Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси маҳалла бо иттиҳоми "барангехтани хусумат"


Додситонии Ҳисор ба зидди ду сокини як деҳаи шаҳр бо иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ ва қавмӣ ва ё "паст задани сокинони узбектабори маҳалла", парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Оё Бурҳониддин шаъну шарафи узбеконро паст зад?

Бурҳониддин Сафаралиев, раиси деҳаи Сайёд ва муовинаш Фахриддин Раҷабов ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзи 8-уми январи соли 2018 дар саҳни масҷиди маҳалла нисбат ба сокинони узбектабор бо лаҳни дуруште сӯҳбат карда ва аз ҷумла гуфтаанд, ки "узбекҳо дар инҷо ҳаққи гап задан" надоранд.

Бурҳониддин Сафаралиев гуфтааст, ки иддаоҳо дар бораи барангехтани адовати қавмӣ ва нажодӣ дар бораи ӯ дуруст нест ва мақомот мехоҳанд, барои ошкор кардани камбудиҳо дар маҳалла ва дигар деҳоти атроф, аз ӯ ниқор бигиранд.

Дар қарори додситони шаҳр аз рӯзи 29-уми январ дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ омадааст, бо паст задани шаъну эътибори узбекон "тартиби бартарияти тоҷиконро нисбат ба узбекон вобаста ба мансубияти онҳо ба миллат тарғиб намудаанд".

Муфаттишони додситонӣ мегӯянд, парвандаро бар асоси шикояти чанде аз узбекони маҳаллаи Сайёд боз кардаанд. Муфаттишон мегӯянд, сокинони узбекзабони маҳалла Бурҳониддин Сафаралиев ва Фахриддин Раҷабовро дар аризаи шикоятиашон ба миллатгароӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки онҳо номи масҷиди маҳалла "Мулло Аҳмадқулибобо"-и узбекро ба "Масҷиди панҷвақтаи Сайёд" иваз кардаанд.

Додситонӣ мегӯяд, иддаои сокинон асос дорад ва бо назардошти ҳамин ба зидди онҳо бо иттиҳоми “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ", парванда боз кардаанд. Ҳарду рӯзи 31-уми январ дастгир шудаанд ва айни замон таҳқиқи парванда идома дорад.

Бадриддин Сафаралиев, бародари Бурҳониддин Сафаралиев.
Бадриддин Сафаралиев, бародари Бурҳониддин Сафаралиев.

Ҷаъфар Абдуқодирзода, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 4-уми феврал боздошти раиси маҳаллаи Сайёд ва муовинашро зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, вале аз шарҳи он худдорӣ варзид. Дар додситонии шаҳр гуфтанд, ки парвандаро муфаттиш Муҳаммад Шомаҳмадзода таҳқиқ дорад.

Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ бегуноҳ аст

Наздикони Бурҳониддин Сафаралиев мегӯянд, ӯ бегуноҳ аст ва дар ҳаққи касе кори баде накардааст. Бародараш Бадриддин Сафаралиев ба Радиои Озодӣ гуфт, номи масҷид аз тарафи мақомоти расмӣ сурат гирифтааст ва ин кори дасти Бурҳониддин нест.

Саломат Ҳалимова, ҳамсари Бурҳониддин Сафаралиев ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳама ӯро эҳтиром мекунанд, барои ободии маҳалла корҳои зиёде кардааст. Ман то ҳол намедонам, барои чӣ боздошташ кардаанд?".

Худи Бурҳониддин Сафаралиев ҳам гуфтааст, ки иддаоҳо дар бораи барангехтани адовати қавмӣ ва нажодӣ дар бораи ӯ дуруст нест ва мақомот мехоҳанд, барои ошкор кардани камбудиҳо дар маҳалла ва дигар деҳоти атрофи аз ӯ ниқор бигиранд.

Ҷасур Амиров, шаҳрванди Узбекистон гӯиё 8 моҳ аз тарафи як сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун мардикор истифода шудааст.
Ҷасур Амиров, шаҳрванди Узбекистон гӯиё 8 моҳ аз тарафи як сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун мардикор истифода шудааст.

Бурҳониддин Сафаралиев дар гузашта мушкилоти Зуҳро Сайфуллоева, модари 6 фарзанд ва сокини деҳаи Уртабузро расонаӣ кард, ки дар вагоне зиндагӣ мекард ва сипас бо кӯмаки мардум соҳиби хонае дар шаҳри Ҳисор шуд.

Расонаҳо ва мақомот ҳамчунин бо мусоидати ӯ аз сарнавишти Ҷасур Амиров, як ноболиғи узбекистонӣ огаҳ шуданд. Ин навраси 14-сола иддао мекард, ки дар хонаи як сокини ноҳия 8 моҳ истисмор шудааст. Баъд аз гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ӯ, мақомот қазияи ӯро таҳқиқ карданд ва бо мусоидати сафорати Узбекистон ба ватанаш бозгардонданд.

"Бо қошуқ гарданашро буридааст.

Зимнан Ҷамила Сангканова, вакили дифои Бурҳониддин Сафаралиев гуфтааст, ки муфаттишон зимни бозпурсӣ бо зерҳимояташ дар боздоштгоҳ ба ӯ бадрафторӣ кардаанд ва ӯ "ба зӯровариҳои муфаттиш тоб наоварда, бо қошуқи дасташ гарданашро буридааст".

Таъйиди ин гуфтаи Ҷамила Сангканова ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ҳарчанд дар рӯзи дуввум боздошт, хабарнигорони Радиои Озодӣ диданд, ки табибони воҳиди ёрии таъҷилии шифохонаи шаҳр ду дафъа вориди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия шуданд.

Ҷамила Сангканова рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз бо фарди зери ҳимояташ мулоқот доштааст ва дар гарданаш осори захм мушоҳида мешавад.

"Инҷо ҳама бародарона зиндагӣ доранд"

Бурҳониддин Сафаралиев, раиси маҳаллае аст, ки дар он тоҷикону узбекони зиёд зиндагӣ мекунанд. То кунун дар байни онҳо муноқишаву даъво мушоҳида нашудааст.

Нурулло Раҷабов омӯзгори мактаби рақами 3 дар маҳалла рӯзи 1-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт" "дар инҷо ҳамаи сокинони узбектабору тоҷикҳо зиндагии бародарона доранд. Ман 15 сол дар ин мактаб таълим додаам ва ҳеҷ мухолифату душманӣ надидаам, фақат робитаи хешу табории онҳоро дидаам. Ҳама дӯсту бародар ҳастем ва дӯстона дорем".

Ифтитоҳи парванда баъди бештар аз як соли ҳодиса ба гуфтаи як ҳомии ҳуқуқ, ки худаш ҳам вакили дифоъ аст, суолҳои зиёдеро дар бораи он бармеангезад ва собит мекунад, "он беғаразона" нест.

XS
SM
MD
LG