Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Аслов: Толибон дигар соҳиби қудрат нахоҳанд шуд


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Вазири хориҷаи Тоҷикистон эҳтимоли таҷамӯи созмонҳои терористӣ дар марз баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистонро кам эҳтимоли ба қудрат дар Кобул соҳиб шудани ҷунбиши Толибонро боз ҳам ночизтар хондааст.

Ба эътиқоди Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, баъди рафтани нерӯҳои хориҷӣ авзоъи амниятӣ дар Афғонистон бисёр бад намешавад ва Толибон низ наметавонанд ба қудрат бозгарданд. Аслов мегӯяд, бар хилофи пешбиниҳои тарснок дар бораи ояндаи Афғонистон, авзоъи амниятӣ пас аз соли 2014 дар саросари ин кишвари ҳамсоя фавқуллода бад намешавад, аммо печида ва пуршиддат боқӣ мемонад. Қарор аст, аксари нерӯҳои ҷангии хориҷӣ то охири соли равон, баъд аз як даҳсола Афғонистонро тарк кунанд. Ин нерӯҳо соли 2001 ба Афғонистон ворид шуда, Толибонро аз ҳукумат барканор карданд ва то кунун дар таъмини субот ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон кӯмак мекунанд.

Сироҷиддин Аслов дар як мақолае дар “Сиёсати хориҷӣ” - нашрияи расмии вазораташ - навиштааст, таҳаввулоти соли оянда ва сенарияҳои эҳтимолии авзоъ дар Афғонистонро таҳлил кардааст. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва дигар чорабиниҳои муҳим дар ин кишвар эҳтимолан сабаби сахттар шудани муборизаҳои сиёсӣ ва бадтар шудани вазъи низомиву сиёсӣ мешавад, вале ба ҳадди ҳарҷу марҷ ва беҳокимиятӣ дар Афғонистон намерасад.

Дар воқеъ, ҳоло нигарониҳо аз он зиёд аст, ки дар сурати ба мувофиқа нарасидани номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Афғонистон - Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдулло Абдулло дар бораи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ва эълони натиҷаҳои интихобот ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки дигарбора Афғонистон ба вартаи ҷанг кашида шавад. Ҳарду номзад иддао доранд, ки дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи 14-уми июн пирӯз шудаанд.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, айни замон ҳукумати Афғонистон машрӯъ аст ва тавоноии идораи кишварро дорад, дар ҳукумат, тавозуни нисбии нерӯҳои сиёсӣ, миллӣ ва минтақавӣ риоят мешавад ва қисми зиёди аҳолӣ тарафдори ҳукумат аст, ки ҳоло раҳбарияшро Ҳомиди Карзай бар ӯҳда дорад. Ба бовари вазири умури хориҷии Тоҷикистон, “дар сурати ҳифзи ҳамин хусусият ва ба шарти кӯмаки амалии ҷомеаи байналмилалӣ, ҳукумати Афғонистон дар маҷмӯъ метавонад, авзоъ дар кишварро идора кунад.”

Асароти яке аз ҳамлаҳои Толибон
Асароти яке аз ҳамлаҳои Толибон

Бо вуҷуди идомаи қатлу хунрезӣ аз тарафи Толибон, ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, ин гурӯҳи ифротӣ наметавонад дигарбора ҳукумат дар Афғонистонро ба даст бигирад, “вале барои ин ҳадафашон, миқёси ҳамлаҳои террористӣ, харобкорӣ ва найрангҳои сиёсиву дипломатиашон”-ро васеътар мекунанд.

Дар воқеъ, Толибон тобистони имсол ҳамлаву хунрезӣ дар Афғонистонро бештар кардаанд ва як мақоми вазорати умури дохилии ин кишвар ба хабаргузории Олмон гуфтааст, ки ба истиснои вилояти Панҷшер ва Бомиён ҷанг дар боқӣ 34 вилояти кишвар идома дорад.

Вазири тоҷик пешбинӣ мекунад, ки мумкин аст, авзоъи Афғонистон баъди соли 2014 ба таври ҷиддӣ ноамн шавад, вале “тағйири ҳукумат” сурат намегирад. Бо назардошти ин, ба ақидаи Сироҷиддин Аслов, “эҳтимоли таҷаммӯъи созмонҳои террористӣ дар марз ва вуруди онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ” кам аст, ҳарчанд гурӯҳҳои хурди харобкор баъд аз соли 2014 саъй хоҳанд кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои шумашон ба минтақа ворид шаванд.

Яке аз гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Яке аз гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон 1370 километр марзи муштарак дорад ва аз он нигарон аст, ки дар сурати бад шудани авзоъ, мумкин аст, ноамнӣ ба кишвар сироят кунад. Сироҷиддин Аслов дар мақолааш дар нашрияи расмии “Сиёсати хориҷӣ” навиштааст, ки тақвияти артиши Афғонистон иҷрои барномаҳои иқтисодӣ, таъмини мардум бо нерӯи барқ ва дигар хадамоти аввалия метавонад, сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақаро мустаҳкамтар кунад.

Ин сӯҳбатҳои Сироҷидди Аслов дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон қаблан аз эҳтимоли фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон ҳушдор медоданд. Вазъи Афғонистон баъд аз хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ, ки қарор аст, то се моҳи дигар такмил шавад, як мавзӯи асосии нишасти як ҳафта пеши сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон низ буд.

XS
SM
MD
LG