Шӯрои васоити ахбори омма (ВА)-и Тоҷикистон бо анҷоми як таҳлил ё мониторинг ва омӯзиши мӯҳтавои навиштаҳои 8 нашрияи чопӣ ва 6 сомонаи интернетӣ, аз ҷумла нашрияи “Нигоҳ”, “Чархи Гардун”, сомонаҳои “Озодагон”, “Озодӣ” ва “Азия плюс” ба ин хулоса расидааст, ки расонаҳо хеле кам ба мавзӯъҳои гендерӣ ва умуман ба масоили занон таваҷҷӯҳ мекунанд ва қаҳрамони ағлаби матлабҳои расонаҳои кишвар мардонанд. Як интиқоди дигари таҳлилгарон ин буд, ки дар расонаҳо занон бештар дар образҳои мазлум ва бад тасвир ёфта, роҷеъ ба паҳлуҳои манфии зиндагии онҳо зиёд мавод навишта мешавад.
Қироншоҳ Шарифзода, раиси шӯрои ВАО рӯзи 23 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ин мониторинг бо ҷалби таҳлилгарони масоили гендерӣ давоми 2 моҳ идома кард, таҳлил кардем ҳама маводро.Тавре муайян шуд, мавзӯъҳое, ки ба расонаҳо дар ин мавзӯҳо пешниҳод мешаванд, чандон бозоргир нестанд. Чун аксаран ин нашрияҳо ба истилоҳ ғайриҳукуматӣ ё хусусианд, молеро нашр мекунанд, ки хонанда биорад. Бо анҷоми ин таҳлил мо барои беҳтар шудани вазъ ва инъикоси масоили гендерӣ дар расонаҳо як силсила тавсияҳо барои хабарнигорону нашрияҳо омода шудааст.”
Аммо аз ин хулосабарории Шӯрои ВАО на ҳама масъулини расонаҳо истиқбол мекунанд. Дастандаркорони расонаҳо бар инанд, ки бархӯрд ба мавзӯъ вобаста ба воқеаҳои рӯз аст ва ҳар мавзӯе, ки ҷолиб асту ба нашрия хонанда меорад, новобаста аз он, ки он дар бораи як мард аст ё зан ҳатман, ки ба баррасӣ гирифта мешавад.
Фаридуни Раҳнавард, муҳаррири нашрияи “Нигоҳ” мегӯяд, ҳафтаномаи онҳо, ки сиёсӣ-иҷтимоӣ аст, аммо аз ҷониби занон ҳам ба унвони ин нашрия шикояту муроҷиатҳои зиёде ворид мешавад ва онҳо ҳам дар ин бора зиёд менависанд. Аммо Фаридун мегӯяд: «Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки занон дар сиёсат, иқтисоду тиҷорат фаъолияти камтар доранд ва чеҳраи хабарсоз нестанд, дар нашриёт ҳам нисбатан кам тарғиб мешаванд. Имрӯз нашрияҳо аз зани колдхозчӣ дида, бештар ба дигар мавзӯъҳо таваҷҷӯҳ доранд. Вале ба ҳар сурат, мо ҳам кӯшиш мекунем дар бораи вазъи занҳо, хушунат бинависем. Матлаби охирини мо ҳам дар бораи фоҷеаи як зани эронӣ буд, ки дар Тоҷикистон мавриди таҷовуз қарор гирифтааст.”
Фаридун мегӯяд, мавзӯҳои иҷтимоӣ дар бозори матбуот ҳамеша харидори худро дорад.
Зимнан дар як назарпурсии кӯтоҳи мо ҳам дар хиёбонҳои Душанбе рӯшан шуд, ки мардум бештар дар ҳафтаномаву расонаҳо, матлабҳоеро мутолеа мекунанд, ки ба зиндагӣ онҳо наздик бошад ва дар он мушкилоташон инъикос ёфта бошад.
