Олим, як муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия кору зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ як навори видеоӣ фиристод, ки дар он аз рӯзгори мардикорони тоҷик дар яке аз мардикорбозорҳои ин шаҳр қисса мешавад.
Олим мегӯяд, ин наворро рӯзи 2 июл дар мардикорбозори воқеъ дар кӯчаи Софияи Петербург, ҳамагӣ соате баъд аз рейди навбатии ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бардоштааст. Ба ҳамин далел, мегӯяд Олим, мардикорбозор дар он лаҳзаҳо камодам буд, вагарна маъмулан ҳар рӯз дар инҷо то 50-60 нафар ҷамъ мешаванд. Аксари онҳо, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, аз Тоҷикистон ва қисме аз Узбакистон мебошанд.
http://www.ozodi.org/content/many-tajik-diplom-holders-doing-black-jobs-in-russia/27104169.html
Ин навор дар вокуниш ба матлаби “Муҳоҷирони дипломдор: Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад...” аст, ки рӯзи 1 июл дар сомонаи Озодӣ ба нашр расид. Маълум мешавад, дар мардикорбозори Петербург низ муҳоҷирони дипломдор кам набудаанд.
Яке аз қаҳрамонон дар ин навор зимни муаррифии мардикорони ҳамроҳаш мегӯяд: “Бачаҳо яктояш хирург (ҷарроҳ) аст, ана ун дигараш муаллим аст. Зиндагӣ маҷбурамон кардааст, ки инҷо биоем. Боз ҳар рӯз ФМС-у пулисаш меоянду бачаҳоро ғам медиҳанд. Мо санад дорем. Ҳамааш қоидавӣ аст, лекин боз меоянд ва мо мисли сагу пишак мегурезем ба ҷангалу... Ба ҳамин тариқ рӯзамонро кӯр мекунем дар ҳаминҷо. Як рӯз кор ҳаст, як рӯз кор нест.”
Олим мегӯяд, мардикорон дар ин мардикорбозор дар рӯз маъмулан 1000-1500 рубл кор мекунанд. Албатта, агар коре пайдо шавад. Онҳо, ба гуфтаи худашон, барои анҷоми ҳар кори сиёҳе – аз побел то кандани хандақу сохтани девор ваё тармими хона розианд.
Дар баробари ин 50-60 нафаре, ки ҳар рӯз дар паҳлуи роҳи кӯчаи София ҷамъ мешаванд, тақрибан ҳамин миқдори дигар дар дохили амбори савдои воқеъ дар ин кӯча мардикорбозори дигаре ташкил кардаанд. Дар ин мардикорбозори дуюм занону духтарон ҳам буда, онҳо ҳам барои анҷоми ҳар кори сиёҳе розӣ будаанд. Албатта, агар ягон коре барояшон пайдо шавад.
Дар матлаби “Муҳоҷирони дипломдор: Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад...” дар бораи ин сӯҳбат мешуд, ки корфармоён дар Русия ба истиснои бархе мавридҳои камшумор ба тахассус ва сатҳи дониши муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти чандоне қоил нестанд. Ҳол онки дар байни онҳо низ афроде зиёданд, ки аз нигоҳи саводу малака ва сатҳи тахассус аз мутахассисони Русия кам намеоянд ва бар илова розианд айни корро бо маоши камтар анҷом диҳанд ва бидуни нозу нӯз чанд соате, ки лозим шавад, кор кунанд.