Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қарори ихроҷ ҳаст, аммо раҳо намекунанд". Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз боздоштгоҳи Русия. ВИДЕО


Муҳоҷирон дар боздоштгоҳе дар Русия. Акс аз бойгонист
Муҳоҷирон дар боздоштгоҳе дар Русия. Акс аз бойгонист

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди будани қарори додгоҳ дар бораи ихроҷашон ба Тоҷикистон, онҳоро аз боздоштгоҳи Русия озод намекунанд. Масъулони сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ин гуруҳи муҳоҷирон на моҳҳо, балки ҳамагӣ пеш аз соли нав дастгир шудаанд.

Аҳмадҷон Розиқов, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, қариб чаҳор моҳ боз ӯро аз боздоштгоҳи муваққатӣ раҳо намекунанд ва маълум нест, кай ба ватан бармегардад. Розиқов, ки барои нақзи қоидаи будубош дар Русия дастгир шудааст, гуфт, додгоҳ барои ихроҷи ӯ 10 рӯз муҳлат дода буд, вале қариб чаҳор моҳ аст, ки дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

"Дар инҷо тақрибан 15 шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ба сафорат занг задем, ки кай ҳуҷҷати бозгашти моро мефиристед. Гуфтанд, ки барвақт равон карда будем. Ман қариб 4 моҳ шуд дар ҳаминҷо ҳастам," – нақл кард Аҳмадҷон Розиқов.

Муҳоҷирони тоҷик, ба гуфтаи худашон, дар боздоштгоҳи ноҳияи Гулкеевичи минтақаи Краснодар нигоҳдорӣ мешаванд.

Бахтовар Қаландаров, муҳоҷири дигари тоҷик ҳам аз ин боздоштгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз як моҳ боз дар онҷо аст. Ба гуфтаи ӯ, "ҳатто қарори додгоҳро дар бораи депортатсияро намедиҳанд. Чанд муҳоҷирро баъди гирифтани маблағ ҷавоб доданд, аммо маро раҳо намекунанд."

Икромҷон Мамадҷонов аз шароити нигоҳдориашон дар боздоштгоҳ шикоят кард ва онро тоқатфарсо номид. Ин муҳоҷир, ба гуфтаи худаш, якуним моҳ пеш аз маҳбас озод шуд, вале барои гузаштани муҳлати шиноснома ӯро боздошт карда, дубора ба боздоштгоҳи муваққатӣ оварданд.

Аммо масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия иддаои муҳоҷиронро дар бораи моҳҳо боз нигоҳдориашон рад мекунанд. Бахтиёр Сангинов, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳи ноҳияи Гулкеевскийи Краснодарро аз наздик пайгирӣ доранд.

Шикояти муҳоҷирон аз шароити вазнин дар боздоштгоҳи Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Ин масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, муҳоҷирони тоҷик дар ин боздоштгоҳ 7 нафар ҳастанд ва "қисме аз онҳо пеш аз соли нав ва боқимонда баъди ид боздошт шудаанд".

Ҳар ҳафта даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо баҳонаи надоштани санади корӣ дар Русия боздошт мешаванд. То анҷоми тафтиш онҳоро дар боздоштгоҳҳо нигаҳ медоранд ва баъдан, аз Русия ихроҷ мекунанд. Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар бораи шароити бади боздоштгоҳҳо дар Русия зиёд садо медиҳад.

Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, "низоми боздоштгоҳҳо дар Русия фасодзада аст ва ба ин хотир муҳоҷиронро бо ҳар баҳона дар ин гуна муассисаҳо нигоҳ медоранд". Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳлати камтарини нигоҳдории муҳоҷирон дар боздоштгоҳҳо 10 рӯз ва зиёдаш то 2 солу 10 рӯз аст.

"Ҳатто бисёре аз муҳоҷирон омодаанд, ки бо пули худашон билет харида раванд, вале бисёр вақт иҷозат намедиҳанд ё вақтро кашол медиҳанд. Чун агар ин боздоштгоҳ холӣ бошад, пули буҷаи Русия сарф намешавад ва масъулин наметавонад дар инҷо фасодкорӣ кунанд", -- гуфт ӯ.

Дар панҷ соли ахир беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд ва ҳоло ҳаққи сафар ба ин кишварро надоранд. Як соли ахир раиси ҷумҳури Тоҷикистон ду дафъа афви ин гуруҳи муҳоҷиронро бо мақомоти баландпояи Русия дар миён гузоштааст. Ҷониби Русия ҳанӯз тасмими худро эълон накардааст, ки афви муҳоҷирони ихроҷшуда кай сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар бо ҳадафи кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд. Мақомоти Тоҷикистон ин рақамро беш аз 400 ҳазор медонанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG