Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсара писарашро ба кор фиристод, пулис ба суроғаш омад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Волидони бархе аз наврасон дар Тоҷикистон мехоҳанд, дар замони таътили тобистона ба фарзандони онҳо иҷозаи кор дода шавад, то дар таъмини оила ба ҳадде ҳам бошад, кӯмак кунанд.

Гулсара модари Сӯҳроби 15-сола, наврасе, ки дар шаҳр ба фурӯши “оби газдор” машғул аст, ба дари мақомот рафтааст, то хоҳиш кунад, ки ба писараш иҷоза бидиҳанд, ҳамин корашро идома бидиҳад.

Писари ӯро чанде пеш милисаҳо аз ҷойи кораш, боздошт карданд ва ба волидон ҳушдор додаанд, ки ӯро дигарбор дар онҷо мебинанд, ҷарима мешаванд.

Гулсара мегӯяд, писараш дар вақти таътил бекор аст, бинобар ин аз ӯ хостанд, вақташро зоеъ накунад ва барои оғози соли таҳсил пул ба даст биёрад.

Мақомот хоҳиши ӯро рад карданд. Гулсара рӯзи 13- уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Рафтам гуфтам, ягон санад диҳанд, ки писарам кор кунад, аммо гуфтанд, ноболиғ аст, мумкин нест. Гуфтанд, худат дар кӯча нишаста савдо кун.”

Шароит сахт аст, Сӯҳроб андаке бошад кӯмак мекунад

Падари Сӯҳроб, ҳам мегӯяд, ӯ ва ҳамсараш ҷойи кори муайян надоранд ва бо майдафурӯшиву кор дар як замин зиндагиашонро пеш мебаранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин худи Сӯҳроб тасмим гирифтааст, ҳадди аққал барои харҷи худаш пул ёбад.

Аробакашӣ яке аз корҳои маъмулии кӯдакони тоҷик дар бозорҳо.
Аробакашӣ яке аз корҳои маъмулии кӯдакони тоҷик дар бозорҳо.

“Ҳозир шароит мушкил аст, худи Сӯҳроб мехост, ба мо кӯмак кунад, вақте ӯро милисаҳо як рӯз боздошт карданд, ман дар деҳа будам ба кори замин машғул будам” – гуфт падари Сӯҳроб.

Истифода аз кори кӯдак дар Тоҷикистон манъ аст, вале теъдоде аз кӯдакон дар таътили тобистона дар бозору хиёбонҳо ба корҳои мухталиф машғул мешаванд, то пули либоси мактабӣ ҷамъ кунанд. Аз ҷумла ин шабу рӯз наврасонеро дар хиёбону бозорҳо мебинед, ки ба савдову майдафурӯшӣ, мошиншӯӣ ва корҳои дигари сабуку вазнин машғуланд.

Лашкари 200 ҳазор нафарии кӯдакони коргар

Бино бар оморҳо, дар Тоҷикистон наздики 200 ҳазор кӯдак ба иҷрои корҳои хона ва кӯча машғуланд. Дар чанд соли ахир мақомот бо баргузории рейдҳои махсус дар бозору хиёбонҳо дар баробари кӯдакони оворагард, кӯдаконеро ҳам боздошт мекунанд, ки ба коре машғуланд.

Барои ин волидонашон ҷарима мешаванд, чун бар асоси Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, “ба саҳлангорӣ роҳ додаанд”. Дар як амалиёти ахир дар чанд рӯзи пеш 21 наврасро ҳангоми бозӣ дар интернеткафеҳо боздошт кардаанд.

Хиштрезӣ кори дигари сахти кӯдакон дар Тоҷикистон
Хиштрезӣ кори дигари сахти кӯдакон дар Тоҷикистон

Мақомот мегӯяд, барои машғул шудани наврасон ба кори сабук ва коре, ки ба сиҳатии онҳо зарар надорад иҷоза дода шудааст. Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, як масъули Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як мушкили дигар ҳам дар ин зимн ҳаст.“ Вобаста ба намуди меҳнат аст ин агар ба сиҳатии кӯдак зарар надошта бошад иҷозаи кор ҳаст.”

Аммо тибқи қонунгузорӣ ба кори вазнин иҷрои корҳои вазнин барои ин қишр манъ аст ва дар ин сурат волидони кӯдакон ҳушдор хоҳанд гирифт ё ҷарима мешаванд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, бар асоси қонун дар бораи масъулияти падару модар, волидайни наврасоне, ки ба талбандагиву оворагардӣ, дуд додани испанд, шустани нақлиёт, кашидани бор дар бозорҳо машғуланд, ҷарима мешаванд.

XS
SM
MD
LG