Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ِEDB: Тоҷикон дар 20 соли оянда Русияро бо Амрико иваз мекунанд


​Як назарсанҷӣ мушаххас карда, ки аксаран ҷавонон дар Тоҷикистон дар сурати пайдо кардани имконият на Русия, балки Амрико, Туркия ва кишварҳои аврупоиро макони муҳоҷирати корӣ интихоб хоҳанд кард.

Бонки рушди АвруОсиё (Eurasian Development Bank) Туркия, Амрико ва кишварҳои аврупоиро алтернативаи Русия барои муҳоҷирати кории сокинони Тоҷикистон дар бист соли оянда донистааст. Ин бонк мегӯяд, ба ин натиҷа баъд аз як назарсанҷӣ миёни сокинони Тоҷикистон расидааст, ки гуфтаанд дар сурати пайдо кардани имконият барои муҳоҷирати корӣ на ба Русия, балки ба Амрикову Туркия ва Аврупо хоҳанд рафт.

Ин назарсанҷӣ миёни аз 1000 то 2000 нафар дар Тоҷикистон гузаронда шуда, майли рафтан ба он сӯи Уқёнус асосан дар миёни ҷавонон мушоҳида шудааст. Ҳоло сокинони ҷавони Тоҷикистон ба ҳар роҳе худро ба Амрико мезананд, то дар кишвари орзуҳояшон барои худ ҷои по дуруст кунанд. Бархе аз ин ҷавонон бо дарёфти раводиди таҳсил, иддае дигар бо ҳадафи саёҳат то он ҷо рафта, баъдан нақшаи боқӣ монданашонро мекашанд.

Аммо як гуруҳ аз сокинони Тоҷикистон ҳар сол дар айни тирамоҳ бахти худро дар лотереяи корти сабз ё “грин корт”-и Амрико месанҷанд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад ҳамроҳи хонаводаҳои худ ба Иёлоти Муттаҳида рафта, машғулу кору зиндагӣ бишаванд.

Ҳоло талаботи зиёд барои дарёфти “грин корт” боис ба он шудааст, ки имсол арзиши гирифтани як акси махсус барои ин лотерея аз 3 сомонии солҳои гузашта то ба 8 сомонӣ боло биравад. Дар баробари ин, ширкатҳои алоҳида пур кардани аризаро низ бар ивази маблағ пешниҳод мекунанд, ки аз 25 то 50 сомониро ташкил медиҳад. Ба воситаи ин барнома, ки ҳадафаш зиёд кардани намояндагони кишварҳои гуногун дар Амрикост, то ҳоло беш аз 10 миллион сокини Шӯравии пешин амрикоӣ шудаанд.

Фирӯз Баротов, таҳлилгари ҷавон, мегӯяд, ба миён омадани чунин хадамоти пулакӣ барои пур кардани “грин корт” баёнгари он аст, ки талабгорони муҳоҷират ба Амрико дар Тоҷикистон хеле зиёд шудаанд. Ба хусус онҳое, ки шаҳрнишин ва соҳибмаълумотанд ва ба Интернет дастрасӣ доранд, барои кору зиндагӣ дар Русия ба Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ тарҷеҳ (бартарӣ) медиҳанд.

“Як сабаби зиёд шудани таваҷҷӯҳ дар он аст, ки пайдо кардани кор дар Амрико нисбатан осонтар ва муносибати мардум ба муҳоҷирон хеле хуб аст. Аз тарафи дигар мақомоти пулис ҳам муносибати хайрхоҳона доранд ва дар муқоиса бо Русия дар ин масъала роҳҳаттар аст,” – афзуд ӯ. Вале Баротов мегӯяд, ягона мушкиле, ки пеши мавҷи муҳоҷирони тоҷик ба Амрико ва Аврупоро мегирад, роҳҳои ворид шудан ба он кишварҳост.

Таҳлилгарони дигар мегӯянд, бо вуҷуди он ки насли нав дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дар Амрикову Аврупо ва Туркияро беҳтар аз Русия медонанд, аммо имкони кӯчидани гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик дар даҳсолаҳои наздик ба он минтақаҳо баъид ба назар мерасад. Зеро, аз нигоҳи онҳо, ин кишварҳо торафт дар муқобили пазириши муҳоҷирон сиёсатҳои сахтгиронаро ҷорӣ мекунанд ва аз тарафи дигар дар худи ин давлатҳо низ мушкилоти бекорӣ вуҷуд дорад.

Саъдии Юсуфӣ, коршиноси тоҷик, дар ин замина гуфт, Амрикову Аврупо назар ба он ки муҳоҷирони кориро аз Осиёи Марказӣ қабул кунанд, бештар ба сокинони Ховари Миёна ва Ҳиндустону Покистон ва, инчунин, кишварҳои африқоӣ бартарӣ хоҳанд дод. “Муҳоҷирони корие, ки аз Ҳиндустон ва Покистон мераванд,аз хурдӣ бо забони англисӣ таълим мегиранд ва онҳо вобастагии фарҳангиву зеҳниятӣ ва менталитетӣ бо ин ҷаҳон бештар доранд. Пас табиист, ки онҳо имконияти бештари аз худ кардани ин бозорҳоро доранд. Нисбат ба Туркия бояд гуфт, ки пардохти музди меҳнат дар Русия бештар аз Туркия ва ҳатто кишварҳои нафтхезу сарватманди араб аст,” – шарҳ дод коршинос.

Аз нигоҳи Саъдии Юсуфӣ ҳатто бо вуҷуди он ки дар Русия муҳоҷирони тоҷик бо мушкилҳои зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд, аммо рафтан ба ин кишвар барои муҳоҷирони давлатҳои зери нуфузи ин абарқдурат ба хотири набуди раводид (виза) осонтар аст.

Ҳоло ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад. Онҳо ҳар сол ба Тоҷикистон миллионҳо доллар интиқол медиҳанд, ки аробаи иқтисоди хонаводаҳо аз ин ҳисоб мечархад ва Тоҷикистон аз нигоҳи вобастагиаш ба пули муҳоҷирон осебпазиртарин кишвари дунё шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG