Вазорат рӯзи 30-юми апрел бо нашри ду баёнияи алоҳида гуфт, ки Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ бо Ҳазим ал-Юсуфӣ, муовини вазири умури хориҷӣ ва Ҳусом Абдукарим Юсуф, муовини узви Шӯрои Додгоҳи Олии Ироқ ҳамин масъаларо баррасӣ кардааст.
Дар як баёнияи вазорат омадааст, ки Зубайдулло Зубайдзода бо дипломати ироқӣ дар бораи "баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ироқ, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи амният ва мубориза ба терроризм ва экстремизм табодули назар карданд."
Дар баёнияи дигари вазорат дар бораи мулоқот бо додраси ироқӣ омадааст, ки ду тараф дар бораи "истирдоди занони тоҷик аз Бағдод ба Душанбе" табодули афкор намуданд. Дар баёния омадааст, ки "қазияи шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар Ироқ пурра ба анҷом расидааст ва онҳо дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд."
Шаш кӯдакро баргардонданд
Маълум нест, ки ин ноболиғон кай баргардонида мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта ба бозгардонидани баъзе аз кӯдакон аз Ироқ оғоз карданд ва то кунун 6 нафар аз онҳоро ба кишвар овардаанд. Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, 95 кӯдакро барои ба ватан овардан сабти ном кардаанд.
Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик вазифадор шудааст, моҳи январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 43 зани тоҷик, 15 нафар барои фиристодани кӯдаконашон ба ватан розӣ нашуданд.
Хабаргузории "Ройтерс" ҳам рӯзи 30-юми апрел як гузориши мукаммалеро дар бораи вазъи кӯдакони ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ нашр кард, ки дар он дар бораи сарнавишти занону кӯдакони тоҷик ҳам гуфта шудааст.
Кӯдакон дар як ҳавлии борик бо доду фарёду гиря кашмакаш мекунанд, то посбони зиндон ба онҳо ширинӣ ва пуфак бидиҳад. Кӯдакони нимурёни ҳашаротгазида, ки нав роҳ рафтанро ёд гирифтаанд, ба тӯри оҳанине мечаспанд ва ба посбон чашм дӯхтаанд.
Дар ҳавлии зиндон дар майдончаи бозии худсохт кӯдакони бузургтаре бо дастони ифлос бозӣ мекунанд. Ду нафарашон ба хабарнигори "Ройтерс" гуфтаанд, дар инҷо дар зиндони занонаи Русафа дар шаҳри Бағдод пуфак аввалин бозичае ҳаст, ки ба даст гирифтаанд.
Як духтараки озарӣ, ки аз миёни 100 кӯдаки дигар, ки ӯро иҳота кардаанд, бо муроҷиат ба хабарнигори "Ройтерс" гуфтааст: "Ман мехоҳам ба хона равам, илтимос, ба ман кумак кунед. Инҷо ҷойи хубе барои мо нест."
"Ройтерс" менависад, мақомоти Ироқ аҳёнан хабарнигоронро ба ин зиндон роҳ медиҳанд. Зиндоне, ки баёнгари як мушкили ҷиддӣ аст ва он ҳам мушкили сарнавишти баъдии занону кӯдакони аъзои гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ".
"Бисёриҳо кӯшиш мекарданд, худро бикушанд"
Ин гуруҳи ифротӣ, бо қатлу шиканҷа ва ғуломи ҷинсӣ кардани занону духтарони ноболиғ дар Сурияву Ироқ дар соли 2014 ҷаҳониёнро ваҳшатзада кард. Ин гуруҳ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамла анҷом додааст. Ҳоло баъди суқути он дар Сурияву Ироқ аъзои боздоштшудаи ДИИШ ҳам хатари амниятӣ ба ҳисоб мераванд, ҳам дар баробари ниқор - осебпазир.
Масъули зиндони Русафа, ки нахостааст, номаш бурда шавад, ба хабарнигори “Ройтерс” гуфтааст, "дар аввал ҳеҷ боварӣ байни мо ва зиндониён вуҷуд надошт. Бисёре аз онҳо ҳатто кӯшиш мекарданд, ки худрову кӯдаконашонро бикушанд."
Дар ин зиндон 1241 зан ва кӯдакони ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” аз даҳҳо кишвари дунё нигаҳ дошта мешаванд. Ба қавли мудири зиндон 774 кӯдак аз 9-моҳа то 15-сола ҳастанд.
Баъди фирор аз шаҳри Талъафар дар шимоли Ироқ дар соли 2017 бисёре аз кӯдакони боздоштшуда, ки синнашон ба ҷавобгарӣ расидааст, ба як боздоштгоҳи наврасон интиқол дода шуданд.
Ҳукумати Бағдод ду сол боз аст, ки ин кӯдаконро нигоҳубин мекунад, ҳарчанд барои ин кор имконоти зиёд надорад. Барои ҳамин, мақомоти Ироқ бисёр мехоҳанд, онҳоеро, ки ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, ба ватанашон бифристанд. Аммо ин кор ҳам печида ва аз назари сиёсӣ ба истилоҳ "заҳрогин" аст, чун ин афродро кишварҳояшон ҳам пазируфта намехоҳанд ва гуфтаанд, онҳоро ба зодгоҳҳояшон роҳ намедиҳанд.
