Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин чӣ либос аст"? Латукӯби як духтари аврупоипӯш дар Душанбе


Як сокини шаҳри Душанбе, ки мегӯяд марде ӯро барои либоси аврупоияш дар кӯча латукӯб ва таҳдид кардааст, ба мақомот шикоят бурд.

Аризаи як сокини пойтахти Тоҷикистон, ки як мард ӯро барои либоси аврупоияш латукӯб ва таҳдид кардааст, аз сӯи шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад. Дар ин бора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 4 декабр Ҷалолиддин Садриддинов хабар дод ва гуфт, ки аризаи шаҳрванд М.Н. аз сӯи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ баррасӣ мешавад ва сипас дар мавриди ифтитоҳ шудан ё нашудани парнвандаи ҷиноӣ тасмим гирифта хоҳад шуд. Кормандони умури дохила қазияро ҳатман пайгирӣ ва нисбати шахсе, ки ин корро раво дидааст, чораҷӯӣ мекунанд, афзуд Ҷалолиддин Садриддинов.

... “Духтарон, эҳтиёт бошед, ба вижа онҳое, ки либоси аврупоӣ мепӯшанд. Имрӯз дар рӯзи равшан ба ман як мард барои либоси аврупоӣ пӯшиданам ҳамла кард...” – номаи пуризтироби сокини Душанбе М.Н. се рӯз пеш дар шабакаи Фейсбук пайдо шуд. Муаллифи нома аз бетафовутии атрофиён ҳам шикоят кардаст. Аз тақрибан 20 марди гирду атроф касе аз ман ҳимоят накард, навиштааст ӯ.

Дар як гуфтугӯ аз тариқи Фейсбук М.Н. ба мо гуфт, то замони боздошти марди ҳамлагар бо расонаҳо сӯҳбат нахоҳад кард, зеро худро дар амн эҳсос намекунад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, марди тақрибан 35-солаи ношинос рӯзи 1 декабр дар наздикиҳои коргоҳи ҷӯроббофӣ дар хиёбони Айнӣ бо суханони “Ин чӣ либос аст?” ба М.Н. ҳамла карда, гуфтааст, “як бори дигар бо ҳамин либос бубинамат, бо кордча майда-майда мекунамат!”

Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечёрка” ва вакили маҷлиси пойтахт мегӯяд, ки аз ин ҳодиса огаҳ аст ва онро пайгирӣ мекунад. Ин рӯзноманигор гуфт, ки ҳарчанд худи ӯ бо чунин ҳодисаҳо рӯбарӯ нашудааст, вале навиштаҳои корбари Фейсбукро дидааст ва аз шарҳҳои дигар духтарон ҳам огаҳ аст, ки ҳодисаҳои азияту озори духтарони

Гулнора Амиршоева
Гулнора Амиршоева

либоси аврупоипӯш аз ҷониби мардони ношинос дар кӯча нав нест. "Ин ҳодисаи ташвишовар аст ва бадтарин масъала ин аст, ки ин мард ба худ иҷозат дод, ки ба як духтари роҳгузор на танҳо зӯрӣ кунад, балки даст бардорад. Дигар атрофиён бошанд коре барои ҳимояи ин духтар накарданд. Агар мо пеши роҳи ингуна ҳодисаҳоро нагирем, дар оянда ин раванд метавонад боиси бесубот шудани интизоми ҷамъиятӣ дар кишвар шавад", гуфт Амиршоева. Ба ҳайси вакили маҷлиси шаҳри Душанбе ӯ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ваъда дод, ки дар сурати то 24 декабр шурӯъ нашудани таҳқиқи ин қазия аз ҷониби сохторҳои тафтишотӣ, бо истифода аз мақоми депутатиаш, худ аз паи таҳқиқ ва пайгирии ин ҳодиса мешавад.

