Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ва Бишкек: Бо таблиғгарони ҷанг мубориза мебарем


Раҳбарони вазоратҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷалби афрод ба фаъолиятҳои экстремистиву террористӣ, ба тавофуқ расиданд.

Раҳбарони вазоратхонаҳои дохилии ҳарду кишвар барои мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷалби афрод ба фаъолиятҳои экстремистиву террористӣ ба тавофуқ расиданд. Дар чаҳорчӯби мушовараи аввалини муштараки вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи нави ҳамкорӣ дар амри муборизаи муштарак зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба имзо расид.

Дар ин бора вазирони дохилаи Тоҷикистону Қирғизистон - Рамазон Раҳимзода ва Мелис Турғунбоев дар баробари хабарнигорон дар як нишасти матбуотӣ хабар доданд. Ҷонибҳо гуфтанд, ки дар давоми ду рӯзи кори мушовараи вазоратхонаҳои ҳарду кишвар - 14 ва 15 апрел масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои ниҳодҳои қудратӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Нахустин мушовараи вазирони умури дохилаи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум)-и вилояти Суғд ҷараён гирифт. Мелис Турғунбоев, вазири умури дохилаи Қирғизистон рӯзи 15 апрел дар баробари хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни мулоқоти сесоатаи раҳбарони вазоратхонаҳо нақшаи умумии ҳамкорӣ, аз ҷумла кор дар чаҳорчӯби Шӯрои ҳамоҳангсози сохторҳои умури дохилаи ҳарду кишвар баррасӣ шуд. Ӯ гуфт, аз натиҷаҳои ин нишаст қаноатманд аст, чунки ҳарду ҷониб аз як андеша кор мегиранд, ки “ҷинояткору ҷиноят миллат надорад ва марзҳоро намешиносад.”

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни баҳсҳо масоили мисли дидгоҳ ва баҳогузории ягона ба созмону ташаккулҳои экстремистиву террористӣ арзёбӣ шуд. Ӯ гуфт, дар

Тоҷикистон фаъолияти 17 созмон расман мамнӯъ шудааст, ки дар миёни онҳо “Салафия”, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, Ҳизб-ут-Таҳрир, “Ҷамоати таблиғ”, гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд. Аз рӯи иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, бо вуҷуди ду сол қабл мамнӯъ шудани гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Қирғизистон, ҳанӯз мақомоти ин кишвар дар робита бо “Ҷамоати таблиғ” мавқеашонро муайян накардаанд.

Рамазон Раҳимзода дар суханронии худ гуфт, вазоратҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон инчунин ба зарурати таҳкими табодули иттилоъ роҷеъ ба раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноиву мубаллиғони амалҳои террористӣ ва ҳамчунин ҷиноятҳои марзӣ таъкид карда, аз ҳамдигар вокуниши саривақтиро дар баробари ин хабарҳо тақозо карданд. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад.

Шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳақ доранд ба қаламрави ҳамдигар бидуни раводид ворид шаванд, вале гоҳо мақомоти гумрук ва ҳифзи ҳуқуқ дар бораи боздошти гумонбарони ҷиноят ва ё содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби шаҳрвандони ин кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар, аз қабили қочоқи сӯзишворӣ, маводи мухаддир ва силоҳ хабар медиҳанд. Як бахши дигари ҳамкориҳои ду кишвар – ҷилавгирӣ аз вуруди афроде ба қаламрави ҳамдигар мебошад, ки қасди сафар ба Туркия ва аз он ҷо ба манотиқи ҷангии Сурияву Ироқро доранд.

Нишасти хабарии ду вазири дохилӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00

Яке аз чунин ҳодисаҳое, ки моҳи октябри соли 2015 рух дод – кӯшиши ба Сурия бурдани гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ду шаҳрванди Қирғизистон қасд доштаанд, ки чаҳор зани тоҷикро ҳамроҳ бо фарзандони хурдсолашон ба майдонҳои ҷанг дар Сурия "гусел" кунанд, вале дар марзи миёни Исфара ва Бодканд дастгир шуданд.

Мақомот гуфтанд, ки шаҳрвандони Қирғизистон мехостанд ин занҳову кӯдакҳоро "ғайриқонунӣ аз хатти сарҳади Тоҷикистон гузаронда, ба шаҳри Бишкек дастрас намуда, бо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи ҳавопаймо аз фурудгоҳи Бишкек ба Туркия ва сипас дар оянда бо мақсади иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ, ба Сурия сафарбар намоянд."

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷалби шаҳрвандони ин кишварҳо ба ҷангҳои хориҷӣ, изҳори ташвиш мекунанд. Шумори шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дар Сурия ҳамроҳ бо ҷангиёни “Давлати исломӣ” меҷанганд, наздики 1600 нафар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG