Он ҳам хона ва мактаби Собир Мирзоев як устоди варзиш аст, ки дар зиндагӣ шурӯъ аз сару сурат то фаъолияту андешаронӣ ба Брюс Ли пайравӣ мекунад. Бо таъсиси мактаби махсусе ба номи Брюс Лӣ дар Душанбе Собир ба ҷавонон Ҷит Кун До ҳунару ҳаракатҳои кумири худро меомӯзад. Дар ин мактаб ӯ ба беш аз 10 нафар усулҳои худмуҳофизатиро омӯзонда ва онҳоро барои ширкат дар сабқатҳои варзишӣ омода мекунад.
Ба бовари Собир ҳар нафаре, ки бо усули Ҷит Кун До ошно аст, навъҳои дигари варзиш ҳам барояш осон хоҳад буд. Собир Мирзоев мегӯяд: “Аз соли 2000-ум мо бо методи Ҷит Кун До машғул ҳастем ва шогирдони зиёде ҳам омода намудаем. Бо Брюс Лӣ ва ҳунари ӯ ман тавассути филмҳояш ошно шудаам. Як филмро чандин маротиба тамошо кардаву ҳунару ҳаракатҳои ӯро аз худ мекардам. Ҳаракот ва тезравии дастҳояш усулу техникаи ӯ сабаб шуд, ки ман ба ин варзиш рӯ овардам. Ман аввал ба Кунг Фу ва муҳорибаи тан ба тану каратэ машғул будам, баъд ба Ҷит Кун До омадам ва хеле хурсандам, ки ҳамин хел одаме дар дунё буд ва ба ин метод асос гузошт.”
Собир Мирзоев, метавонад соатҳо дар бораи Брюс Лӣ устоди ҳунарҳои размӣ ва фалсафаи зиндагии ӯ сӯҳбат кунад, мӯҳтавои беш аз 30 китоби ӯро аз ёд медонад ва ҳар сол ҳамроҳ бо шогирдон аз зодрӯзи ин ҳунарпеша ботантана ҷашн мегирад. Аз ӯ дар Тоҷикистон бисёриҳо ӯро Брюс Лӣ ном мебаранд. Худи Собир Мирзоев мегӯяд: “Бисёриҳо ба ман мегӯянд, ки ҳаракот, нигоҳ ва чеҳраам ба Брюс Лӣ монанд аст. Ман хурсанд мешавам. Аслан шахс бояд ба кумири худ монанд бошад.”
Ба таъкиди Собир, тибқи фалсафаи Брюс Лӣ нафаре, ки ба усули Ҷит Кун До машғул аст бояд қабл аз ҳама муносибат ва тартибу интизоми хуб дошта бошад. Дар ин мактаб ҳам дар баробари усулу ҳаракоти ҷангӣ ба ҷавонон тартибу интизом ва муносибати дуруст бо атрофиён омӯхта мешавад. Дар тарғиби усулу ҳаракоти Брюс Лӣ ба Собир фарзандонаш, ки низ ин роҳро интихоб кардаанд, кӯмак мекунанд. Азиз Мирзоев мегӯяд: “Аз 6 солагӣ машқ мекунам бо усулӣ Брюс Лӣ. Китобҳо хондаам дар бораи ӯю мехоҳам мисли ӯ сахту боқувват шавам ва тавонам аз худ хуб муҳофизат кунам.”
Хуршед Зоиров ба мактаби Брюс Ли ҳаваси аз худ кардани ҳаракоти босуръат ва хеле ҷолибе мисли Брюс Ли овардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ Ин навъи варзиш ба ман бисёр писанд омад. Тактикаи тез дорад. Дар дигар навъи варзишҳо мерафтам, аммо тасмим гирифтам барои худ ин усулро интихоб кунам.”
Ҳаводори ашадии Брюс Лӣ дар Тоҷикистон Собир Мирзоев хеле мехоҳад дар баробари филмҳои ишқиву моҷароомез дар кишвар филмҳое ҳам, ки муҳофизат аз худ ва ҳимояи атрофиёнро меомӯзанд сабту омода шаванд. Ба гуфтаи ӯ ҳоло таваҷҷӯҳи филмсозони тоҷик ба сабту таҳияи чунин филмҳо кам аст. Талоши худи Собир ҳам дар ин замина бенатиҷа анҷом ёфтааст. “Мо чанд соли пеш хостем чунин филме ба навор гирем. Матну мӯҳтаво омода буд, аммо маблағи кофӣ надоштем. Ба “Тоҷикфилм” рафтам гуфтам, биёед як чунин филм сабт кунем, гуфтам, ки мо омодаем чун ҳунарманд ва каскадерҳо нақш бозем, гуфтам ба мо пул надиҳед, шумо фақат филмро навор гиред. Гуфтем дар ин филм аз ишқу нашъамандӣ намегӯем ва аз наҷоту муҳофизати одамон ва роҳи дурусти зиндагӣ хоҳем гуфт. Масалан, дар ин филм мешуд саҳнаҳоеро гузошт, ки барои мисол ба нафаре дар роҳ ҳамла мекунанд ва мо аз ӯ муҳофизат кунем. Ба мо дар "Тоҷикфилм" гуфтанд, маблағ барои чунин филм нест.”
Брюс Лии тоҷик борҳо аз хориҷи кишвар барои идомаи фаъолият дар мактабҳои пайрави кори Брюс Лӣ даъватҳо гирифтааст. Аммо ҳоло мегӯяд, ӯ дар Тоҷикистон корҳои зиёди нотамом дорад, вай мехоҳад ин ҷо пайравони усули Брюс Лӣ Ҷит Кун До ё ҳунарҳои размиро омода ва ин равияро рушд диҳад.