Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи "дури" табобат дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сокинони ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон аз дастрасии маҳдуд ба ёрии тиббӣ шикоят мекунанд. Дар вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки инро медонанд ва талош доранд, вобаста ба имконот ин мушкилро ҳал кунанд.

Ҳалима Саидоваи 74-сола (идора номашро тағйир додааст) бештари умри худро дар деҳаи Вазнавди ноҳияи Рӯшон сипарӣ кардааст. Солҳои ахир зуд-зуд бемор мешавад, вале ба ёрии аввалияи тиббӣ умед намебандад, чун аз хонааш бисёр дур аст.

“Беморхонаи ноҳиявӣ 40 километр дуртар қарор дорад. Нақлиёт ба он ҷо дар як ҳафта танҳо се бор мераваду халос" - мегӯяд, ӯ. Ба гуфтаи Ҳалима Саидова дар деҳаи онҳо нуқтаи тиббӣ ҳаст, вале он ҷо танҳо парасторони ҷавон кор мекунанд, табиб ва дору, ҳатто оддитарин доруҳои фурӯнишонандаи дард надорад. Ба далели набуди хадамоти тиббӣ, бисёр мешавад, ки занҳо дар роҳ ба беморхона таваллуд мекунанд.​

Талошҳои ҳалли мушкил

Дар Тоҷикистон ба хидмати тиббӣ на ҳама дастрасӣ доранд. Хусусан ин мушкил дар навоҳии дурдаст вуҷуд дорад. Ба далели набудани мутахассисон, доруворӣ ва шароит, сокинони ин навоҳӣ маҷбуранд, барои муоинаву табобат ба беморхонаҳои вилоятӣ ва ё ҷумҳуриявӣ бираванд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 19 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ “Барномаи кафолати давлатии таъмини аҳолӣ бо ёриҳои тиббиву санитарӣ барои солҳои 2017-2019” мавҷуд аст ва ба нақша гирифта шудааст, ки дар идома тамоми манотиқи кишварро фаро бигирад. Дар ин давра ҳукумат тасмим дорад, дар тамоми кишвар 560 беморхона, марказҳои саломатӣ ва иншооти дигари тандурустӣ бунёд кунад.

Мувофиқи маълумоти расонаҳо дар соли гузашта дар вилояти Хатлон 7 нуқтаи тиббӣ, дар Суғд 1 беморхона мавриди истифода қарор гирифт. Соли 2017 дар Вилояти Бадахшон 12-то марказ ва 17 нуқтаи тиббӣ ба фаъолият пардохтаанд.

Ҷуғрофиё, кадрҳо, маблағгузорӣ - мушкилоти асосӣ

Даврон Муҳаммадиев, сардори Департаменти тандурустии Федератсияи байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Аврупо, ки солҳои зиёд дар Тоҷикистон кор кардааст, се омили аслии таъсиргузор ба дастрасӣ ба тибро ҷудо мекунад. Ӯ омилҳоро чунин баршумурд:​

Ҷуғрофиёӣ – кишвари мо кӯҳистонӣ ва дорои манотиқи душворгузар аст ва деҳоте дорад ки дар бархе аз моҳҳои зимистон, бо ҷаҳони берун робита надоранд.​ Зарфияти кадрӣ - таъминот бо табибон ва мутахассисони тиббии дараҷаи миёна."

Дараҷаи маблағгузорӣ

Ба гуфтаи вай, бо назардошти манотиқи дурдаст, дар низоми тандурустии кишвар муассисаҳои ёрии аввалияи тиббиву санитарие чун нуқтаҳои фелдшериву момодоягӣ, амбулаторияҳ, беморхонаҳои минтақавӣ дар назар гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, мардум дар деҳоти дурдаст аввал бояд ба нуқтаҳои фелдшерӣ дастрасӣ дошта бошанд, ки онҷо ёриҳои аввалияро бигтрпнд ва дар сурати зарурат ба шифохонаҳои марказӣ равон карда шаванд. Вале, мегӯяд коршинос, аз рӯйи таҷриба мардум мустақиман ба беморхонаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ муроҷиат мекунанд, ки бар асари ин ин беморхонаҳо лабрез мешаванд ва ин сабаби пойин рафтани сатҳи хидматрасониҳои тиббӣ меоварад.

