Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайвалӣ чӣ гуна раҳбари ҳалқаи ДИИШ дар Афғонистон шуд?


Падари Сайвалӣ Шафиев, ҷавони 31-солаи тоҷик, ки раҳбари ҳалқаи ДИИШ дар Афғонистон номида мешавад, мегӯяд, чанд сол пеш саъй кард, писарашро ба Тоҷикистон баргардонад, вале натавонист.

Рауф Шафиев, сокини деҳаи Лолагӣ дар ноҳияи Ҳисор рӯзи 12-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш Сайвалӣ дар 19-солагӣ ва соли 2007 барои таҳсили улуми исломӣ ба Покистон рафт ва дигар барнагашт.

“Гоҳ мегуфт, дар Покистон мехонам, гоҳ мегуфт, ки дар Эрон. Доимо ваъда медод, ки бармегардад, вале наомад. Худам ҳам талош кардам, ки ӯро баргардонам, лекин натавонистам”- гуфт ӯ.

Бино ба гузоришҳо ҳалқаи “Хуросон” дар гурӯҳи Давлати исломӣ дар Афғонистонро маҳз Сайвалӣ Шафиев, раҳбарӣ мекунад, ки тахаллуси “Муовия”-ро дорад. Дар як гузорише, ки ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардаанд, омадааст, ҷангҷӯёни ҳалқаи Хуросон дар ДИИШ тақрибан 200 нафаранд ва Сайвалӣ Шафиев ҳоло дар вилояти Нангарҳор фаъолият мекунад ва узви Шӯрои раҳбарии созмон аст.”

Сайвалӣ Шафиев дар соле ба Покистон рафтааст, ки омӯзиши дини ислом дар мадрасаҳои хориҷӣ, аз ҷумла мадрасаҳои кишварҳои арабӣ ва Покистону Эрон “мӯд” шуд. Ҳабиб Идиев, як ҳамдеҳаи Сайвалӣ мегӯяд, он вақт миёни мардуми мазҳабӣ афроде, ки мадрасаҳои хориҷро хатм мекарданд, аз эҳтиром бархурдор буданд.

Ба гуфтаи ин сокини деҳаи Лолагӣ, он солҳо аз дигар деҳоти ноҳияи Ҳисор низ барои таҳсил дар мадрасаҳои исломии Покистону Эрон рафтанд. Бо авҷ гирифтани ифротгароӣ дар Тоҷикистон, соли 2010 ҳукумат амр дод, ин ҷавонон, ки ба гуфтаи мақомот “мағзшӯӣ” мешаванд, ба кишвар баргардонида шаванд.

Ҳабиб Идиев гуфт: “Аксари онҳо пас аз даъвати мақомот зуд баргаштанд. Чанд нафарашонро медонам, ки омаданд ва тиҷорати хурд доранд. Лекин Сайвалӣ аз чизе тарсид, ё нияташ дигар буд, ки наомад.”

Яке аз ҳамдеҳагони дигари Сайвалӣ Шафиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди дархости мақомоти интизомӣ барои баргардонидани донишҷӯён аз мадрасаҳои исломӣ “аз тоҷирони деҳа пул ҷамъ карда ба падари Сайвалӣ додаанд, то ба Покистон рафта ӯро баргардонад, аммо ин кор ба ӯ муяссар нашудааст. Ба қавли ӯ, зоҳиран дар Вазиристони Шимолӣ, як минтақаи қабиланишини Покистон таҳсил мекард, ки дар онҷо мадрасаҳо зери назорати гурӯҳҳои ифротӣ ва пойгоҳҳои созмонҳои тундраву террористианд.

Худи Рауф Шафиев, ки майли суҳбат дар бораи фарзандашро надошт, нахост дар ин бора ҷузъиёт бидиҳад ва фақат инро гуфт, ки “тамоми маълумотро дар ихтиёри мақомоти амниятӣ гузоштааст.” Падараш гуфт, ки гуфт, то соли 2015 бо Сайвалӣ тамос дошт, вале пас аз ошкор шудани узвияташ дар созмонҳои тундрав ӯ дигар бо ҳеч яке аз аҳли хонавода иртибот нагирифт ва ҳамингуна нопадид шуд. Сайвалӣ Шафиев танҳо синфи 9 мактаби деҳаи Лолагиро хатм кардааст ва ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, баъдан мактабро тарк карда, ба омӯзиши ислом машғул буд.

Оғози таҳқиқи фаъолиятҳои Сайвалӣ

Мақомоти интизомӣ соли 2015 Сайвалӣ Шафиевро таҳти ҷустуҷӯ қарор доданд. Он замон ӯ танҳо ба ду банди Кодекси ҷиноӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ гумонбар мешуд. Баъдан, дар парвандаи ӯ моддаҳои дигар -- “омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ ва зархаридӣ” илова шуданд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли 2015 чанд ҷавони муҳоҷир бо иттиҳоми пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав дар Русия боздошт шуданд ва гуфтаанд, ки дар ҷалби онҳо ба ДИИШ “Муовия” ва ё ҳамон Сайвалӣ Шафиев нақш доштааст. Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, Сайвалӣ Шафиев 14 ҷавонеро, ки мехостанд, соли гузашта дар шаҳри Душанбе амалҳои террористӣ анҷом бидиҳанд, дастур дода гуфтааст, кӣ чӣ гуна ва дар куҷо бояд амал кунанд.

Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ, соли 2017 ба онҳо маълумот расид, ки Сайвалӣ Шафиев дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико дар Нангарҳор кушта шудааст.

Моҳи апрели он сол Амрико бузургтарин бомби ғайриатомиро, ки бо номи “модари бомбаҳо” ба як паноҳгоҳи зеризаминии ҷангҷӯёни ДИИШ дар Нангарҳор партоб кард ва даҳҳо нафари онҳоро кушт. Мақомоти Афғонистон баъдан гуфтанд, ки дар миёни кушташудагон чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳам будаанд ва чанд ҷасадро ҳам нишон доданд.

Одами муҳим дар миёни ҷангҷӯён?

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “Баъдан маълум шуд, Шафиев дар он ҳамла кушта нашудааст, ҳарчанд, аз рӯйи маълумотҳо ҳамон шабу рӯз дар Нангарҳор буд. Пас аз кушта шудани чанд саркардаи ДИИШ дар он ҳамла Шафиев “одами муҳим” шуд.” Созмони тундрави ДИИШ Афғонистонро дар хилофати худхондаи худ бо номи вилояти “Хуросон” ёд мекунад. Дар се соли охир аз фаъол шудани ин гурӯҳи тундрав дар Афғонистон зиёд гузориш мерасад.

Номи Сайвалӣ Шафиев моҳи майи соли 2018 дар як гузориши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон садо додааст. Дар ин моҳ кумита бо нашри як филми мустанаде бо номи “Манқуртҳо” гуфт, 14 нафарро, ки мехостанд, дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд ва ҳамчунин пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро тарконанд, дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди кишвар дар Ироқу Сурия рафтаанд ва бисёре аз онҳо ба сафи ДИИШ пайвастаанд. Дар ин миён Сайвалӣ Шафиев, дуввумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки аз ӯ ба ҳайси яке аз фармондеҳони ДИИШ ном мебаранд. Дар гузашта гузоришҳое буд, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилӣ “вазири ҷанг” дар ДИИШ таъйин шудааст, ҳарчанд ин хабарро ниҳодҳои иттилоотӣ таъйид накардаанд.

XS
SM
MD
LG