Як додгоҳи шаҳри Душанбе ду ҷавони тоҷикро барои таҳқир ва таъқиби ду хабарнигори Радиои Озодӣ ҷазо дод. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Зафар Хоҷаеви 27-cола ва Фирӯз Набиеви 25-соларо ба он гунаҳкор донист, ки ҳангоми кор ба ду хабарнигори Радиои Озодӣ бесабаб дарафтода ва онҳоро дашномҳои қабеҳ додаанд.
Дар ҳукмҳои додгоҳ, ки рӯзи 6-уми апрел содир шудааст ва онҳоро имрӯз дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, омадааст, ки дар амалкардҳои ҳарду ҷавон рӯзи 25 феврал “майдаавбошӣ, яъне дашном додан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад”, дида мешавад.
Барои ин рафтор додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба Зафар Хоҷаев, сокини Душанбе ва Фирӯз Набиев, сокини ноҳияи Фархор амр додааст, ки аввалӣ 400 сомонӣ ва дуввумӣ 500 сомонӣ ҷарима супоранд.
Аҳмад Бобозода, додраси парванда рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарду ҷавон ҳангоми мурофиа гуфтаанд, ки намедонистанд, Ниссо Расулова ва Маҳастӣ Дустмурод хабарнигор ҳастанд ва барои сабти телефонбозор омадаанд.
Баъд аз он ки онҳо фаҳмиданд, ки корашон дуруст нест, дар мурофиа аз кардаашон изҳори пушаймонӣ карданд.
“Ҳардуи онҳо гуфтанд, ки вақте наворбардории ду занро диданд, шубҳа карданд ва барои ҳамин онҳоро таъқиб намуданд. Баъд аз он ки онҳо фаҳмиданд, ки корашон дуруст нест, дар мурофиа аз кардаашон изҳори пушаймонӣ карданд” - гуфт, ӯ.
Ба қавли додрас Бобозода, Фируз Набиев ва Зафар Хоҷаев аз қарори додгоҳ шикоят набурданд ва ҷаримаро пардохт карданд.
Ҳодисаи мазкур рӯзи 25-уми феврали имсол дар шаҳри Душанбе рух дод. Ҳангоми сабти гузориш дар бораи фурӯши ғайриқонунии телефонҳо дар як гӯшаи Душанбе, хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаи Фирдавсӣ ба муносибати дурушт ва таҳдиди Зафар Хоҷаев ва Фирӯз Набиев дучор шуданд.
Видеоро инҷо бубинед
Баъди бозорро тарк кардани хабарнигорони Радиои Озодӣ, ҳарду нафар ба мошине нишаста ва таксии Ниссо Расулова ва Маҳастӣ Дустмуродро таъқиб карда ва пеши роҳи онҳоро гирифтанд.
Дар қарори додгоҳ омадааст, ки бо ин корашон Зафар Хоҷаев ва Фирӯз Набиев, бе ягон асос ҷанҷол бардошта ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дашномҳои қабеҳ додаанд.
Баъди ин хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ҷойи кор баргаштанд ва аз ин рафтори ҷавонон ба вазорати умури дохилӣ шикоят бурдаанд. Ниссо Расулова мегӯяд, ҳарчанд, ҷаримаи таъйинкардаи додгоҳ бузург нест, вале “муҳим он аст, ки қонун иҷро шуд ва гунаҳкорон ҷазо гирифтанд.”
Дар Тоҷикистон бисёр кам иттифоқ меафтад, ки касеро барои таъқибу таҳқири хабарнигорон ҷазо бидиҳанд.