Кӯтоҳқадҳои Тоҷикистон талош доранд, ки созмони худро таъсис дода ва бо ин роҳ аз ҳуқуқи худ дар ҷомеа ҳимоят намоянд. Бо он ки онҳо дар бахшҳои мухталиф, бахусус дар театр ё сирк фаъолият мекунанд, аммо ҳанӯз худро қишри осебпазир медонанд ва ба ёриву дастгирӣ ниёз доранд.
Фотимаи Шамсиддин, як духтари кӯтоҳқад аз шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки "мо орзу дорем, як ҷамъият ташкил шавад. Зеро метавонем якҷоя ҷамъ оем, аз мушкилии якдигар бохабар шавем ва каме ҳам бошад худро солим эҳсос кунем. Дар нақлиёт, бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ вақте бо ангушт ишорат мекунанд, хеле дардовар аст."
Бекмуҳаммади Асомуддин, роҳбари театри бадеии "Афсона", ки беш аз панҷ сол боз талоши ташкили чунин як ҷамъияти махсусро дорад, мегӯяд, билохира ду рӯз қабл ҳуҷҷатҳои заруриро ба Вазорати адлияи Тоҷикистон супурдааст. "Феълан мунтазири ҷавоби вазири адлия ҳастем. Баъд аз он ба фаъолияти худ оғоз мекунем ва ба чунин кӯтоҳқадон каме ҳам бошад, дасти ёрӣ дароз мекунем," - афзуд ӯ.
Аксар ҳунармандони "Афсона" кӯтоҳқаданд ва маълумоти актёрӣ надоранд. Аз он ки онҳо наметавонанд дар дигар бахс ҷойи кори муносиб пайдо кунанд, рӯ ба театр овардаанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, театр ягона ҷоест, ки дар он худро фарди комилҳуқуқ ва сиҳатманд эҳсос мекунанд.
Шарифамоҳ Шарифова қаблан дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе ба ҳайси тамизгар кор мекард. Ҳоло ӯ ҳунарманди фаъоли ин театр мебошад ва талабот ба ҳунари ӯ хеле зиёд аст. Шарифамоҳ Шарифова мегӯяд: "Аз ин пеш корам аслан аз табақшӯӣ иборат буд. Чанд ҷой барои кор мерафтем, қабул намекарданд, кор нест мегуфтанд. Баъдтар маро ба театр даъват карданд ва ҳоло зиндагии беҳтар дорам."
Хадичаву Кибриё, ду ҳунарманди хурдтарини театр ҳастанд, ки 12-солӣ доранд. Бо вуҷуди маълулӣ намехоҳанд, ки сарбори волидон бошанд ва аз ҳоло ҳунарнамоӣ мекунанд, то ба модарашон, ки ба гуфтаашон, маҳз онҳо боиси аз кор ронданаш шуданд, ёрӣ кунанд.
Хадича Муслимова, яке аз ин ду ҳунарманди хурдсол мегӯяд, "вақте моро модарам ба ҷойи кораш мебурд, одамон омада мегуфтанд, ки дигар моро наорад. Аммо модарам ба ҳарфи онҳо гӯш намедод. Онҳо рафта ба раис шикоят бурданд. Баъд модарам моро дигар ба кор намебурданд, аммо диданд, ки мо дар хона зиқ шудем ва дубора моро ба кор бурд, ки раис ӯро аз кор ронд."
Зиндагӣ барои ашхоси кӯтоҳқад дар Тоҷикистон ба маротиб душвор аст. Онҳо маъмулан зери табъиз ва мавриди тамасхури мардум қарор доранд. Бисёрии онҳо мекӯшанд, ки пеши чашми мардум камтар намудор шаванд.
Ҳунармандони ин театр талош доранд, ки бо ҳунари худ ба дигарон хурсандӣ биоранд. Онҳо хушҳол ҳастанд, хуб ҳаракат мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки бачаҳоро ҳам шод кунанд.
Аз сабаби набудани ҷамъияти вижа, шумори дақиқи кӯтоҳқадҳо дар кишвар муайян нест. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар бораи шаҳрвандони кӯтоҳқад омор надорад. Аммо аксари онҳо чун маълул ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, аз 80 то 100 сомонӣ нафақа мегиранд. Бо ташкили як ҷамъият, кӯтоҳқадони тоҷик бовар доранд, ки мушкили онҳо хеле осон мегардад ва онҳоро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа хоҳанд шинохт.