Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бегоҳи даҳуми декабр гуфт, чаҳор духтари мактабхоне, ки дар як навори видеоӣ алфози қабеҳ зада, бархе аз аъзои бадани худро намоиш додаанд, хонандагони мактаби рақами 8-и пойтахт мебошанд.
Соҳибназар Сафаров, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин навор як моҳ қабл дар мобилҳои ҷавонон пайдо шуда, баъдтар дар шабакаҳои Ютюб (YouTube) ва Фейсбук (Facebook) пайдо шудаанд. Ба қавли Сафаров, ҳоло ин толибаҳо аз мактаби рақами 8-и Душанбе хориҷ карда шудаанд.
Аммо ба гуфтаи ӯ, волидони ин духтарон алайҳи маъмурияти мактаби рақами 8 ба додгоҳ шикоят бурдаанд, ки ҳуқуқи фарзандонашонро нақз кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Соҳибназар Сафаров субҳи рӯзи даҳуми декабр ба Озодӣ гуфта буд, онҳо ин навори видеоиро дастрас карда, аз пайи шиносоии духтароне ҳастанд, ки дар ин навор, ба истилоҳ, "нақш офаридаанд".
Ӯ гуфта буд, аммо ҳанӯз маълум нашуда, ки ин духтарон хонандагони кадоме аз мактабҳои пойтахтанд ва дар синфи чандум мехонанд. Ба қавли Сафаров, "дар сурати дақиқ шудани ҳувияти муҳассилин, онҳо ва маъмурияти мактабашон муҷозот хоҳанд шуд."
Шаби нӯҳуми декабр дар торнамоҳои Ютюб ва Фейсбук ду навори ба ҳам монанди чаҳор духтари мактабхон пайдо шуд, ки онҳо бо якдигар алфози қабеҳ гуфта, якдигарро мебӯсанд, сигор мекашанд ва қисме аз тани худро намоиш медиҳанд. Онҳо гоҳе бо забони тоҷикӣ ва гоҳе ҳам ба русӣ сӯҳбат мекунанд. Ин наворҳо, зоҳиран, бо телефони ҳамроҳ ё мобил бардошта шудааст.
Дар яке аз ин наворҳо гуфта шудааст, ки ин духтарон хонандагони синфи ҳаштуми мактаби рақами 70-и шаҳри Душанбеанд. Аммо дар навори дигар таъкид шудааст, ки инҳо хонандагони мактаби рақами 21-и ин шаҳр мебошанд. Ин навори видеоӣ субҳи 10-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳси зиёди хонандагон қарор гирифта, аксарият норозигии худро нисбат ба ин навор ва ахлоқи духтарон баён доштаанд. Аммо онҳое низ будаанд, ки баръакси аввалиҳо ин наворро “одӣ” ва кори духтаронро “даҳшат”-и чандоне надонистаанд.
Аз ин пеш, як навори видеоӣ дар шабакаи Интернет муштзании ду ҷавондухтари тоҷикро нишон медод, ки боиси баҳсҳои зиёде шуда буд.