Гурусна, хаста ва бемор
Ба гуфтаи мудири зиндони Русафа, вазъи ин муассиса, ки бисёр сахт посбонӣ мешавад ва дар назди вазорати умури дохилии Ироқ ҷойгир аст, назар ба солҳои гузашта беҳтар шудааст.
Ба касе иҷоза намедиҳанд, ба ҳуҷраҳои занон ва кӯдакон, ки 20 соати худро онҷо мегузаронанд, ворид шаванд, ё акс бигиранд. Хабарнигори "Ройтерс"-ро ҳангоми вурудаш ба зиндон се мақоми ироқӣ ҳамроҳӣ кардаанд, аммо ӯ тавонистааст, бо чаҳор кӯдак суҳбати кӯтоҳ дошта бошад.
Як духтари ҳиҷобпӯши озарӣ аз ӯ пурсидааст, "Шумо барои мо либос ва ё дору овардед. Мо, воқеан, ба дору эҳтиёҷ дорем."
Ба қавли мудири зиндон, модари ин духтарро барои узвият дар ДИИШ ва вуруди ғайриқонунӣ ба Ироқ ба зиндони якумрӣ маҳкум кардаанд. Занони бисёри дигаре, ки дар зиндон ҳастанд, айни сарнавиштро доштаанд.
Кӯдакон, аз ҷумла ин духтари озариро бар асоси қонунҳои Ироқ ба ҷавобгарӣ кашида наметавонанд, аз ин рӯ, маълум нест, ки ӯ то кай паси панҷара мемонад.
Озарбойҷон яке аз кишварҳоест, ки шаҳрвандонаш назар ба ҳар кишвари дигар дар Ироқ зиндонӣ шудаанд. Баъди он Русияву Туркия ҳастанд. Шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон, Узбекистон, Урдун, Фаронса, Олмон, Шветсия ва Тринидад Тобаго ҳам барои пайвастан ба сафи ДИИШ ҷазо гирифтаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ба дархости "Ройтерс" барои шарҳи масъалаи бозгардондани кӯдакони ҷангҷӯёни ДИИШ посух надодааст.
Кӯдаконро дар ҳаволии зиндон фақат ду соат нигаҳ медоранд, бақияи рӯзашонро дар дохили ҳуҷраи танг бо тамошои филмҳои тасвирӣ дар телевизион сипарӣ мекунанд.
Хабарнигори “Ройтерс” аз қавли 20 манбаи огоҳ аз вазъи зиндон навиштааст, кӯдакон рӯйи кӯрпаҳои тунук, хаставу гурусна ва аксаран бемор мехобанд, табибон ҳам зиёд ба суроғашон намеоянд.
Хабарнигор аз қавли манобее, ки суҳбат доштааст, менависад, вазъи бади зиндон сабаби марги камаш 7 кӯдак шудааст. Дипломатҳову манобеи дигар гуфтаанд, ки чанд зан низ фавтидаанд.
"Мехоҳам, фарзандонам ба хона бираванд"
Мудири зиндон, ки дар ҳузури мақомоти ҳукуматӣ бо хабарнигори "Ройтерс" суҳбат кардааст, ин қазияҳоро шарҳ надода ва гуфтааст, ки зиндониён хуб нигоҳубин мешаванд. Мақомоти ҳукумати Ироқ ҳам аз шарҳи қазия худдорӣ кардаанд.
Чанд зани зиндонӣ, аз ҷумла як зани тоҷик, ки мудири маҳбас онҳоро барои мусоҳиба интихоб кардааст, гуфтаанд, худашон мехостанд, суҳбат кунанд. Мусоҳиба бо ин занон дар ҳузури панҷ мақоми расмӣ, мудири зиндон, намояндаи вазоратҳои умури дохилӣ, адлия ва Хадамоти амнияти миллӣ сурат гирифтааст.
Зани 28-солаи тоҷик, ки "Ройтерс" номи ӯро зикр накардааст, гуфтааст: "Барои ман зиндон зиндон аст, чӣ дар Тоҷикистон, чӣ дар Ироқ". Ду фарзандаш ҳамроҳи ӯ дар зиндон будаанд. Ӯро барои узвият дар ДИИШ ба зиндони якумрӣ маҳкум кардаанд. Айни замон зани тоҷик гуфтааст: "Ман мехоҳам, фарзандонам ба хона бираванд ва бо модарам зиндагӣ кунанд."
Катерина Ритз, раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, ки дар барқарор кардани иртиботи асирон бо хонаводаҳояшон мусоидат мекунад, ба "Ройтерс" гуфтааст: "Барои ин кӯдакон бояд дар ватанашон шароит фароҳам кунанд, ки зиндагиашонро аз нав бисозанд."
Аммо бисёре аз кӯдакон мепурсидаанд, ки чаро онҳо инҷо ҳастанд ва ё чаро дар чунин ҷое нигаҳ медоранд. “Чаро моро инҷо гузоштанд. Ман фақат мехоҳам ба хонаамон равам ва бо бибиву бобоям зиндагӣ кунам” – гуфтааст як писари узбек.