Давоми 12 рӯзе, ки дар Тоҷикистон амалиёти боздошти гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ идома дошт, журналистон дар иҷрои вазифаи касбии худ - расонидани иттилои дақиқ ба ҷомеаи ташнаи хабар азият мекашиданд. Бо чунин изҳорот рӯзи 21 сентябр созмонҳои мудофеи озодии баён дар Тоҷикистон - Шӯрои Васоити ахбори омма, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Созмони ҷамъиятии "Хома" ба унвонии ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карданд. Дар изҳороти онҳо гуфта мешавад, ки мушкили дастрасӣ ба иттилоъ ва оддитарин хабар аз идораҳои расмиро хабарнигорони расонҳои мустақил ва хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз ин ҳодисаҳо эҳсос карданд, аммо дар ҷараёни амалиёти мақомот дар дараи Ромит, журналистон дар ин кишвар дар "як инзивои иттилоотӣ" қарор гирифтанд. Фаъолони ҳуқуқи журналистон мегӯянд, манбаҳои расмӣ сари вақт ва ҳам иттилои дақиқ пешниҳод намекарданд ва хабарнигорон дар ҷараёни пахши хабару гузоришҳо ғолибан бо такя ба манбаҳои ғайрирасмӣ ва фарзияҳои тасдиқнашудаи дарёфтӣ такя мекарданд, ки ин гоҳо касбияти онҳоро зери суол мебарад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "дастрасии маҳдуд ба ахбори зарурӣ боис ба сар задани ҳар гуна фарзияву овозаҳо ва якҷониба инъикос ёфтани ҳодиса мешавад”. Раҷаби Мирзо, як намояндаи шӯрои ВАО-и
Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 21 сентябр гуфт, “замони авҷи ҳодисаҳои ахир мардум ва ҳатто журналистон дар як ҳолате қарор гирифтанд, ки намедонистанд аз куҷо маълумот бигиранд. Манбаҳои расмӣ аз додани ҳамагуна хабару иттилоъ саркашӣ мекарданд ё танҳо ба пахши изҳороти расмӣ, он ҳам аз тариқи телевизион иктифо мекарданд”. Бинобар ин, ба қавли Раҷаби Мирзо, дар ҷомеа як “вакуум”-и иттилоотӣ ба миён омад, ки боис ба пайдоиши овозаву гумонҳои гуногун ва эҳсоси нобовариву рӯҳафтодагӣ дар ҷомеа шуд.
Ин бори аввал нест, ки журналистони тоҷик аз мушкили дастрасӣ ба иттилоот, махсусан дар замони авҷи ин ё он ҳодиса ё даргирӣ нигаронӣ мекунанд, аммо ин бор, ба гуфтаи журналистон, муҳосираи иттилоотӣ қабл аз ҳодисаҳои сентябрӣ, бо маҳдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сару садоҳо дар бораи қарори нави ҳукумат оид ба нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” шурӯъ шуда буд. Ҳарчанд раҳбари оҷонии "Ховар" эълон кард, ки ҳадаф аз ин қарор маҳдудият дар кори нашрияҳои дигар нест, аммо дар аксар идораҳои расмӣ ба журналистони расонаҳои мустаъқил таъкид мекунанд, ки посух ба суолашонро аз “Ховар" дарёфт хоҳанд кард.
Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори оҷонсии "Тоҷнюс" мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон ҳамагуна хабарро бо назардошти мансубияти хабарнигор ба расонаи давлатӣ ё ғайридавлатӣ пешниҳод мекунанд. "Ин
мушкил дер боз вуҷуд дорад. Аввал мепурсанд, ки аз кадом хабаргузорӣ ҳастӣ ва баъд тасмим мегиранд. Агар журналист аз расонаи хориҷӣ ё мустақил аст, гоҳе рӯирост гӯширо мегузоранд ё аз посух сарпечӣ мекунанд”, гуфт ӯ, Аммо дар мавриди ҳодисаҳои ахир дар дараи Ромит Абдуазими Абдуваҳҳоб мегӯяд, мақомот бо маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоъ ва сари вақт пешниҳод нашудани хабар, фазоро бештар ба дасти расонаҳои русӣ вогузор карданд ва хабарҳои дасти аввал ҳатто қабл аз “Ховар” дар ин расонаҳо нашр мешуд: “Онҳо ҳатто аз номи манобеи худ дар мақомоти давлатӣ хабарҳо нашр мекарданд. Вазорати корҳои дохилӣ ҳам дар пахши хабар фаврӣ набуд ва ин як халои иттилоотиро ба вуҷуд овард ва мо бештар маҷбур мешудем ба манбаҳое такя кунем, ки тасдиқи иттилои онҳо мушкил буд”, мегӯяд ӯ аз таҷрибаи расонаи худ.
Дар ҳамин ҳол Хуршеди Атовулло, муассиси ҳафтаномаи мустақили “Фараж” пӯшиши хабарии даргириҳо дар Рашту Бадахшонро чанд соли пеш бо ҳодисаҳои имсолаи Ромит муқоиса карда мегӯяд, хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохила дар ҳодисаи ахир фаъолтар буд ва қариб ҳар рӯз як хабаре тариқи сомонаи худ ва телевизионҳои давлатӣ
пахш мекард. Аммо мушкили аслӣ барои ӯ дар ин ҳодисаҳо, ба гуфтаи оқои Атовулло, набуди иттилоъ аз ҷониби гурӯҳи мухолиф буд: “Албатта, мушкили мо ин буд, ки мо аз фиристодани рӯзноманигорони худ ба ин минтақаи доғ худдорӣ мекардем, чун дар ин минтақа риояи қоидаҳои оддитарини ҷанг талаб намешуд ва кафолате барои таъмини амнияти онҳо набуд. Дар ҳамин баробар ҷониби мухолиф ҳам дар муқоиса бо ҳодисаҳои солҳои пеш ягон маълумот пешниҳод карда наметавонист. Намояндагӣ надоштанд дар берун аз Ромит. Ба ҷуз аз як номае, ки гӯё аз номи Назарзода иншо шудааст", гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз кори сохторҳои давлатӣ ҳимоят кард. Вай гуфт, дар пахши хабар ва дастрасии журналистон ба иттилоъ ҳеҷ мушкиле эҳсос накардааст. Дар бораи "набуди мушкили дастрасӣ ба хабар" дар рӯзҳои амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ дар дараи Ромит як
журналисти расонаи давлатӣ ҳам таъкид кард.
Бо арзёбии шароити кори журналистон дар ин чанд моҳи охир, ва ба вижа дар ҷараёни рӯзҳои амалиёти нирӯҳои давлатӣ, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи журналистон мегӯянд, фазои иттилоотӣ маҳдудтар мешавад ва як вакуум ё халои иттилоотиро мемонад. Ин ҳолат, мегӯянд онҳо, бар зарари ҷомеа меанҷомад, ба он хотир, ки ҷои хабари дақиқ ва санҷидашударо овоза пур мекунад. Раҷаби Мирзо мегӯяд, бехабарӣ метавонад ба суботу оромии кишвар ҳам таъсири манфӣ расонад, ки ба ҳеҷ сурат ба фоидаи ҳукумат ва ҷомеа буда наметавонад.