Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз кор мондани Сангтӯда-2 бори лимитро гаронтар хоҳад кард


Ягона чархаи фаъоли нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз кор бозмондааст ва ба шабакаҳои ширкати «Барқи тоҷик» барқ намедиҳад.

Як манбаи аршад дар сафорати Эрон мегӯяд, чархаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба иллати мушкили фаннӣ аз кор мондааст, аммо мушкил замоне рафъ хоҳад шуд, ки ширкати «Барқи тоҷик» ба пардохти қарзҳояш оғоз кунад. Ин манбаъ, ки хост, номаш зикр нашавад, рӯзи 8 январ ба Озодӣ гуфт, қарзи «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи тавлиди «Сангтӯда-2» ба 28 миллион доллар расида ва ҳар моҳ ба ин маблағ боз ду миллион доллари дигар зам мешавад.

Ширкати масъули сохтмон ва фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар Тоҷикистон ширкати эронии «Сангоб» аст. Рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми январ дар дафтари ин ширкат дар кӯчаи Нисормуҳаммад (собиқ кӯчаи Чехов)-и шаҳри Душанбе касе сари кор набуд ва посбони идора гуфт, як ҳафта боз ба далели кор накардани нерӯгоҳ масъулон ба идора намеоянд.

Аммо сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» ин иддаои масъулони сафорати Эронро бепоя хонда гуфт, чархаи «Сангтӯда-2» фаъол аст ва барқ тавлид мекунад. Ҳамзамон ӯ хабари коҳиши тавлиди барқ ё вазъи феълии равобити ширкат бо нерӯгоҳро шарҳ надод. Ин дар ҳолест, ки аз кор мондани чархаи як нерӯгоҳ дар шароити буҳрони энержии фасли зимистон интиқоли барқро ба аҳолӣ боз ҳам маҳдудтар хоҳад кард.

«Барқи Тоҷик», дар ҳар сурат, ахиран ба мардум муроҷиат кардааст, ки ба хотири таъмини ҳадди ақал лимити мавҷуда нирӯи барқро сарфа намоянд. Дар ин муроҷиатнома сабабҳои зиёди нарасидани барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳо зикр шулдааст, вале ягон ишорае ба пеш омадани мушкил дар тавлиди нирӯи барқ дар нирӯгоҳи «Сангтӯда-2» нест.

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энержии Тоҷикистон мегӯяд, аз кор бозмондани ин нерӯгоҳ лимити барқро метавонад аз 10 то 15 дарсад бештар кунад. Ҷаноби Сайфиддинов мегӯяд, дар ҳисобу китоби омори соҳаи энергетика дарҳамбарҳамӣ ва мухолифат зиёд аст ва ҳарчанд нерӯгоҳҳои нав паиҳам ба кор ҳам даромад, аммо лимит коҳиш наёфт: «Доим мегӯянд, ки камбуд 4,5 миллиард аст. «Сангтӯда-1» қариб ду миллиард киловатт-соат нерӯи барқ медиҳад, «Сангтӯда-2» бояд 1 миллиард киловатт-соат барқ медод. Талко - корхонаи аслии масрафкунандаи барқ қариб бо 40 фоизи иқтидораш кор мекунад. Аммо ин ҳама барқ куҷо мешавад?, ба ҷуз аз муҳандисони худи «Барқи тоҷик» касе намедонад.»

Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар расми гушоиши чархаи аввали Сангтӯда-2. Соли 2011
Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар расми гушоиши чархаи аввали Сангтӯда-2. Соли 2011
Баҳси қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз моҳи феврали соли 2013 қариб як сол боз сар зада буд. Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ширкати «Барқи тоҷик» хоста буд, ки 12 миллион доллар қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро то замони ташрифи президенти вақти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, пардохт намояд.

Қарор буд, он вақт раисиҷумҳури Эрон дар пайи таҷлили Наврӯз дар Ишқобод вориди Тоҷикистон шуда, дар расми кушоиши чархаи дувуми нерӯгоҳи "Сангтӯда 2" ширкат варзад. Аммо ин сафар ба вуқӯъ напайваст ва ба таъкиди масъули бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, чархаи дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда -2», ки ҳанӯз моҳи феврал омодаи кор буд, дар интизори раисҷумҳурони ду кишвар ба гардиш надаромад.

Чарха ё турбинаи аввали нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар аввалҳои моҳи сентябри соли 2011 дар ҳузури раҳбарони Тоҷикистону Эрон фаъол шуда буд. Пас аз се моҳи давраи озмоишӣ, дар 22-декабри ҳамон сол ин нерӯгоҳ ба тавлиди неруи барқ шурӯъ кард ва 30-юми декабр хатҳои интиқоли барқ ба ин ниругоҳ васл шуданд.

Нерӯгоҳи «Сангтӯда -2», ки як ҳар чархаи он 125 мегават нерӯ тавлид мекунад, дар ҷануби Тоҷикистон бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллар саҳми худи Тоҷикистон сохта шуда, тибқи тавофуқи ду кишвар, тайи 12 соли аввали фаъолияташ дар ихтиёри ҷониби Эрон қарор гирифта, сипас ба дасти Тоҷикистон хоҳад гузашт.
XS
SM
MD
LG