Дар Тоҷикистон ҳоло дастраси ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Ютюб, Одноклассники ва сомонаҳои хабарии "Озодӣ" ва "Озодагон" маҳдуд шудааст, аммо Акмал Алимирзоев, як ҷавони тоҷик дар истифодабарии ин шабакаҳо ҳеҷ мушкил надорад.
Маҳдудсозиҳо ба Акмал дахл надорад
Акмал, донишҷӯи Коллеҷи тиббии Душанбе, мегӯяд, ду бародараш дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд ва ҳамеша тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли Фейсбук ва "Одноклассники" бо онҳо дар робита ҳаст. Ин ҷавон мегӯяд, вақте чанд соли пеш як муддат шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шуд, истифодаи барномаҳои қуфлшиканро омӯхт.
Ӯ гуфт: “Ҳоло мушкил нест ва ҳар як кӯдак метавонад вориди дилхоҳ торнамо шавад. Ҳоло садшикани “VPN” маъруф аст. Онро дар телефон насб мекунӣ ва ҳама сомонаҳо боз мешавад. Танҳо суръат каме сусттар аст ва берунории бархе видеоҳо дертар анҷом мешавад, вале дар умум, ҳеҷ мушкил вуҷуд надорад. Ҳоло ба фикрам маҳдуд кардани шабакаҳо маъно надорад. Шахсан барои ман.”
Акмал танҳо ҷавоне нест, ки ҳоло тариқи барномаҳои садшикан аз шабакаҳои маҳдудшуда дар Тоҷикистон истифода мекунад.
“Одноклассники” - 30 ҳазор меҳмон аз Тоҷикистон
Масъулони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, истифодаи садшиканҳо шумораи истифодабарандагони онҳоро чандон тағйир надодааст. Татяна, як масъули шабакаи “Одноклассники” дар Душанбе мегӯяд, рӯзҳои аввали маҳдуд шудан то 50 дарсади муштариёнашон кам шуда буд, вале ҳоло мисли қабл ба шабакаи онҳо аз Тоҷикистон ҳамарӯза то 30 ҳазор нафар ворид мешавад.
Хонум Татяна афзуд: “Замоне, ки пурра Однокласники маҳдуд шуда буд, тариқи садшиканҳо ба шабакаи мо ворид мешуданд ва чандон шумораи истифодабарандагони мо дигар нашуда буд. Ҳоло бархе ширкатҳо ба фикрам ду ҳафта боз шабакаи моро боз кардаанд. Дар як ҳафтаи ахир дар маҷмӯъ шумораи истифодабарандагони мо аз Тоҷикистон 25 дарсад зиёд шуд.”
“Одноклассники”, яке аз шабакаҳои маъруф дар миёни ҷавонони тоҷик аст ва гуфта мешавад, дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор муштарӣ дорад.
“Баста будани Фейсбукро фаромӯш кардаанд”
Парвина Ибодова, намояндаи Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет мегӯяд, пажӯҳиши ӯ нишон додааст, ки истифодабарандагони шабакаи Фейсбук танҳо муваққатан дар Тоҷикистон коҳиш ёфта буд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳоло истифодабарандагони ин шабака дар Тоҷикистон ҳатто баста будани онро фаромӯш кардаанд.
Ӯ гуфт: “Фақат Фейсбукро таҳлил кардам, ки ҳеҷ тағйире дар истифодабарандагонаш вуҷуд надорад. Мо мебинем, ки тақрибан ин бастанҳо ҳеҷ фоидае надоранд. Баръакс, ин баҳона шуд ва мардум барномаҳои садшиканро омӯхта, ҳатто сомонаҳои дигари маҳдудро низ боз мекунанд.”
Дар ҳоле, ки маҳдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ таъсире ба шумори истифодабарандагон надоштааст, аммо Тоҷикистон пайваста аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ барои маҳуд кардани озодии баён интиқод мешунавад.
Коршиносон бар инанд, ки масъулон ҳамеша аз “иғвои ногаҳонӣ”-и шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарос доранд ва ба ин хотир онҳоро маҳдуд нигаҳ медоранд. “Маҳдудияте”, ки ҳоло барномаҳои садшикан онро ба фаромӯшӣ мебарад.
Мушкиле, ки ҳамеша “техникӣ” ҳаст
Дар Тоҷикистон солҳост маҳдуд сохтани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо таҷриба мешавад. Қаблан Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иқрор мешуд, ки бо дархости онҳо ин шабакаҳо баста мешавад. Аммо ҳоло ин Хадамот маҳдуд шудани шабакаҳои иҷтимоиро “кори ширкатҳо” медонанд ва ширкатҳо ҳамеша инро “мушкилӣ техникӣ” меноманд.
Аксари шабакаҳои иҷтимоиро аз моҳи сентябр, пас аз “ошӯби Назарзода” бастаанд. Дар ин миён танҳо се рӯз-вақте Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо аъзои ҳукумат ва хонаводааш маросими Ҳаҷи умра анҷом дод, ин шабакаҳо боз шуданд, вале ҳоло боз дубора дастнорас шудаанд ва сокинон тариқи барномаҳои садшикан аз онҳо истифода мекунанд.
Парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи мубориза бо терроризм"-ро тағийр дод, ки он ба мақомот иҷозаи маҳдуд кардани алоқаи телефонӣ ва интернетиро дар маҳалҳое, ки амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷиноӣ меравад, додааст. Ҳоло на дар гӯшае аз Тоҷикистон амалёти низомист ва ҳеҷ мақоме ҳам чунин як амре дар мавриди маҳдуд будани шабакаҳои иҷтимиро расман надодааст.
Дар Тоҷикистон сокинон аз шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Однокласники”, “Вконтакте” ва шабакаи “Ютюб” фаровон истифода мекунанд. Шабакаҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон истифода бурданашон маҳдуд шудааст ва сокинон бештар тариқи садшиканҳо ба онҳо ворид мешаванд.