Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: "Дар миёни Шумо бонуҳои сатрпӯшро намебинам, ки хуб аст". ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки дар миёни хабарнигорон ҳеч нафар бо либоси динӣ ҳузур надорад. Орумбекзода рӯзи 7-уми феврал гуфт, "дар муқоиса бо нишасти қаблӣ дар миёни хабарнигорон бонуҳои сатрпӯшро намебинам, ки хеле хуб аст".

Вазири фарҳанг тобистони соли гузашта ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон, ки дар миёнашон бонуи сатрпӯше ҳам буд, гуфт, "аз ин бонуи зебо ҳарос мекунем"

Дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз талоши ҳукумат барои ба танзим даровардани либоси аъзои ҷомеа ва ҷилавгирӣ аз пӯшишҳои мазҳабӣ интиқод кардаанд.

Яке аз журналистони сатрпӯш, ки сӯҳбатҳои вазирро соли гузашта шунида буд, дар сӯҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди маҳдудиятҳо ӯ дигар наметавонад барои анҷоми мусоҳибаҳо бо сатри худ вориди идораҳои давлатӣ шавад. Ӯ рӯзи ҳафтуми феврал гуфт, дар дуроҳае мондааст, ки корро бидуни пӯшидани сатр идома диҳад ё аз кор биравад.

Ҳиҷобпӯшон мегӯянд, ёфтани кор мушкил шудааст

Фирӯза Каримова, як хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки аз хурдсолиаш сатр мепӯшад, гуфт, пӯшидани сатр барояш ҳоло мушкили зиёд эҷод мекунад.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон.

"Ман аз донишҳои ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ бархӯрдорам. Пӯшидани сатр ба хотири имонам аст. Ҳамзамон қоидаҳои демократияро ҳам медонам. Напӯшидани сатр бароям душвор аст, зеро ин имони ман мебошад. Ҳоло бояд ҷойи кор пайдо кунам ва ба ин далел саргардонам, ки чӣ кор бикунам", - афзуд ӯ.

Рӯзи 7-уми феврал Шамсиддин Орумбекзода дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи либоспӯшии сокинони кишвар гуфт, китоби тавсияҳои ин ниҳод оид ба тарзи либоспӯшии бонувони тоҷик дар маконҳои ҷамъиятӣ нашр шудааст ва рӯзҳои наздик дастраси ҷомеа хоҳад шуд. Ба гуфтаи Орумбекзода, ин тавсияҳо бар пояи арзишҳои либосҳои миллӣ ва бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои дигар омода шудааст.

"Мардҳо бояд куртаи гулдӯзӣ пӯшанд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, "тибқи ин тавсияҳо, занҳо метавонанд аз миёни анвои мухталифи либос дар бозорҳо мақбули худро харидорӣ кунанд. Аммо дар ҷашни Наврӯз ҳузури занҳо бо либоси атлас ё чакан зарур дониста шудааст."

Муборизаи мақомот бо "либоси бегона"

Мавзӯи пӯшидани либоси миллӣ ва парҳез аз намунаҳои либосҳои мазҳабии мисли сатру ҳиҷоб, аз маъракаест, ки чанд соли ахир дар Тоҷикистон бо истилоҳи мубориза бо “бегонапарастӣ” роҳандозӣ мешавад. Дар баробари манъи пӯшидани ингуна либос дар муассисаҳои таълимиву маҳалли кор дар идораҳои давлатӣ, солҳои гузашта кумитаҳои занон ва дин рейдҳои сӯҳбату фаҳмондадиҳиро дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар ба роҳ монданд.

Дар ин сӯҳбатҳо ба бонувони сатру ҳиҷобпӯш тарзи пӯшидани либоси тоҷикӣ, аз ҷумла тарзи бастани рӯймол шарҳ дода мешуд. Танҳо як гурӯҳе аз мақомот соли 2017 ҳадди ақал бо 8 ҳазор зану духтар дар Душанбе чунин сӯҳбатҳоро анҷом додаанд.

Дар ҳоле ки бархе аз ин бонувон ва ҳам фаъолони ҳуқуқ ин иқдомро хилоф бо озодиҳои шаҳрвандӣ ва инсонии худ арзёбӣ мекунанд, мақомот мегӯянд, ин ҳама бахше аз ҷилавгирии ифротгароӣ дар ҷомеа мебошад. Онҳое, ки ба маъракаҳо бо интиқод менигаранд, мегӯянд, мардони тасмимгиранда дар мақомоти давлатӣ танҳо занонро ҳадаф қарор додаанд.

