Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқаи Раҳмону Ҷеенбеков барои иҷрои "корҳои мушкил" дар марз. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Сооробой Ҷеенбеков дар Иссиқкӯл
Эмомалӣ Раҳмон ва Сооробой Ҷеенбеков дар Иссиқкӯл

Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон идомаи талошҳо барои таъйин ва аломатгузории марз ва ором кардани сокинони деҳоти наздимарзтиро дар мулоқоте дар Иссиқкӯл баррасӣ кардаанд.

Бино бар гузориши дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, сарони ду кишвар аз дидор дар Иссиқкӯл изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфтаат: "Мо ҳамфикрем, ки бояд раванди аломатгузории марзи қирғизу тоҷикро тезонем. Бо такия ба усули эҳтироми манфоеи ҳамдигар ва бо назардошти ончӣ, ки то ҳоло мувофиқа шудааст, аз корҳои сода ба мушкил гузарем".

Дар изҳороти дафтари матбуот ҷузъиёти бештар ва тафсири содаву мушкил оварда нашудааст, вале пештар коршиносони ду ҷониб борҳо гуфтаанд, ки дар ҳалли масъала ба мавзуъҳои мушкил расидаанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, мулоқот имконияти хубе барои дваом додани муколамаи созанда буд.

"Мо ба рушди ҳамкории наздик бо Қирғизистон манфиатдорем ва ба таҳкими муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ аҳаммияти зиёд дод, собитқадамем. Муколамаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башарӣ бори дигар нишон медиҳад, ки ин ҳамоягӣ амиқтар хоҳад шуд", -- гуфтааст раҳбари Тоҷикистон.

Аз ин пештар дар рӯзи 26-уми июл дар Исфара дар толори маҷмааи "Ориён" раҳбарони ду кишвар мулоқот карданд. Дар мулоқот ҳайатҳои ҳукуматҳо ба мувофиқа расиданд, ки кори Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади ду кишвар ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад “машварату музокирот идома ёбад”.

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи баҳсҳову масъалаҳоро аз роҳи муколама ҳал кардан лозим аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Аввали ҳамин ҳафта муноқиша байни сокинони ҷамоати Ворух дар Исфара ва деҳаи Оқсои Қирғизистон ба задухурд кашид. Дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 20 нафар аз ду тараф маҷрӯҳ шуданд. Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва хунрезӣ кардаанд.

Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи ба музокироти марзӣ наздик мегӯянд, Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбаи худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз дастикам 143 000 гектар заминаш дар Қирғизистон мондааст.

XS
SM
MD
LG