Дар шаҳри Екатеринбурги Русия як марди тоҷик барои рафтори ҷавонмардонааш сари забони расоанҳои маҳаллӣ уфтодааст. Равшан, ки собиқаи тӯлонии ронандагӣ дораду ҳоло дар як микроавтобуси шаҳрӣ кор мекунад, даст ба амале зад, ки бисёриҳоро ҳайратзада кард.
Шоми якшанбеи гузашта, ба навиштаи сайти интернетии http://www.e1.ru, Равшан дар мошинаш сумкаеро пайдо кард, ки дар дохилаш либос ва лифофа буд. Дар дохили лифофа тақрибан 850 ҳазор рубл (бештар аз 12 ҳазор доллар) маблағ ва дар рӯи он суроғаву исми як нафар навишта шуда буд. Баъди ду рӯзи интизорӣ Равшан ба ҷустуҷӯи соҳиби пул рафт ва вақте дид, ки ин моли як ҷуфти пири лолу гунг будааст, дар ҳайрат монд. Баъди санҷидани миқдори пул ва ҳам нақдинаҳо, ӯ бовар ҳосил кард, ки соҳиби пул онҳоянд ва пулро ба дасташон дод..
Равшан аз гирифтани подоши хизматаш ва ҳатто "таксипулӣ" сарпечӣ кардааст. Баъди ин худи ҷуфти пиронсолони рус ба раҳбарияти ӯ паёми телефонӣ – СМС зада, аз рафтори Равшан изҳори сипос кардаанд.
Равшан дар сӯҳбат бо сайти интернетии http://www.e1.ru гуфтааст, ки агар ҷавон мебуд, шояд ин пулро азхуд мекард, вале ҳоло аз таҷрибаи рӯзгор медонад, ки медонад, ки моли бегона ҳаром аст ва ба касе насиб намекунад. Ӯ афзудааст, ки мусалмон аст ва наметавонад даст ба моли каси дигар занад.
Пахши хабар дар бораи ҷавонмардии як муҳоҷири тоҷик дар ҳолест, ки дар расонаҳои Русия матлабҳои ғолибан манфӣ дар бораи муҳоҷирони хориҷӣ, ба хусус тоҷикон, нашр мешаванд ва матбуот шаҳрвандони Тоҷикистонро бештар ҳамчун “ҷинояткор” ё “қочоқбари маводи мухаддир” муаррифӣ мекунад. Як ҳамноми қаҳрамони ин қисса ҳамроҳ бо "Ҷамшуд" солҳо боз ба рамзи манфии муҳоҷири тоҷик дар Русия табдил шудаанд.
Гузоришро аз ин ҷо дидан мумкин аст:
http://www.e1.ru/news/spool/news_id-428867.html