Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cокинони Шаҳритус даъво накарданд, касе ҳам танбеҳ нагирифт. ВИДЕО


Додситони вилояти Хатлон гуфт, ки барои осеб дидани се хона аз тири нерӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) касеро танбеҳ надоданд ва ё ба ҷавобгарӣ накашиданд. Маҳмуд Насруллозода дар бораи ин ҳодиса, ки охири соли 2017 дар деҳаи Иттифоқ рух дод, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа сӯҳбат кард.

Яке аз хонаҳое, ки ҳангоми машқҳои низомии васеъмиқёс дар Шаҳритус аз тири зиреҳпӯшҳо осеб диданд, хонаи Муҳиддин Қурбонов, сокини деҳаи Иттифоқ буд. Хушбахтона, дар ин хона касе осеб надид. Ҳамон рӯз 11-уми ноябр, хабарнигори Радиои Озодӣ ба хонаи Муҳиддин Қурбонов рафт.

"Духтаронам дар мактаб буданд, соат даҳу бист буд. Ҳамсарам дар он хона буд, ҳамроҳи тағоиҳоям. Барои ҳамин, осеб надидаанд", - гуфта буд Муҳиддин Қурбонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар аввал садамаи дигар гӯшаҳои хонаро мушоҳида накарданд, вале баъди рафтани маъмурони милиса диданд, ки чанд ҷойи дигар ҳам осеб дидааст.

“Баъд писарам аз мактаб омад, болои бом баромад, гуфт, ки оча хоная бинед. Хонаро дидем, ки сақфаш ва шиферҳо сӯрох шудаанд”, – мегӯяд Саида Қурбонова, ҳамсари Муҳиддин Қурбонов.

Тирҳои дайду аз размоишгоҳи Ҳарбмайдон дар километрии ноҳияи Шаҳритус ба хонаи Муҳиддин Қурбонов дар деҳаи Иттифоқ бархӯрдаанд.

Дар инҷо рӯзи 11-уми ноябр машқҳои низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ идома дошт. Нерӯҳои Тоҷикистону Русия, Арманистону Белорус, Қирғизистону Қазоқистон шеваҳои мубориза бо террористонро тамрин мекарданд. Баъди тақрибан се моҳи ҳодиса мақомот гуфтанд, ки касеро ба ҷавобгарӣ накашиданд ва танбеҳ надоданд, зеро хонаводаҳо даъво накарданд.

“Ин ҳодиса дар ноҳияи Шаҳритус ҷой дошт, дар онҷо ягон аломати ҷиноят нест. Ман мехоҳам шумо инро ба инобат бигиред. Зараре, ки расонида шудааст, пардохт карда шуд, ягон хел шикоят, ягон хел даъво, ё ариза вобаста ба ин масъала набуд“ -гуфт, Маҳмуд Насруллозода.

Сокинони Шаҳритус даъво накарданд, касе ҳам танбеҳ нагирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Додситони вилояти Хатлон нагуфт, ки ба соҳибони хонаҳои осебдида чӣ қадар ҷуброн пардохт кардаанд. Вале ӯ гуфт, дар соли 2017 садҳо парвандаи ҷиноӣ барои тақсими ғайриқонунии замин дар вилоят боз кардаанд. Ва он ҳам тақсими замин барои хонасозӣ.

XS
SM
MD
LG