Як ҳамсӯҳбати мо аз ҷумла гуфт: ”Мавзӯи серхонандатарин ба фикри ман, имрӯз мавзуест, ки дарди ҷомеаро бозгӯ мекунад, ман масалан нашрияро мехарам, пеш аз ҳама мехоҳам мақолаеро хонам, ки дарди дили ман дар он ҷой дошта бошад. Мавзӯи гендеру хушунату мушкилоти хонаводагӣ ҳам хуб аст, аммо ин мавзӯҳо бештар шахсӣ ё оилавианд ва ман фикр мекунам мо бояд бештар ба мавзӯҳои ҷамъиятӣ рӯ орем.”
Аммо дар ин миён хонандаҳои матлабу мақолаҳо дар мавзӯи хушунати зан ва мушкили хонаводагӣ ҳам кам нестанд. Абдуҷалил Юсупов, мусоҳиби дигари мо мегӯяд, ҳоло расонаҳо бештар дар робита ба ҳодисаву фоҷеҳо мисли қатлу куштору ҷанг менависанд, ки мутолеаи ин мавзӯҳо барои ӯ чун як хонанда чандон хушоянд нест. Вай бо ҷонибдори аз ин ақида, ки мавзӯи занону хушунат дар расонаҳо бозтобӣ камтар доранд мегӯяд: «Матлабҳо дар бораи корҳои сиёҳи занон менависанд. Матлабҳо хеле маҳдуд аст нисбати занон, ҳарчанд занҳои қаҳрамон дар мо кам нестанд. Ҳоло ҳам ба зан аз нуқтаи назари давраи феодализм нигоҳ мекунанд. Мо бояд занҳои ба ҷамъият манфиатовари моро ва дар бораи онҳо зиёд нависем. Масалан модаре, ки дар Узбакистон 49 фарзандро тарбия кардааст ва дар Тошканд ҳайкали ӯ гузошта шудааст, чунин занон дар мо каманд?»
Набӣ Юсупов аз ташкилои ҷамъиятии “Машварати расонаӣ”, ки бо матбуот кор мебараду дар ин робита пажӯҳишҳо анҷом медиҳад, мегӯяд, хонандаи рӯзномаҳои сиёсӣ ҷамъиятӣ аксаран мардҳо ҳастанд ва барои онҳо мавзӯҳое мисли хушунат ва мушкилоти хонаводагӣ ё занон чандон ҷолиб нест. Нашрияҳо ҳам дар навбати худ ба мавзӯъҳое даст мезананд, ки харидор дошта бошад. Аммо ба қавли ӯ, нашрияҳои дигар аз ҷумла “матбуоти зард” дар миёни қишри занон маҳбубтар боқӣ мемонанд.
Ҷаноби Юсупов дар робита ба мавзӯҳои серхонанда гуфт, чанд соли қабл хонандаҳо ғолибан ба мавзӯҳои сиёсӣ ва ҳангомаву матлабҳои баҳсӣ таваҷҷӯҳ доштанд, аммо ҳоло талаботи хонанда дигар шудааст ва онҳо мақолаҳои наздик ба зиндагиву мушкили худро хондан мехоҳанд:
”Дар бораи қумандонҳои пештара мақола навишта, аз ҳисоби ҳамин баҳсҳо ва мақолаҳои нимтаҳқиқотӣ таърихи рейтинг мекарданду харидори худро бештар мекарданд. Акнун хонандаи чунин мақолаҳо камтар аст. Ҳоло хонанда мехоҳад, мақола ва хабар дар сатҳи баланди профессионалӣ ва бо факту далелҳои асоснок нашр шавад. Қаблан ҳам чунин мақолаҳо буданд, албатта аммо хеле кам. Ҳоло таваҷҷӯҳ бештар ба сифати мақола равона шудааст. Ва ҳамчунин ба мавзӯҳое, ки ба зиндагии мардум наздик аст. Масалан мақола мавзӯи гум шудани духтарчаҳо дар расонаҳо бубинед, чӣ қадар хонанда дошту таваҷҷӯҳ ба он зиёд буд. Ин мушкили ҳаёти имрӯзи мо аст.”
Бино ба оморҳо, дар Тоҷикистон ҳудуди 300 нашрия ҳаққи чопро доранд, моҳе як ё ду бор, аммо бархе ҳар ҳафта нашр мешаванд. Аз ин теъдод тақрибан 40 дарсадро матбуоти ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд. Ғолибан ин нашрияҳо сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангианд.