Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборакшо, овозхоне, ки бо гузашти солҳо шӯҳраташ кам нагашт


Муборакшо Мирзошоев.
Муборакшо Мирзошоев.

19-уми август аз солрӯзи Муборакшо Мирзошоев, овозхони хушасадо 52 сола пур шуд.

Ӯ расо 13 сол пеш замони ҷавониву номдорияш аз дунё даргузашт, аммо бо гузашти ин ҳама солҳо шӯҳрати ӯ кам нагашта оҳангҳои дилошӯбаш то ҳанӯз аз манзилҳову дохили мошинҳо ва нуқтаҳои дискфӯрӯшиҳо ба гӯш мерасад.

Муборакшоҳ, дар ҳамин рӯз соли 1961 дар яке аз рустоҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон чашм ба ҳастӣ кушод ва ҳанӯз дар синни 14 солагӣ аввалин оҳангашро иҷро кардааст, аммо фаъоляити ҳунарии худро соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз намуд.

Ӯ воқеан овозхони мардумӣ буд, чун оҳангу сурдҳояш дар замоне, ки тоҷикон даст ба гиребон буданд,ва баъдан дар чорсӯи ҷаҳон парешону пароканда шуданд, ҳамдилу ҳамандеш мекард. Сурудҳояш ба қалбҳо малҳам буд ва ҳанӯз ҳам садои марғуладораш ба дӯсторони оҳангу таронаҳои ноб оромиш мебахшад. Ӯ ҳаёти худро бидуни ҳамсару фарзандон тасаввур намекард, ва марги бармаҳал ва ногаҳонии ӯ зарбаи сахте ба се писараш аз ҷумла Асилишо буд, ки он вақт ҳамагӣ 13 сол дошт.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:30 0:00
Линки мустақим


Дар рӯзи мавлуди Муборакшо Мирзошоев Радиои Озоди бо писари бузурги вай Аслишо, ки ҳоло 25 сол дорад ва хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Тоҷикистон аст, сӯҳбат анҷом дод. Аслишо сӯҳбатро аз он оғоз кард, ки ҳар сол зодрӯзи падарро бо аҳли хонавода ва дӯстони наздики ин хонандаи фақид, гирди як хон таҷлил мекунанд.

Аслишо Муборкшоев: Мо дар гирди хон мешинем, оҳангҳои падарамро мегузорем ва аз ӯ ёд мекунем. Худи ман аз падарам хотираҳои хеле зиёд дорам. Ӯ моро хеле дӯст медошт ва ҳамеша меҳрубон буд. Бо мо сайри гашт карданро меписандид, бароямон ҳар гуна қиссаҳои шоду ғамангезро нақл мекард. Ҳеҷ рӯзе набуд, ки мо аз таваҷҷӯҳаш дар канор монда бошем, моро бо худ ба консертҳояш мебурд. Ҳатто бародари хурдиямро бо худ ба Маскав ҳамроҳ гирифта буд. Бароямон фақат моҳӣ мехарид ва пок будани моҳиро тавсиф менамуд. Беҳтарин лаҳзаҳои ман дар канори падарам гузашт, аммо мутаассифона ӯ хеле барвақт моро тарк кард. Ӯ барои ман чун шахси беҳтарин идеалӣ боқӣ мондааст. Ҳар боре, ки нороҳат бошам ва ё ягон мушкилот маро рӯҳафтода кунад, ҳатман оҳангҳои падарамро гӯш мекунам. Сурудҳояш ба ман умед ва нерӯ мебахшанд. Натанҳо барои он, ки ӯ падарам аст, балки садояш ҷаззобияти махсус дорад ва маро ба зиндагӣ хушбин мекунад.

Аслишо бо модараш ва Девика, овозхони гурӯҳи "Барака"-и Латвия.
Аслишо бо модараш ва Девика, овозхони гурӯҳи "Барака"-и Латвия.
Озодӣ: Хосатан кадом оҳангаш бароят бештар наздик аст?