Либоси мардон чӣ гуна хоҳад буд?

Зимнан, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ин навбат машварату тавсияҳои онҳо либоси мардонаро ҳам дар бар хоҳад гирифт. Бино ба ишораи ӯ, сухан на аз намунаҳои миллии либоси мардона, балки аз эстетикаи пӯшидани ин ё он либос дар мазҳари ом меравад.

"Ҷиҳати либоси мардҳо низ тавсияҳое омода кардем. Зеро, солҳои охир зиёд мушоҳида мешавад, ки мардҳо ба маросими мухталиф бо либоси “ноҷо” ҳозир мешаванд", - шарҳ дод ӯ. Вазири фарҳанги Тоҷикистон афзуд, "ҳатто ҳолатҳое буданд, ки ба ҷаласаҳо мардон бо либоси варзишӣ меомаданд. Ҳамакнун чунин рафтор манъ шуда, мардҳо бояд ба муассисаҳои давлатӣ ё ба театрҳо танҳо бо либоси ба истилоҳ “расмӣ”, яъне шиму курта ё костюму галстук ҳозир шаванд."

"Ин маҳдудияти озодиҳост"

Дар Тоҷикистон дар заминаи тарзи либоспӯшии сокинон ва ҳам танзими либоси занон ҳеч пурсиши афкори умум анҷом нашудааст. Вале дар шарҳҳои ҷудогонаи худ бархе мардон ҳам аз он шикоят мекунанд, ки зарурати пӯшидани шиму куртаи расмӣ ва бастани галстук дар ҳама ҳолат, инчунин, дар тобистони гарм нороҳаткунанда аст. Набуди озодии интихоб дар тарзи пӯшидани либос мардонро ҳам азият мекардааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Коршиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров роҳандозии чунин тавсияҳроо маҳдудияти озодӣ ва хилоф бо арзишҳои демократӣ номид. Ба бовари ӯ, инсон дар интихоби либос бояд озод бошад. Умаров гуфт, “либоспӯшӣ кори шахсии инсон аст. Мудохила ба ин арса метавонад танҳо боис ба тамасхури ҷомеаи ҷаҳонӣ шавад. Аслан, роҳандозии чунин меъёрҳо хоси кишварҳои худкома мебошад. Тоҷикистон дар пайи такрори таҷрибаи Туркманистон аст”.

"Бисёриҳо намедонанд чӣ гуна либос пӯшанд"

Вале назарҳои дигаре ҳам ба гӯш мерасад, ки то ҷое аз иқдоми мақомот пуштибонӣ мекунад. Як тарроҳи маъруфи либос дар Тоҷикистон, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, ба ҳангоми интихоб ва пӯшидани либос масъалаи эстетика ё зебоипарастӣ муҳимтар аз ҳама мебошад.

"Бисёриҳо воқеан ҳам намедонанд, ки ҳар либос ва стил ҷою макони худро дорад ва либосе, ки кас бо он ба маъракаи шод меравад, бояд аз либоси расмӣ фарқ кунад. Дар мо бо либоси бисёр зебову пурҷило ҳам ба бозор мераванд, ҳам ба маърака, ҳам ба ҷои кор ва ҳам барои анҷоми кори хона. Ва ё кас наметавонад дар по «Иринка» - як попӯши латтагии хонагӣ дар кӯча ва ҳамчунин муассисаҳои ҷамъиятӣ гаштугузор кунад. Шояд аз роҳи маҷбурӣ билохира барои як қишри ҷомеа тарзи пӯшидани дурусти сару либос дарс дода шавад."

Бархе соҳибназарон мегӯянд, ки мавзӯи сару либоси сокинон як бахше аз барномаи калони давлатӣ оид бунёди як ҷомеаи дорои идеологияи миллӣ ва ҳомии арзишҳои таърихиву мардумӣ аст, ки ҳадафи дигараш ҳам роҳ надодан ба тавсеаи ақидаҳои ифротӣ мебошад. Чунин талошҳо дар ҳар давру замон мушоҳида шуда, дар давраи шӯравӣ ҳам ҷой доштааст.

XS
SM
MD
LG