Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандагони тоҷик аз тағйирот дар марзи Қирғизистон хабар медиҳанд


Гузаргоҳи Саритош дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.
Гузаргоҳи Саритош дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Ронандагони тоҷик мегӯянд, сар аз 1-уми июн онҳоро дар посгоҳҳои гумрукии Қирғизистон маҷбур мекунанд, ки ҳудуди 200 сомонӣ боҷи гумрукӣ супоранд, дар ҳоле ки қаблан чунин муқаррарот вуҷуд надошт.

Ронандагони тоҷик мегӯянд, баъд аз узви Иттиҳоди Авруосиё шудани Қирғизистон қоидаҳои убур аз марзи ин кишвар тағйир ёфта, сар аз 1-уми июн шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбуранд дар посгоҳҳои гумрукии Қирғизистон барои як мошин сабукрав наздики 200 сомонӣ боҷи гумрукӣ диҳанд.

Онҳо, ки ба хотири кӯтоҳ кардани роҳ аз ноҳияи Саритоши Қирғизистон ва Ҷиргатоли Тоҷикистон ба Душанбе раҳсипор мешаванд, мегӯянд, қаблан чунин қоида вуҷуд надошт ва марзбонону гумрукиёни қирғиз ба маротиб меҳрубонтар буданд. Бобомурод Ҷӯраев, ронандае, ки солҳо боз сайёҳони хориҷиро бо убури қаламрави Қирғизистон ба Душанбе мерасонад, мегӯяд, "ҳоло ба ғайри ин қадар пул гирифтан боз моро пурсуҷӯ ва кофтукоб мекунанд. Муносибаташон низ тағийр ёфтааст ва бо дағалӣ бо мо сӯҳбат мекунанд.”

Роҳ аз ноҳияи Мурғоб тавассути Бадахшон ва вилояти Хатлон то Душанбе наздики 1000 километрро ташкил медиҳад, аммо бо убури хоки Қирғизистон ин масир 400 километр камтар мешавад. Ҷӯраев меафзояд, барои 200 сомонӣ ҳангоми вуруд ба қаламрави Қирғизистон барга дода ва ҳангоми баромадан аз ҳудуди ин кишвар ин расидро аз ронандагон бозпас мегиранд, каи низ ба андешаи ӯ, як амали нофаҳмост.

Ду тан аз ҳампешагони дигари Бобомурод Ҷӯраев низ гуфтаанд, зоҳиран созишномаи дуҷонибаи транзитии байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дигар амал намекунад.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ низ мегӯянд, тағийри муносибати кормандони гумрук ва марзбонони қирғиз бо ронандаҳои тоҷик ва ҷорӣ кардани боҷи роҳ онҳоро нигарон кардааст. Равшан Ҳамроев, намояндаи як ширкати сайёҳӣ мегӯяд, ҳоло ҳамроҳ бо чаҳор ширкати дигар дар пайи омода кардани мактуб ба сафорати Қирғизистон ҳастанд, ки ин тағийрро ба онҳо шарҳ диҳад. Ӯ мегӯяд, ин амал ба соҳаи ҷаҳонгардии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа зарба мезанад: “Хатсайри Душанбе -- Мурғоб ва аз он ҷо бо убури ду ноҳияи Қирғизистон тариқи ноҳияи Ҷиргатол ба Душанбе ворид шудан барои сайёҳон як хатсайри ҷолиб аст. Ин ҳам ба манфиати қирғизу тоҷик аст. Агар мо онро дигар кунем, масир дилгиркунанда мешавад,” -- гуфт Равшан Ҳамроев

Вазъияти нав дар марзро Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон шарҳ дода натавонист, аммо ваъда дод, ки ин мавзӯро пайгирӣ хоҳад кард. Нурбулат Депоев, як масъули сафорати Қирғизистон рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол ба онҳо хабари расмие дар бораи тағйири кори Хадамоти гумрук ва ситонидани боҷи гумрукӣ нарасидааст. “Мо то ҳол аз ин, ки кормандони гумрук аз ронандагон мабалағ мегиранд, хабар надорем, вале ин мавзӯъро таҳқиқ хоҳем кард, ки гуфтаи ронандаҳо то куҷо дуруст аст. Агар кормандони гумрук ба ронандаҳо барои маблағе, ки мегиранд, расид диҳанд, пас он қонунӣ ҳаст. Шояд тағийре шуда бошад, вале то кунун расман ба дасти мо чизе нарасидааст,” -- гуфт ин намеояндаи сафорати Қирғизистон. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки он низ аз ҷорӣ шудани боҷи роҳ дар қаламрави Қирғизистон изҳори бехабарӣ карданд.

Қирғизистон бо Тоҷикистон аз тариқи ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ва чанд ноҳияи вилояти Суғд гузаргоҳи расмӣ дорад. Бар асоси иттилои ширкатҳои сайёҳӣ аз тариқи гузаргоҳи Мурғоб дар фасли тобистон рӯзе то даҳ мошини сабукрав вориди Қирғизистон мешаванд, ки ба интиқоли сайёҳон машғуланд.

XS
SM
MD
LG