Аслишо Муборкшоев: Тақрибан ҳамааш. Кулли таронаҳояш олиянд. Чун ҳар як сурудаш аз вуҷудаш тавлид шудааст. Барои ҳамин ҳам сурудаҳояш ба авҷи шӯҳрат расидаанд. Ва ҳатто дар мусиқии ҷаҳонӣ ҳам ӯ чун эталон боқӣ мондааст ва ҳар нафаре, ки оҳангашро бишнавад, дарҳол эҳсос мекунад, ки дар мусиқӣ вай гавҳар аст. Ҳарчанд ӯ дар деҳаи хурде ба воя расидааст, ки ин фарҳанги поп вуҷуд надорад, аммо ӯ ин ҳамаро аз қалби худ тавлид ва ба шунаванда пешниҳод кард. Албатта вақте падарам даргузашт, бештар аз ҳама барои модарам мушкил буд, чун бо се фарзанди ноболиғ танҳо монд. Аммо ҳол шукри Худо ҳама хуб аст. Ман дар ширкати Тселл фаъолият мекунам, бародари миёнаам дар Маскав футбол машқ мекунад. Ӯ мехоҳад футболбоз шавад ва фикр мекунам дурнамо ҳам дорад. Бародари хурдиям Имомалишо бошад аз пай ҳунари падарам рафтааст. Ӯ дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекуанд. Созҳои мусиқиро менавозад, ҳатто дар хона гитори падарамро низ мегирад. Аммо ростӣ, ҳоло ман ба ӯ ин иҷозаро намедиҳам, чун аллакай чанд торашро кандааст. Аммо ӯ воқеан истеъдод дорад ва мо хеле мехоҳем ӯ давомдиҳандаи кори падарам бошад.

Озодӣ: Аммо оё овози Имомалишо ба садои падараш шабоҳат дорад?

Аслишо Муборкшоев: Албатта, овози ҳамаи мо ба падарамон монанд аст. Аммо чун ҳоло бештар миёни ҷавонон жанри реп ва ҳип-ҳоп мӯд аст, ӯ ба ҳамин равия майл дорад. Рости гап, истеъдоди овозхонӣ аз падар ба ҳар сеи мо меросӣ аст. Ман низ дар замони донишҷӯиям суруд мехондам, аммо ҳоло не. Чунки фикр мекунам, агар шахс суруд мехонад, бояд аз самими қалб бисарояд. Вале шояд дар оянда ман низ ҷиддан ба овозхонӣ машғул мешавам, зеро фарзандони овозхони шинохта рӯи саҳна ҳастанд. Аммо мо фарзандони яке аз асосгузорони эстардаи тоҷик оҳанг намехонем. Аз ин хотир ман ҳам кӯшиш мекунам дар ояндаи наздик сурудҳои худро ба гӯши шунаванда бирасонам.

Озодӣ: Аслишо, оне, ки ту фарзанди овозхони шинохта ҳастӣ бароят дар зиндагӣ кӯмак мекунад?

Аслишо Муборкшоев: Ҳатман, ин кӯмак мекунад, чун вақте атрофиён мефаҳманд ман писари Муборакшо ҳастам, ин таъсир мекунад. Зиёд таърифаш мекунанд, барои ман ҳам ин хеле писанд аст, ки ба эҷодияти падарам бетафовут нестанд. Аммо аз тарафи дигар ин масъулити зиёдро ба кас бор мекунад, чун бояд ҳамеша дар сатҳи падар қарор дошта бошам. Яъне, дар ҷомеа аз ҷиҳати инсонӣ набояд аз худ камӣ нишон бидиҳам, мисле, ки падарам буд. Чун ӯ худро ба ҷомеа бахшид, аз ин хотир каме душвор аст. Чун фарзанди шахси шинохтаӣ ва ҳамеша дар мадди назар қарор дорӣ.
XS
SM
MD
LG