Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар Русия ҳеч нишоне аз писарам намеёбам". Қудратулло куҷо шуд? САДО


Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия писарашро меҷӯяд, аммо ба қавли худаш то ҳол ҳеч нишоне наёфтааст. Қудратулло Юсуфов моҳи сентябри соли гузашта ба падараш телефонӣ гуфтааст, ки пулис ӯро дастгир кард ва бо ҳамин бедарак шудааст. Мақомоти пулиси Русия мегӯянд, аз ин қазия хабар надоранд.

Убайдулло Юсуфов, сокини 52-солаи шаҳри Ваҳдат, як сол боз мунтазири занги писараш аст, ки бори охир телефонӣ гуфтааст, ки пулиси Русия ӯро барои гузаштани муҳлати иҷозаи кор дастгир кард. Қудратулло Юсуфов, писари 24-солаи ин мард дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав дар сохтмон кор мекард.

Юсуфов мегӯяд, моҳи сентябри соли гузашта ва дар тамоси охирин писараш гуфта буд, "мушкил ҷиддӣ нест, пулис ҳатман раҳо мекунад".

"Як соат гузашт, ду соат гузашт, рӯз гузашт, моҳ гузашт, дигар занг назад. Ба Русия омадам, дар ягон ҷо нишонашро пайдо намекунам. Дар шаҳри Уфа ҳоло молбонӣ пайдо кардам, лекин ба ҳама ҷо мактуб менависам, ки писарамро пайдо кунам", -- гуфт ӯ.

Муҳоҷири тоҷик аз идораи пулис занг зад ва нопадид шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
Линки мустақим


Дар Шӯъбаи пулиси шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қазия хабар надоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳолатҳои нопадид шудани муҳоҷирон пас аз даъвати пулис зиёд сабт мешавад. Дар аксар ҳолат, пас аз чанд моҳ ё сол муҳоҷирони нопадидшуда аз зиндон пайдо мешаванд, бархеи дигар бенишон мемонанд.

Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, 20 тан аз наздикони муҳоҷирони гумшуда барои кумак ба ӯ муроҷиат кардаанд.

Дар бештари ҳолат, ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон пас аз боздошт ва ё даъвати кормандони пулиси Русия бенишон шудаанд.

Дар мактубҳое, ки пайвандони муҳоҷирони нопадидшуда дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, мақомоти Русия иддаои пас аз боздошти пулис нопадид шуданро рад мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳолатҳои нопадидшавии муҳоҷиронро рад намекунанд. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар як соли ахир 23 муроҷиат аз пайвандони муҳоҷирони гумшуда гирифтаанд. Ӯ гуфт, 18 муҳоҷири нопадидшударо пайдо карданд, ки баъзе дар зиндон буданд ва шуморе бо сабабҳои гуногун аз тамос бо наздикон худдорӣ мекарданд.

"Ба наздикӣ занеро пайдо кардем, ки аз соли 1997 ба Русия омада, бенишон шуда буд. Писараш муроҷиат кард. Ба Сарраёсати ҷустуҷӯи Вазорати корҳои дохилии Русия муроҷиат кардем. Аз як деҳа пайдо шуд. Санадҳояшро гум кардааст ва андаке гирифтори бемории фаромӯшхотирӣ шуда буд. Бархе пайдо мешаванд, бисёри дигар бедараканд”, -- гуфт Иброҳим Аҳмадӣ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, рӯйхати ҳамаи шаҳрвандони нопадидшударо дар Русия надоранд ва танҳо онҳоеро сабт мекунанд, ки ба намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират муроҷиат мекунанд.

Бори аввал нест, ки аз нопадид шудани муҳоҷирон пас аз даъвати пулис дар Русия хабар мерасад. Аз ин пеш, Мирзо Зарипов, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, аз нопадид шудани ду бародараш хабар дода буд.

Усмон Зарифови 37-сола ва Бобохалил Саъдуллои 29-сола рӯзҳои 13 ва 14-уми июни соли 2017 дар ноҳияи “Солнтсево парк”-и шаҳри Маскав боздошт шуданд. Ба гуфтаи наздикон, ду рӯз баъди боздошти онҳо дар Маскав мақомоти тоҷик пайвандонашонро дар ноҳияи Ҳамадонӣ бозпурсӣ карданд, вале баъдан, дигар нишоне аз онҳо пайдо нашуд. Мақомоти Тоҷикистону Русия аз боздошти онҳо изҳори бехабарӣ мекунанд.

Мирзо Зарипов, ки он замон дар Тоҷикистон қарор дошт, ба суроғи бародаронаш ба Русия омад. Натиҷаи ҷустуҷӯи дусолаи ӯ як бастаи бузурги мактубҳост, ки аз ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистону Русия дастрас кардааст. Посух ба мактубҳоро як ниҳод ба як ниҳоди дигар вогузор кардааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳолатҳое буд, ки ҷасади афроди бенишоншударо аз сардхонаҳо пайдо кардаанд.

Дар баъзе аз шаҳрҳои Русия қабристонҳое мавҷуданд, ки дар онҳо афроди "беном" дафн мегарданд. Аммо наздикони гумшудаҳо умедворанд, ки пайвандонашон дар ин ҷойҳо нестанд ва рӯзе аз худ хабар медиҳанд.

Маълумоти дақиқ дар бораи нопадидшудаҳо дар Русия вуҷуд надорад ва ҳар созмони ҷамъиятии кор бо муҳоҷирон омори алоҳида доранд. Ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафта, аз он ҷо зиндагии хонаводаҳои худро таъмин мекунанд.

XS
SM
MD
LG