Дар шаҳри Маскав албоми таронаҳои муҳоҷирони тоҷик бо номи “Садоҳои Помир. Ду хоҳар” нашр шудааст. Исми ин албом аз ду овозхони асосиаш – хоҳарон Покиза ва Латофат Қурбонҳусейноваҳо – баргирифта шуда, барои сохтани он ду муҳоҷири дигари зодаи Бадахшони Тоҷикистон – Аҷам Чақабоев ва Абдумамад Бекмамадов низ ширкат кардаанд.
Ин муҳоҷирони тоҷик дар саҳнаи ҳунари Русия алакай шинохташудаанд. Онҳо дар “Театр.док”-и Всеволод Лисовский, як театри таҷрибавии Маскав нақши муҳоҷиронро иҷро мекунанд ва дар соли 2014 барои нақшҳояшон дар намоишномаи “Оқин-Опера” сазовори “Золотая маска” (“Ниқоби тилоӣ) – мӯътабартарин ҷоизаи театрии Русия ҳам шуданд.
Фирӯз Шабдолов, продюсери тоҷики муқими Маскав, ки албоми “Садоҳои Помир. Ду хоҳар” бо ибтикори ӯ таҳия ва нашр шудааст, рӯзи 30 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, нашри ин албом як тарҳи сирф ғайритиҷорӣ буд: “Дар як шабнишинӣ ман ҳунари овозхонии онҳоро дидам ва пешниҳод кардам, ки биёед, шуморо дар ягон студияи касбӣ сабт кунем. Хеле душвор буд, чунки онҳо муҳоҷири корианд ва дар Маскав бе ягон рӯзи истироҳат кор мекунанд. Шабҳо баъди кор онҳоро мегирифтаму ба студия мебурдам. Дар натиҷа ҳамин албоми “Ду хоҳар” ба даст омад. Мо онро қариб ки намефурӯшем, асосан ҳадя мекунем. Ин кор барои ман як кӯмак ба ин ҳунармандон буд, барои дил буд.”
Албоми “Ду хоҳар”, иборат аз 9 тарона бо теъдоди 1000 нусха нашр шудааст. Фирӯз Шабдолов мегӯяд, ҳоло ӯ дар сар фикри таҳия ва нашри албоми наве бо номи “Се хоҳар”-ро дорад: “Покизаву Адолат хеле хонандаҳои хубанд. Онҳо як хоҳари дигар доранд бо номи Адолат, ки низ хонандагӣ мекунад. Мо мехоҳем ин дафъа ҳарсе хоҳарро якҷо сабт кунем.”
Всеволод Лисовский, муассис ва саркоргардони “Театр.док” рӯзи 30 март ба Озодӣ гуфт, масруфияти аз ҳад зиёд дар ҷои кори асосиашон боис шудааст, ки Покива ва Латофат Қурбонҳусейноваҳо дар ин авохир дар намоишномаҳои ин театр бозӣ карда наметавонанд. Вале Лисовский мегӯяд, бо ин вуҷуд, “Театр.док” чанд тарҳи нави низ марбут ба ҳаёти муҳоҷиронро дар сар дорад: “Аҷам Чаққабоев ва Абдулмамад Бекмамадов хеле фаъоланд ва чанд нафари дигар аз Бадахшонро ба театри мо ҷалб кардаанд. Мо ҳоло бо онҳо тарҳи намоишномаи наве бо номи “Ид дар хонаи помирӣ”-ро кор карда истодаем. Мо бархе аз саҳнаҳои онро дар иди Наврӯз ба сурати озмоишӣ намоиш додем, вале шакли комилаш ҳанӯз дар садади таҳия шудан аст.”
Дар соли 2014 Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чаққабоев ва Абдулмамад Бекмамадов нахустин барандагони тоҷики ҷоизаи “Золотая маска” (“Ниқоби тилоӣ”) – мӯътабартарин ҷоизаи театрии Русия шуданд. Ҷоизаи вижаи ҳайъати ҳакамон - “Барои садоқат ба фарҳанги суннатии мусиқии мардуми худ дар шароити шадиди зиндагӣ” ("За преданность традиционной музыкальной культуре своего народа в экстремальных жизненных условиях") - ба ҳунармандони тоҷик дар як маросими хос дар саҳнаи Болшой Театр - обрӯмандтарин саҳнаи театрии пойтахти Русия – супурда шуд.
Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чаққабоев ва Абдулмамад Бекмамадов дар солҳои 90 дар Тоҷикистон дар театри Хоруғ бозӣ мекарданд. Покиза як муддат собиқаи кор дар театри “Ганҷина”-и Душанберо ҳам доштааст, вале ҳарсе бо амри тақдир дар соли 2000 ба Русия муҳоҷират кардаанд ва маъмулан ин ҳама сол дар инҷо ягон кори сиёҳеро анҷом медоданд.
Дар соли 2009 ишқи театр онҳоро ба Театр.док овард ва Всеволод Лисовский онҳоро ба иҷрои нақши муҳоҷирони тоҷик дар намоишномаи “Оқин-опера” ҷалб кард. Қаҳрамонҳои тоҷики "Оқин-опера" дар ин намоиш аз саргузаштҳои худ дар Тоҷикистон ва Русия қисса мекунанд ва дар лобалои ин қиссаҳои талху ғамангез бо созҳои миллӣ таронаҳои низ маҳзунеро иҷро мекунанд. “Оқин-опера” сужаи собите надорад, балки дар бештари мавридҳо бадоҳатан иҷро шуда, бозигаронаш дар саҳна ончиро бозӣ мекунанд, ки ҳамон лаҳза аз зеҳни онҳо мегузарад.
Лисовский мегӯяд, намоишномаи нави “Ид дар хонаи помирӣ” низ ба чунин шакли бадоҳатан ба саҳна гузошта хоҳад шуд ва ҳунармандон дар интихоби сужаву тарзи бозӣ комилан озоданд.