Норасоии мутахассисон

Коршинос сабаби асосии ин мушкилро дар он мебинад, ки қисмати бештари кадрҳои тиббие, ки омода карда мешаванд бартарӣ медиҳанд, ки ба ноҳияи худ, ба муасисаҳои мавҷуд, ба нуқтаҳои фелдшериву момодоягӣ ва амбулаторияҳо деҳот барнамегарданд.

“Дар натиҷа ин мешавад, ки давлат будҷа масраф мекунад, вале кадр ба даст намеоварад" -мегӯяд, Даврон Муҳаммадиев.

Додаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ норасоии табибон, мутаххасисони миёнаи тиб ва духутурони оилавиро таъйид мекунанд. Моҳи июни соли гузашта вазири тандурустӣ Насим Олимзода дар мусоҳиба бо “Азия плюс” гуфта буд, ки дар ҷумҳурӣ 4 252 духтури оилавӣ ё 79,9% аз шумораи зарурӣ (5333) ва 7355 парасторони оилавӣ ё 68,9% фаъолият мекунанд.

Мувофиқи меъёр барои 1500 нафар як духтури оилавӣ ва барои ҳар 700-800 шаҳрванд як корманди бахши миёнаи тиб лозим аст. Вале ба далели набуди табибон як табиби оилавӣ барои 7-8 ҳазор хидмат мерасонад.

«Мо аз имконот истифода мебарем»

Шодихон Ҷамшед, суовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мушкили дастрасӣ ба хидмати тиббӣ бар асари шароити куҳӣ на танҳо дар Бадахшон, балки дар минтақаи Рашт ва навоҳии Айниву Мастчоҳи куҳӣ низ вуҷуд дорад.

“Дар минтақаҳои дурдаст бунгоҳҳои мо ба таври истисно, сарфи назар аз кам будани шумораи аҳолӣ, ташкил карда шудаанд, хусусан дар Бадахшон. Дар ин сатҳ дараҷаи миёнаи хидматрасониҳои тиб пешниҳод мешавад, вале дар сатҳи ноҳия ва вилоят табибон кор мекунанд. мегӯяд, Шодихон Ҷамшед.

Соли гузашта барои бахши тандурустии Тоҷикистон 1,5 миллиард сомонӣ (170,1 млн доллар) ҷудо шудааст, ки 7 % буҷаи давлатро дар бар мегирад. Қисмати бештари маблағ барои музди кормандони соҳа, хариди таҷҳизот ва доруворӣ харҷ шудааст.

Тарки мутахассисон

Бо вуҷуди ин, вазъи молиявии духтурон дар ҷумҳурӣ беҳбудиро талаб мекунад. Мувофиқи дастурамали пардохти музди кормандони бахши тандурустӣ соли гузашта духтури оилавие, ки дараҷа надорад – 809,60 сомонӣ, дорандаи дараҷаи ду – 899,30, дараҷаи як – 998,20 ва дараҷаи олӣ – 1108,60 сомонӣ маош мегиранд. Бо ҳамин сабаб, бештари духтуроне, ки таҷрибаи лозим ҳосил кардаанд, маҷбуранд кишварро ба қасди зиндагии беҳтар тарк кунанд, ва бештар ба Русия бираванд.

“Маъмулан, ҳангоми сар задани мушкилот, дарҳол вазорати тандурустиро гунаҳкор мекунанд. Вале сарфи назар аз қолабҳои мавҷуда, бештари чиз аз вазорати молия, ҳукуматҳои маҳаллӣ, маблағҳои ҷудошуда барои тандурустӣ дар маҳалҳо вобаста аст. Яъне агар духтур ва ё парастор дар деҳа намерасад, пас маблағгузорӣ ба дунболи он ба шаҳр меравад”- мегӯяд Даврон Муҳаммадиев.

Коршинос барои ҳалли мушкил ба зарурати ташкили бимаи муассири тиббӣ ишора мекунад, вале таъкид мекунад, ки барои ин аҳолӣ бояд кор кунанд ва даромади собит дошта бошанд, то битавонанд пардохт кунанд.

XS
SM
MD
LG