Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қисми роҳи Душанбе-Чаноқ фурӯ рафт. АКС


Тармими ин қисмати роҳ идома дорад
Тармими ин қисмати роҳ идома дорад

Як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ, шоҳроҳе, ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази пайваст мекунад шаби гузашта пурра фурӯ рафтааст. Дар чанд соли ахир ин ҳодисаи камназир аст, ки як қисмати ин роҳ фурӯ меравад.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, Инновейтив Роуд Солюшнз, масъули нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса тахминан соатҳои 2-и бомдоди рӯзи 2 июн рух додааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин соат дар 138-ум километри роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ҳудуди 35 метр роҳ пурра фурӯ рафт.

Далери Абдулло афзуд, кормандони ширкат дар ҷойи фурӯрафтаи роҳ феълан роҳи муваққатӣ кушодаанд.

“Новобаста аз он, ки ҳодиса шабонгоҳ рух дод, дар муддати кутоҳ қисмати аъзами техника ба ин минтақа сафарбар шудаанд. Бо заҳмати кормандони ширкат аз дили кӯҳ роҳи муваққатӣ эъмор ва ҳаракати якҷонибаи воситаҳои нақлиёт муваққатан таъмин карда шуд,”-гуфт Далери Абдулло.

Дар ширкати IRS ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса ягон нақлиёт ва шаҳрвандон осеб надидаанд.

Ширкати Innovative Road Solutions соли 2009−ум дар минтақаи офшории Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Масъулияти нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ дар ихтиёри ин ширкат аст.

АГАР ДАР ИН РОҲ БАНД МОНДАЕД ВА Ё ШОҲИДИ ҲОДИСА БУДЕД, ЛУТФАН БА МО НАВИСЕД Ё АКСУ ВИДЕО ФИРИСТЕД ВА БА ИН РАҚАМ +420 724 053 957

XS
SM
MD
LG