Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозтоби сафари Аслов ба Исломобод дар расонаҳои Покистон (7 АКС)


Мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф.
Мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф.

Сафари Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Покистон, дар расонаҳои ин кишвар бозтоби густурдае доштааст.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон тайи сафари рӯзҳои 20-21 ноябр ба Исломобод, бо баландпоятарин мақомоти он кишвар мулоқоту гуфтугӯҳо анҷом додааст. Оқои Аслов аз ҷумла дар Исломобод бо президент Мамнун Ҳусайн, нахуствазир Навоз Шариф, вазири энержӣ Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири тиҷорат ва савдои хориҷӣ Ғулом Дастгир ва мушовири сарвазир дар умури хориҷӣ Сартоҷ Азиз гуфтугӯ кардааст.

Ба навиштаи рӯзномаи англисизабони "The News", чопи Исломобод, Навоз Шариф дар мулоқот бо Сироҷиддин Аслов хостори таҳкими бештари муносибот бо Тоҷикистон шудааст ва гуфтааст, ки ин ду кишвар бояд барои ташвиқи ҷаҳонгардӣ, аз ҷумла табодули сафарҳои мунтазами ҳайатҳои фарҳангӣ аз кишварҳои якдигар барномаҳое рӯи даст бигиранд.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии кишвараш бо Тоҷикистон шуд. Вай гуфтааст, тарҳҳои бузурге аз қабили CASA-1000, TAPI Gas Pipeline ё лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (ТАПҲ) ба яке аз бозиҳои геополитикии минтақа ва ҳамгароии иқтисодӣ табдил хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар дидори гуфтугӯҳои оқои Аслов бо мақомоти покистон, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энергетика ва ҳамчунин вазъ дар Афғонистон дар меҳвар қарор доштанд. Покистон, ки аз камбуди барқ ранҷ мебарад, дар ҷустуҷӯи роҳҳои бартараф кардани ин мушкили худ ҳаст ва тарҳи КАСА-1000-ро як умедҳо барои бурунрафт аз ин бӯҳрон медонад.

CASA-1000 як барномаи пуриддаои минтақавист, ки сохтани хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон то Покистон аз тариқи Афғонистонро ба ҳадаф дорад. Дар доираи тарҳи (CASA-1000) хатти баландшиддати 1200 километра бо бунёди се истгоҳи интиқоли барқ сохта хоҳад шуд, ки ҳангоми тобистон аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон барқ интиқол дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ захоири барқи худро дар фасли тобистон ба Покистону Афғонистон бифурӯшанд.

Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири тиҷорат ва савдои хориҷии бунёди роҳҳои оҳан ва мошингардро пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистонро тариқи ҷануби Покистон ба обҳои гарм мерасонад. Оқои Аслов ҳамчунин хостори содироти кишоварзӣ аз ҷумла картошка ва шакар аз Покистон ба Тоҷикистон шудааст. Сироҷиддин Аслов ҳамчунин аз сармоягузорони покистонӣ даъват кардааст, ки дар чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар наздикиҳои марз бо Афғонистон ва Покистон ҷойгиранд, сармоягузорӣ кунанд.

Равобити дипломатии Тоҷикистон бо Покистон июни соли 1992 барқарор шудааст. Покистон соли 1993 сафоратхонаи худро дар Душанбе кушод ва аз 23 феврали соли 2005 сафоратхонаи Тоҷикистон дар Исломобод фаъол аст. То кунун миёни ду кишвар беш а аз 30 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст.

XS
SM
MD
LG