Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Додрас, ки ба ришва даст зад..."


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аз додрасҳо хост «адолати додгоҳӣ ва волоияти қонунро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ тақвият диҳанд».

Убайдуллоев аз додрасҳои тозатаъйин талаб кардааст, барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа саҳми худро гузоранд ва ба корафтодаҳо таваҷҷӯҳи бештар кунанд. Раиси палатаи болоии порлумон дар ин бора рӯзи 12-уми июн дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ сӯҳбат кард. Дар ин ҷаласа чанд додраси Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи Душанбе бозхонд ва таъйин шуданд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон додгоҳҳо шохаи саввум ва мустақили ҳокимият ба ҳисоб мераванд, аммо шикоят аз кори додгоҳҳо ва риоят нашудани адолат зиёд аст. Таъкиди Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи таъмини адолати судӣ дар кишвар дар ҳоле садо медиҳад, ки огоҳони соҳа мегӯянд, низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон эҳтиёҷ ба ислоҳоти куллӣ дорад. Тибқи омори расмии Додгоҳи олии Тоҷикистон танҳо дар соли 2018 ҳудуди даҳ корманди додгоҳҳо даст ба ҷиноят задаанд.

Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқадор ва бознишаста мегӯяд, барои таъмини адолати додгоҳӣ бояд чанд кор анҷом дода шавад. Аз ҷумла ба гуфтаи Абдураҳмонов, нахуст бояд дониши тамоми додрасҳо боло бурда шавад. Баъдан ба гуфтаи ӯ, бояд додрасҳо пеш аз ҳама масъулиятшинос бошанд, зеро инсонҳо бо охирин умед ба онҳо муроҷиат мекунанд, то ҳуқуқашон ҳимоя шавад. Ба назари додраси собиқадор, раиси додгоҳро бояд додрасҳо интихоб кунанд, то онҳо ҳангоми фаъолияти худ зери «заррабин» қарор нагиранд.

"Раҳбар ҳар кореро гӯяд, ҳамонро мекунад"

«Додрасҳо мустақил нестанд, агар раҳбар гӯяд, ки ҳамин корро кунад, тамом ҳамонро мекунанд. Ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор зиёд мехоҳанд, ҳокимияти судӣ аз онҳо вобаста бошад. Баъдан бо маоши 1500 сомонӣ албатта додрас ба фасод даст мезанад, чунки зиндагияш таъмин намешавад. Додрас, ки ба ришва даст зад, мустақилияту шаффофияти кори ӯ аз байн меравад ва эътимоди мардум коста мешавад» - гуфт ӯ.

Ватан Абдураҳмонов мегӯяд, тақсими парванда аз сӯи раиси додгоҳ дар байни додрасҳо хуб нест, чун омилҳои коррупсионӣ ва хешутаборбозӣ зиёд мешавад. Ба ҷойи ин Абдураҳмонов пешниҳод мекунад, ки парвандаҳо ба додрасҳо аз рӯи тақсимоти маҳаллаҳо ба онҳо дода шавад.

Матлуба Ҳамидова як сокини пойтахт, ки корафтодаи додгоҳу додрасҳо шудааст, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мустақил набудани додрасҳо боис шудааст, ки писараш барои як ҷанҷол бо писари ҳамсоя ба даҳ соли зиндон маҳкум шавад. Ӯ мегуяд борҳо мушоҳида кардааст, ки бидуни шинос ё роҳи дигаре худро сафед кард ё ҷазои камтар гирифт. Ба гуфтаи вай, «дар Тоҷикистон қонун барои додрас ва прокурорҳо ва ҳам мардуми оддӣ якранг нест».

Қиссаи Умаралӣ Саидов, як сокини шаҳри Душанберо як намунаи риоят нашудани адолат дар додгоҳҳо меноманд. Ӯ баъди 13 соли шикоятҳои пай дар пай тавонист, ба гуфтаи худаш муваффақ шавад. Аризаҳои даъвоии ӯ барои барқарор кардани ҳақаш ба манзил солиёни зиёд дар дасти баррасӣ буд.

Худи Саидов мегӯяд: “Ман 300 маротиба ба номи президент, 200 маробита ба Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон, бештар аз 200 маробита ба Жодгоҳи олӣ ва конститутсионӣ муроҷиат ва 28 маротиба дар қабули Зариф Ализода собиқ омбудсмени тоҷик будам."

Додрасҳои Тоҷикистонро барои он зиёд интиқод мекунанд ва адолати додгоҳиро зери суол мебаранд, нафарони ангуштшумор метавонанд бегуноҳии худро исбот намоянд. Аз ҷумла дар соли 2018 додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо 14 нафарро бегуноҳ эълон кардаанд, дар ҳоле ки парвандаҳои баррасишуда ба даҳҳо ҳазор баробар аст.

Кори мо соддаву осон нест

Аммо як судя дар додгоҳи яке аз ноҳияҳои Душанбе гуфт, кори онҳо соддаву осон нест ва дар ҳама ҳолат ва эълони ҳама навъ ҳукм ҷонибе норозӣ мешавад. Ин мусоҳиби мо, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, ҳоло баръакс баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ - оилавӣ нисбати парвандаҳои ҷиноятӣ масъулияти сахттаре дорад. Чун дар аксари ҳолатҳо баҳс миёни аъзои хонавода ё наздикону пайвандон аст ва додрасҳо талош мекунанд, ҳукми додгоҳ миёни онҳо «иғво» наандозад.

Коршиносон мегӯянд, заъфи додгоҳҳо дар ин аст, ки далелҳои айбдоркунандаи давлативу вакили дифоъро таҳлил карда наметавонанд, аксаран таҳти таъсири мақомоти тафтишотӣ қарор мегиранд ё аслан ба таҳқиқи хусусӣ даст намезананд.

Абдурауф Ҳотамов, як вакили мудофеъ, ки кори судяҳоро хуб медонад гуфт, на дар ҳама ҳолат додрас ва додситонҳо парвандаҳоро амиқ таҳқиқ мекунанд, балки онҳо бар пояи маълумоти додситон ҳукм содир мекунанд. Ӯ мегӯяд: «Якум аз бетаҷрибаву камсаводии судяҳо шурӯъ мешавад. Баъдан онҳо фикр намекунанд, ки кори онҳо тақдири инсонҳоро ҳал мекунад. Парвандаҳое ҳаст, ки фармоишӣ ҳастанд ва дар он судя фақат нақш мебошад, амалан корро ӯ иҷро намекунад».

Додрасҳоро дар Тоҷикистон интихоб намекунанд.Онҳоро раиси ҷумҳур таъйин мекунад ва номзадиашонро Маҷлиси миллӣ тасвиб менамояд. Қарори барканориашонро ҳам президент содир мекунад. Аз ин рӯ додрасҳоро пойбанди ҳукумат медонанд. Бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Русия, барои даст ёфтан ба додгоҳи одилонатар ҳайатҳои мунсифа ё мардумиро ҷорӣ карданд, ки дар замони шӯравӣ дар шакли таъйини як ё ду тан аз се судяро аз байни мардум дар назар дошт ва ба ҳимоят ё радди ҳукм раъй медод. Тоҷикистон ба ин роҳ нарафт, ҳол он ки ба гуфтаи коршиносон, чунин таҷриба шояд аз даъвату шиорҳои зиёди риояти қонун ба маротиб беҳтар бошад.

XS
SM
MD
LG