Кадом омил – маҳз либоси аврупоӣ ё кору амали дигаре боиси ғазаби марди ношинос шудааст, ҳамчунин вазъи равонии ӯву то куҷо ба мазҳаб рабт доштани ин ҳамла шояд баъд аз боздошташ ошкор шавад. Аммо “надидан”-и саҳна латукӯбу таҳдиди духтари ҷавон аз сӯи тақрибан 20 марди атроф воқеъан бонги изтироб ва далели ба самти манфӣ ва ҳатто сӯи бесуботӣ рафтани ҷомеъа аст, зеро бесуботӣ аз ҳамин “майда-чуйдаҳо” шурӯъ мешаванд, меафзояд ӯ.

Бештари истифодабарандагони интернет ҳам аз бетафовутии мардон шикоят кардаанд – баъзеҳо анвиштаанд, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон мардиву ҷавонмардӣ камтар шудааст, зеро акнун дар ҷомеа пулу сармоя “ҳоким” аст, вазъе, ки ҳеҷ гоҳ хоси фарҳанги тоҷикон набуд. Ҳамроҳ бо ойини ҷавонмардӣ мафҳумҳои “адолат” ва “тараҳҳум ба ҳамдигар”, “гузашт кардан” ҳам камарзиш шудаанд. Барои ҳамин курсҳои махсуси худмудофиаи занон бояд боз кард ё бонувони аврупоипӯш бо “баллончикҳои газ” “мусаллаҳ” шаванд, пешниҳод кардаанд бархе аз истифодабарнадагони интернет.

Аммо иддае занонро муқасир медонанд, ки бо пӯшидани либосҳои ҳариру танг мардонро таҳрик медиҳанд. Як мусоҳиби мо, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, мегӯяд, мардуми кишварҳои ҷанубӣ, таври маъмул, хунгарм ва хело шаҳвониянд ва духтарону занони тоҷику дигар миллатҳо бояд ҳамеша инро дар ёд дошта бошанд. Аммо Гулнора Амиршоева мегӯяд, дар ин фасли сол духтарон бо пироҳани нимабозу ҳарир ва доманҳои аз зону боло дар хиёбонҳо намегарданд – ин гуна либосҳоро баъзе занону духтарон ҳангоми рафтан ба клуб ё тарабхона ба тан мекунанд ва он ҳам рӯзҳои гарм ва дар ҳоле, ки савори мошин бошанду раҳбалади мард ҳам дошта бошанд.

Зебо Тоҷибоева
Зебо Тоҷибоева

Зебо Тоҷибоева, сардабири нашрияи “Азия пюс” ҳам чанде пеш маҳз барои либоси аврупоӣ пӯшиданаш мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса дар бозори Гимрозем барои ӯ комилан ғайричашмдошт ва дар пеши чашми кормандони милиса рӯй дод, ки каме дуртар истода буданд ва сӯяш бо писханд нигаҳ мекарданд. Аз нигоҳи мусоҳиби мо, солҳои ахир шумораи ҷавонони хашин хело зиёд шуааст ва наворҳои видеоӣ, аз ҷумла, дар бораи тарошидани мӯйсари духтарони сабукпо, далели ин аст. Зебо мегӯяд, баъди он ҳодиса ҳар гоҳ ба ба бозор равам, ҳатман либоси миллӣ мепӯшам, аз бало ҳазар.

Гулнора Амиршоева мутмаин аст, дар қазияи латукӯбу таҳдид ба М.Н. пайдо кардани муҷрим кори мушкил нест, зеро дар ҷойи ҳодиса камераҳои назоратӣ насб шудаанд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин қазия ҳатман дар додгоҳ баррасӣ мешавад, дар акси ҳол, ин масъала барои баррасӣ ба иҷлосияи Маҷлиси шаҳри Душанбе ироа хоҳад шуд.

Аммо Нуралӣ Пиров, муовини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати умури дохилии Тоҷикистон, боз шудани парванда дар робита ба ин ҳодисаро баъид медонад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки ҳатто дар сурати ифтитоҳи парванда ҳам фарди муҷрим аз 15 шабонарӯз то як моҳ аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

Баъзе мусоҳибони мо мегӯянд, бархӯрди мақомот ба қазияи латукӯбу таҳдид ба М.Н. нишон хоҳад дод, ки боло бурдани муҷозот барои хушунат алайҳи занон то куҷо зарур аст.

XS
SM
MD
LG