Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 11 май дар вокуниш ба суханони рӯҳонии саршиноси Эрон Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, ки роҷеъ ба сарулибоси мардум дар Тоҷикистон ба раисиҷумҳури ин кишвар Тоҷикистон паёме фиристода буд, гуфт: “ташвишҳои Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ҳанӯз барвақт аст ва ахборе, ки ин шахсият дарёфтааст, маълум аст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои муғриз паҳн шудааст.”
Оятуллоҳ Шерозӣ, дар мавъизаи худ дар масҷиди аъзами Қум ба Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон паём фиристодааст, то аз мақомоти кишвар бихоҳад, ки “мардумро ба ҳоли худашон гузоранд”. Ба гуфтаи хабаргузории ИСНО, ишораи ин рӯҳонии Эрон ба маҳдудиятҳои пӯшиши исломӣ, аз ҷумла ҳиҷоби занон, дар Тоҷикистон будааст.
Хабаргузории ИСНО рӯзи 10 май ба нақл аз Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ навишт, “дар ахбор матолибе мунташир шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон матлаби тунде дар бораи ҳиҷоб гуфта ва дар пайи он дар кӯча ва хиёбон чодар аз сари занон кашидаанд. Мо паёми дӯстонае ба раисиҷумҳур дорем. Мо ин корро дар замони Ризохон таҷруба кардем, вале мардум таслим нашуд.”
Вай афзудааст, мо дар шароите ҳастем, ки бояд байни миллат ва давлатҳо ваҳдат бошад. “Ин масъала боис мешавад, ки байни давлат ва миллати Тоҷикистон ихтилоф биафтад ва дар ин шароити ҳассос сазовор нест,” -- гуфтааст Оятуллоҳ Шерозӣ ва афзудааст, “мо равобити хубе бо Тоҷикистон ва давлатмардони он дорем. Он чӣ дар ин заминаҳо озмуда шуда ва натиҷаи манфӣ дошта, ба онҳо гуфтем ва умедворем, ин паёми мо беасар набошад.”
Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдулфайз Атоӣ, сардори департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, "сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар шаффоф ва бархоста аз таъриху тамадунни исломӣ аст."
Ба таъкиди ҷаноби Атоӣ, ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус шахси раиси ҷумҳур ба дини ислом эҳтиром қоил аст ва ҳамеша барои арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳабӣ иқдом кардааст. Ҷанобӣ Атоӣ, аз бузургдошти 1310-солагии Имом Аъзам Абу Ҳанифа, пешвои мазҳаби роиҷ дар Тоҷикистон, фаъол будани беш аз чаҳор ҳазор масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ дар қаламрави кишвар ва ҳамчунин бунёди бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар маркази шаҳри Душанберо мисол овард, ки ин ҳама бо ташаббус ва иқдоми раиси ҷумҳур ва ҳукумати Тоҷикистон амалӣ шудаанд.
Ҳамчунин ба таъкиди Абдулфайз Атоӣ, чанд рӯзи пеш озмуни қориҳои Қуръон дар маркази шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки ин ҳама бозгӯи фароҳам кардани шароит барои шаҳрвандони кишвар ба манзури риояи озодиҳои мазҳабии онҳост. Ин масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки мардуми тоҷику эронӣ, ки дорои муштаракоти фарҳангиву динӣ ва забонӣ ҳастанд ва ба бузургони гузаштаи худ арҷ хоҳанд гузошт.
Абдулфайз Атоӣ, изҳори умедворӣ кард, ки ин ахбори муғризона, ки гурӯҳҳои манифатдор пахш мекунанд, монеи густариши равобиту ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Эрон нахоҳад шуд, балки ҳар ду кишвар бо ҳусни нияти бародариву дӯстона талош хоҳанд кард, то муносибот ба манфиати миллату мардуми ҳар ду кишвар бошад.
Паёми Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, зоҳиран, ба дунболи барномаҳои шабакаи телевизионии "Висоли ҳақ" ва навиштаҳои матбуот садо додааст, ки дар онҳо даъвати мақомоти Тоҷикистон ба пӯшидани сарулибоси миллӣ ҳамчун мухолифат ба ҳиҷобу чодар ташреҳ шудааст. Мақомоти давлатии Тоҷикистон дар чанд ҳамоиш аз бонувон даъват карданд, аз пӯшишҳои бегона парҳез кунанд ва ба сарулибоси миллӣ бартарӣ диҳанд. Изҳороти рӯҳонии саршиноси Эрон дар ҳоле садо медиҳад, ки масъалаи сару либоси занон дар худи Эрон як омили маҳдудияти ҳуқуқи занон ба шумор меравад. Дар ин кишвари теократӣ ҳиҷоби исломӣ барои бонувон ҳатмист ва камтарин беэътиноӣ ба мурооти сатр метавонад, сабаби муҷозоти занон гардад.
Маҳдудияти мазҳабӣ дар сарулибоси шаҳрвандон сабаб мешавад, ки даҳҳо нафар аз бонувони эронӣ бе ҳиҷоб акс мегиранд ва аксҳои худро ба нишони эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон фишори давлати Эронро ба занон дар мавриди либос шадидан интиқод мекунанд.