Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз силсилаи видеоҳои шумо: ҷанги Муслим бо хоб


Муслим 3-сол дорад.
Муслим 3-сол дорад.

Як сокини ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ наворе ҷолиберо фиристод, ки муборизаи писари чаққону фаъолаш бо хобро нишон медиҳад. Муслими 3-сола дар видеои тақрибан 1 дақиқаву 30 сонияӣ саъй мекунад, ба хоби сахт тан надиҳаду бархоста ба берун ба бозӣ биравад.

Падараш Салим ба Радиои Озодӣ навишт, ки Муслим бисёр фаъол аст ва вақте ки хобаш мегирад, кӯшиш мекунад, ба он тан надиҳад ва ба бозӣ идома бидиҳад.

"Видеоро худам ба навор гирифтам ва ин бори аввал нест" - навиштааст Салим ба Радиои Озодӣ. Ба гуфтаи ӯ, борҳо Муслимро дар чунин ҳолат дидааст.

Як лаҳзаи ҷанги Муслим бо хобро дар ин видео бубинед. То охираш нигоҳ кунед ва бубинед, ки Муслим чӣ кор мекунад. Шумо ҳам агар видео ва ё акси ҷолибе доред, луфтан ба ин шумора +420 724 053 959 бифристед. ИМО, Вайбер, Вотсапп ва Телеграми Радиои Озодӣ дар ҳамин шумора аст. Кофист рақами моро дар телефонатон сабт кунед.

Аз силсилаи видеоҳои шумо: Ҷанги Муслим бо хоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

XS
SM
MD
LG