад. Филмноманавис намерасад. Мо наворбардор, коргардон ва монтажёрҳои касбӣ дорем. Вале, нависандаҳое, ки хусусан барои филм сенория нависанд, надорем. Шояд бошанду ман хабар надорам, вале то ҳол надидаам.

Радиои Озодӣ: Масъалаи молӣ чӣ?

Маъруф Ноёфтов: Ин масъала дар жанри кино чизи асосӣ аст. Чунки ин намуди санъат пурқимматарин намуд аст. Қомати Тоҷикистон баланд шуда истодааст. Вале барои наворбардории филмҳои шарқӣ маблағи зиёд лозим аст. Онҳо маблағҳо дар мо ҳоло дида намешаванд.

XS
SM
MD
LG