Табибони тоҷик сабаби марги Файзиниссо Воҳидова, вакили шинохта ва фаъоли ҷомеаи маданиро шарҳ дода, бемории ҷигарро омили асосии даргузашти ӯ номбар карданд.
Табибоне, ки Воҳидоваро муолиҷа кардаанд, рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Файзиниссо Воҳидова, ки “як баста” беморӣ дошт, ва ӯ бар асари хуруҷи бемории сиррози ҷигар, фавтид.
Хуршед Оқилов, табиби шифохонаи марказии шаҳри Хуҷанд, ки Файзиниссо Воҳидова онҷо як ҳафта дар моҳи декабр муолиҷа шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Ҷой доштани хунравии дарунӣ, бемор зардпарвини музмин дошт ва гузариш ба сиррози ҷигар шуд. Баъдан ба хунравӣ дар меъда ва сурхрӯда сабаб шуд. Фавт аз ин беморӣ аз 80 то 90 дар сад аст “.
Вакили 55-солаи тоҷик шаби 3-уми январ дар шифохонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд даргузашт.
Набиҷон Рауфов, табиби шифохонаи хусусии “Наргис”, ки вакили дифо барои муолиҷа ба онҷо мерафтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли 2015 ҳангоми ташхис маълум карданд, Файзиниссо Воҳидова, бемории Гепатити B дорад ва солҳои баъдӣ аз ӯ пурсиданд, ки оё муолиҷа гирифтааст, ё не.
Гуфт, ки беаҳамиятӣ карда, ба муолиҷа аҳамият надодааст
“Муаллима гуфт, ки не аҳамият надодам, серкор будам, баъдан бемории гепатиташон авҷ гирифт” – гуфт Набиҷон Рауфов ба Радиои Озодӣ. Табиби тоҷик дафтари таърихи бемории Файзиниссо Воҳидоваро ба хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод. Ӯ гуфт, “агар шумо табиб бошед, худатон инро мефаҳмед.”
Ба қавли Хуршед Оқилов, табиби шифохонаи марказии шаҳри Хуҷанд, баъди бистарӣ шудани Файзиниссо Воҳидова, аз ӯ пурсидаанд, ки оё гипатитро муолиҷа карда буд. Воҳидова гуфтааст, ки "не".
Хуршед Оқилов афзуд, Файзиниссо Воҳидова бояд дар сабти шифохонаи бемориҳои сиротяӣ мебуд ва ҳар сол ҷигараш ду дафъа муолиҷа мешуд, вале ин корро накардааст. Таҳмина Раҳимова, аз хешовандони Файзиниссо Воҳидова рӯзи 7-уми январ гуфт, ки дар воқеъ ӯ “бемории гепатит дошт.”
Файзинисо Воҳидовро рӯзи 17-уми декабр бо бемории илтиҳоби шуш дар шифохонаи хусусии “Наргис” бистарӣ шуд, вале 25-уми декабри соли 2018 бинобар беҳтар нашудани вазъи сиҳатиаш ӯро ба бахши эҳёгарии беморхонаи шаҳрии Хуҷанд бурдаанд.
Хуршед Оқилов, табиби беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, “Аз номураттабии кори ҷигар ва шуш охирин рӯзҳои зиндагиашон кори дилу рагҳо ва гардиши хуни Воҳидова низ сахт халалдор шуда буд. Бо вуҷуди табобат вазъашон вазнин мемонд.”
Табибон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳарчанд такон додани бемори вазнине ба мисли Файзиниссо Воҳидова мумкин набуд, аммо хешовандонаш хостанд, ӯро ба хона баранд.
Сару садоҳо дар бораи марги шубҳабарангез
Баъди гирифтани забонхати расмӣ аз писараш табибони шуъбаи эҳёгарии шифохонаи Хуҷанд иҷоза додаанд, ки Файзиниссо Воҳидоваро ба хона баранд.
Аммо ӯро на ба хона балки ба шифохонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурдаанд. Ба назар мерасад, хонаводаи вакил бовар дошт, ки дар ин бемористон ӯро беҳтар табобат мекунанд. Аммо ӯ соати 2 -и бомдод дар бемористон ҷон дод.
Табибон дар ҳоле сабаби даргузашти Файзиниссо Воҳидоваро шарҳ доданд, ки иддае аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Фейсбук, марги ӯро шубҳабарангез ва ғайритабиӣ номидаанд.
Файзиниссо Воҳидова яке аз вакилони шинохтаи Тоҷикистон ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки камбудиҳои ҳукуматро бепарда мегуфт ва бархӯрди мақомоти интизомӣ бо маҳбусон ва ҳукмҳои додрасҳоро танқид мекард.
Ӯ борҳо барои баёнияҳои тундаш ба идораҳои интизомӣ даъват шудааст ва ба тавре худаш гуфта буд, соли 2017 хуруҷи ӯ аз Тоҷикистон мамнуъ шуд.